Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ТАНСИҚУССИФОТ

ТАНСИҚУССИФОТ

ТАНСИҚУССИФОТ (арабӣ тартибдиҳӣ ва — хосиятҳо), як навъ санъати бадеист, ки мувофиқи талаби он сифатҳои ашё паи ҳам баён мешаванд. Тансиҷуссифот ду тарзи истифода дорад: Яке чида шуда омадани сифатҳои ашё:

sher
Шигарфе, чобуке, чусте, далере,
Ба ҳар оҳу ба кина тундхӯс.
(Низомӣ).
Дигаре, сифатҳо паи ҳам, ба ҳукми ибораи мусалсал меоянд:
Чӣ нон! — Рухсори хубони гуландом,
Чӣ нон!— Дар чарбу нарми магзи бодом.
Бувад сурху сафеду пухтаву нарм,
Кунад савдои ӯ бозорро гарм.
(Сайидо).
Тансиқусифот барои таъкидаш баён намудани мавзӯи тасвир аҳамиягти калон дорад. Тансиқусифотро сифатчинӣ ҳам мегӯянд. Р. Мусулмоқулов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …