Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / “ТАНҚИДИ ПРОГРАММАИ ГОТА”

“ТАНҚИДИ ПРОГРАММАИ ГОТА”

“ТАНҚИДИ ПРОГРАММАИ ГОТА”, номи як асари машҳури К. Маркс аст, ки соли 1875 иншо шуда, соли 1891 аз чоп баромадааст. Дар он принсипҳои асосии назарияи коммунизми илмӣ инкишоф дода шудаанд; таҳлили интиқодии программаи партияи сосиал-демократии Германияро дар бар гирифтааст, ки барои съезди навбатӣ дар Гота тайёр шуда буд.
К. Маркс дар ин асар хусусиятҳои асосин ду фазаи ҷамъияти коммунистӣ: сосиалиам (фазаи поёнӣ) ва косммунизм (фазаи олӣ)-ро муайян кардааст. Аз ҷумла К. Маркс тасаввуроти майдабуржуазиро дар бораи он ки гӯё дар ҷамъияти коммунистӣ маҳсулотро ба ҳама баробар тақсим мекарда бошанд, сахт танқид мекунад. К. Маркс аз таълимоти худ дар бораи давлат, ки дар асоси тадқиқи таҷрибаи революсияҳои гузашта ва муборизаи синфӣ дар ҷамъияти буржуазӣ ба вуҷуд оварда шудааст, хулюса бароварда, дар «Танқиди программаи Гота» ногузирии таърихии давраи гузаришро аз капиталиам ба коммунизм нахустин бор муқаррар мекунад ва дар айни ҳол зарурати диктатураи пролетариатро ҳамаҷиҳата асоснок менамояд. К. Маркс дар «Танқиди программаи Гота,» масъалаҳои муҳимми тактикаи муборизаи синфии пролетариатро низ мавриди баррасии назарӣ қарор дод. Ӯ ақидаи Ф. Лассалро дар боби он, ки гӯё нисбат ба синфи коргар дигар ҳамаи синфҳои боқимонда «фақат як оммаи реаксионӣ» мебошанд, рад кард. «Танқиди программаи Гота» яке аз таълифоти асосии К. Маркс мебошад. Таълимоти К. Маркс ва Ф. Энгелс оид ба масъалаи ҷамъилти коммунистӣ ва даюлат дар асарҳои В. И. Ленин, хусусан дар «Давлат ва революция» минбаъд инкишоф ёфааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …