Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАРБИЯИ ЭРОНӢ

ТАРБИЯИ ЭРОНӢ

ТАРБИЯИ ЭРОНӢ, як тарзи тарбияро гӯянд, ки дар байни тоҷикону форсҳо то ахди ислом маъмул буда, унсурҳои ҷудогонааш то замони мо боқӣ мондаанд; дар андарзнома, корнома ва оинномаҳои бостонӣ зикр шудааст. Ростию дурустӣ ва тартибу танзим сифатҳои умдаи наврасон ба шумор мерафт. Дар Виспарад омада, ки «роҳи ҷаҳон якест ва он роҳи ростист, роҳҳои дигар ҳама бероҳаанд». Геродот зикр кардаст, ки «эрониён ба фарзандони худ ғолибан се чиз — ростӣ, аспсаворӣ ва тирандозиро таълим медиҳанд».
Баробари тарбияи ҷисмонию равонӣ касби сифатҳои ахлоқӣ низ аз шартҳои зарурии тарбия ба ҳисоб мерафт.

tarbiyai-eroni

Онҳо, пеш аз ҳама маниши покро, ки мазҳари андешаи нек аст, тарғиб менамуданд. Ба кор андохтани ҳамаи қувваи инсон бидуни ғараз (барзгар барои беҳбудии хонаводаи худ, султон барои беҳбудии раият ва ғайра) баргузидагии тарбияро ифода мекард, Таъкид шудаст, ки инсон ҳар қадар дар роҳи таълиму тарбия пеш равад, ҳамон қадар фурӯтан мешавад ва аз худхоҳӣ дур мегардад. Камолоти моддию ҷисмонии инсонро манбаи саодат медонистанд ва якеро бе дигаре ноқис мешумориданд. Муҳаққиқи муосири немис Адолф Рутш ҳамин масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода навиштааст: «Чизе, ки дар таърихи Осиёи Миёнаю Эрон аз ҳама беш ҷолиби таваҷҷӯҳ буд ва рӯҳи маънавии мардумони эронинажодро дар зиндагии иҷтимоии онон муҷассам менамояд, тарзи таълиму тарбияи онҳост. Ин таълиму тарбия аз туфулият дар рӯҳи ҷавонон маншаи эҳсосоти некӣ гардида, эшонро дар ҳар кор ба шоҳроҳи ростӣ роҳнамоӣ менамуд, аз ибтидо қувваи равонӣ ва ҷисмонии эшонро муҳайёи кор намуда, ҷомеаи саҳеҳу солиме тарбият менамуданд».
Рукнҳои назарин тарбияи эронӣ дар осори фалсафию этикаи Абӯалии Сино, Абӯнасри Форобӣ, Насируддини Тӯсӣ. Ҷалолудини Даввонӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигарон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Нуктаҳои муҳимми тарбияи эронӣ дар навиштаҳаи манзуму мансури Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хисрав, Саъдӣ, Ҷомӣ ва дигарон инъикос ёфтаанд. Нигаред низ «Ахлоқи Мӯҳсинӣ», «Ахлоқи Носирӣ», «Ахлоқи Ҷалолӣ» ва ғайра М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …