Маълумоти охирин

ТАЛОҚ

ТАЛОҚ (арабӣ — раҳоӣ, сар додан), дар шариат расман бекор кардани ақди никоҳро гӯянд. Ба ҳукми қонун даромадан талоқ аз амри мард вобаста аст. Агар қатъи никоҳро зан талаб кунаду мард розӣ нашавад, талоқ ба ҳукми қонун намедарояд. Қозӣ талоқро дар сурате тасдиқ мекунад, ки мард талоқро ҳангоми ҳушёру саломат буданаш гуфта, худ онро иқрор карда бошад.

talok

Талоқ якчанд навъ мешавад: Талоқи боин, ки мувофиқи шариат (баъди гузаштани иддат) баъди он ба зани пештара баргаштан мумкин нест; талоқи муборот, ки зан қисми қалини худро ба мард мебахшад ва мард низ аз он чи пештар дода буд, даст мекашад; талоқи мураллаза ё се талоқ, ки зани талоқ гирифта то ба никоҳи каси дигар даромада боз талоқ нашавад, никоҳ бо шавҳари аввалааш ҷоиз нест, онро се талоқи боин низ меноманд (нигаред Ҳалола) талоқи раҷъӣ, ки дар муддати муайян баргаштан ба зани пештара бе никоҳ мумкин аст.
Иддат мӯҳлати муайянест, ки дар давоми он зан (баъди вафоти шавҳараш ё талоқ гирифтанаш) барои шавҳар кардан ҳақ надорад. Иддат барои зани озод 4 моҳу 10 рӯз ва барои каниз нисфи ҳамин мӯҳлат муқаррар шудааст. Барои зани ҳамила то таваллуди фарзанд дввом мекунад. Дар вақти иддат зан бояд аз масрури худдорӣ кунад. Дар ин муддат зан ҳарчанд аз шавҳараш талоқ гирифта бошад ҳам, то ба охир расидани мӯҳлати муқарраршуда пурра дар ихтиёри ӯст.
Мувофиқи шариат зан низ ҳақ дорад, ки дар мавридҳои муайян талоқро талаб кунад: агар шавҳар аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи оиладорӣ баромада натавонад; барои иҷрои ӯҳдадории оилавии худ майлу рағбат надошта бошад; гирифтори касалии сирояткунанда бошад; оилаашро аз ҷиҳати моддӣ таъмин карда натавонад. Дар мавридҳои мазкур зан сабабҳои талоқро ба қозӣ арз карда, фақат бо иҷозати у аз шавҳараш ҷудо шуда метавонад.
Талоқ яке аз муҳимтарин тартиботи иҷтимоию идеологии ҳуқуқи ислом аст, ки занро дар муносибати оилавӣ дар вазъияти ниҳоят душвор мегузорад.
Баъди инқилоби Октябр қонунгузории советӣ талоқро тамоман бекор кард. Дар Шарқи исломӣ талоқ ҳанӯз ҳам ҷорист. Д. Хушқадамов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …