Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАНҚИД ВА ХУДТАНҚИДКУНӢ

ТАНҚИД ВА ХУДТАНҚИДКУНӢ

tankid

ТАНҚИД ВА ХУДТАНҚИДКУНӢ, тарзу услуби ошкор намуданн зиддиятҳои инкишофи ҷамъиятӣ, яке аз принципҳои умдаи фаъолияти инқилобию дигаргунсозандаи партияҳои марксистию ленинӣ, дар ҷамъияти сосиалистӣ бошад,— тамоми халқ; яке аз қувваҳои муҳаррикаи тараққиёти ҷамъияти сосиалистӣ. Зарурати танқид ва худтанқидкунӣ аз ниҳоди диалектикии тазодҳо байни инкишофи босуръати талаботи ҷамъиятӣ ва имкониятҳои қонеъ гардондани онҳо, дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ, муборизаи байни наву кӯҳна ва хатоҳои субъектявие бармеояд, ки дар процесси инкишофи ҷамъият рӯй медиҳанд. Партияҳои марксистию леннинӣ сабабҳои содиршавии хатоиҳоро ошкор карда, барои бартараф намудани онҳо чораҳои зарурӣ мебинанд.
Танқид ва худтанқидкунӣ дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъштӣ, сиёсӣ ва истеҳсолӣ, идеология, маданият, маишат, роҳбарии партиявӣ ва давлатӣ ҷой дошта метавонад. Танқид ду шакл дорад: ҳамчун омили мубориза ба муқобили душманони сохти сосиалистӣ ва ҳамчун омили ёрӣ барои бартараф кардани камбудиҳои дохили ҷамъият. Танқид ҳамон вақт нафъовар аст, ки хайрхоҳова ва ба манфиати ҷамъият нигаронда шуда бошад. Танқид ва худтанқидкунӣ бояд дар асоси далелҳои аниқи санҷидашуда, таклифҳои асоснок ва боэътимод бурда шавад. КПСС ва Давлати Советӣ танқид ва худтанқидкунии муфидро дастгирӣ намуда, барои ривоҷи он шароит фароҳам меоваранд. Дар съездҳо, пленумҳо ва қарорҳои партия барои ошкор намудани камбудию норасоиҳо, аҳамияти ривоҷ додани танқид ва худтанқидкунӣ дар кори роҳбарин партиявӣ ва хоҷагидорӣ махсусан таъкид шудааст. Дар Конституцияи СССР қанд шудааст, ки «ҳар як гражданиии СССР ҳуқуқ дорад, камбудиҳои корро танқид кунад. Таъқиб барои танқид манъ карда мешавад…» (моддаи 49).
X. Соҳибназаров, А. Муҳаббатов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …