Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ТАРБИЯИ ЭРОНИ

ТАРБИЯИ ЭРОНИ

ТАРБИЯИ ЭРОНИ, як тарзи тарбияро гуянд, ки дар байни точикону форсхо то ахди ислом маъмул буда, унсурхои чудогонааш то замони мо боки мондаанд; дар андарзнома, корнома ва оинномахои бостони зикр шудааст. Ростию дурусти ва тартибу танзим сифатхои умдаи наврасон ба шумор мерафт. Дар Виспарад омада, ки «рохи чахон якест ва он рохи ростист, роххои дигар хама берохаанд». Геродот зикр кардаст, ки «эрониён ба фарзандони худ голибан се чиз — рости, аспсавори ва тирандозиро таълим медиханд».
Баробари тарбияи чисмонию равони касби сифатхои ахлоки низ аз шартхои зарурии тарбия ба хисоб мерафт.

tarbiyai-eroni

Онхо, пеш аз хама маниши покро, ки мазхари андешаи нек аст, таргиб менамуданд. Ба кор андохтани хамаи кувваи инсон бидуни гараз (барзгар барои бехбудии хонаводаи худ, султон барои бехбудии раият ва гайра) баргузидагии тарбияро ифода мекард, Таъкид шудаст, ки инсон хар кадар дар рохи таълиму тарбия пеш равад, хамон кадар фурутан мешавад ва аз худхохи дур мегардад. Камолоти моддию чисмонии инсонро манбаи саодат медонистанд ва якеро бе дигаре нокис мешумориданд. Мухаккики муосири немис Адолф Рутш хамин масъалахоро мавриди барраси карор дода навиштааст: «Чизе, ки дар таърихи Осиёи Миёнаю Эрон аз хама беш чолиби таваччух буд ва рухи маънавии мардумони эронинажодро дар зиндагии ичтимоии онон мучассам менамояд, тарзи таълиму тарбияи онхост. Ин таълиму тарбия аз туфулият дар рухи чавонон маншаи эхсосоти неки гардида, эшонро дар хар кор ба шохрохи рости рохнамои менамуд, аз ибтидо кувваи равони ва чисмонии эшонро мухайёи кор намуда, чомеаи сахеху солиме тарбият менамуданд».
Рукнхои назарин тарбияи эрони дар осори фалсафию этикаи Абуалии Сино, Абунасри Фороби, Насируддини Туси. Чалолудини Даввони, Хусайн Воизи Кошифи ва дигарон мавриди барраси карор гирифтаанд. Нуктахои мухимми тарбияи эрони дар навиштахаи манзуму мансури Рудаки, Фирдавси, Носири Хисрав, Саъди, Чоми ва дигарон инъикос ёфтаанд. Нигаред низ «Ахлоки Мухсини», «Ахлоки Носири», «Ахлоки Чалоли» ва гайра М. Хазраткулов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …