Маълумоти охирин
Главная / Илм / Таҷрибаи «ПОМИР»

Таҷрибаи «ПОМИР»

«ПОМИР» номи таҷрибаест, ки зимни он таъсири мутақобили зарраҳои кайҳонии энергияашон аз ҳад калон (беш аз 1014 эВ) ва ядроҳои атомии атмосферам Замни ба воситаи камераҳои рентгении эмулсионӣ омӯхта мешавад. Таҷриба соли 1971 cap шуда, дар он муассисаҳои илмии тадқиқотии СССР (аз ҷумла Инсти­тут физика ва техникаи АФ РСС Тоҷикистон) ба номи С. У. Умаров ва хориҷа (Полша) ширкат меварзанд. Зарраи кайҳонии аввала ҳангоми бо ин ё он «ядрои атомии атмосфе­раи Замин бархӯрдан як қисми энер­гияи худро сарф карда, чанд зарраи сонавӣ ба вуҷуд меоварад. Агар энергияи зарраи кайҳонии аввала баъди чунин таъсирот, ки барои тавлиди зарраҳои сонавии энергияашон бештар аз энергияи остонии қайди зарраҳои тармагӣ кофӣ бошад, вай то лаҳзаи ба асбоби санҷиш (масалан, камераи рентгении эмулсионӣ — КРЭ) расидан боз чанд зарраи сонавӣ тавлид карда метавонад.

Зарраҳои ибтидоии энергияашон аз ҳад калон дар таркиби нурҳои кайҳонӣ хеле каманд (андаряк 0,88 зарраи энергияаш беш аз 1016 эВ дар 1 сол • м2 стерадиан). Барои андӯхтани маълумоти кофии статис­тики камераҳои қайдкунандаи масоҳаташон .—-1000 м2-ро нисбат ба сатҳи баҳр ҳаддалимкон баланд ҷой дода онҳоро камаш 1—2 сол муттасил ба кор андохтан ловим меояд. КРЭ-и таҷрибаи «Помир» дар Оқархар ном маҳали ВАБК 80 км дуртар аз Мурғоб, дар баландиҳои 4370 м (599 г/см2) ва 4870 м 566 г/см2) ҷой дода шудаанд. у-квантҳо, электрондо ва поэитрондо ба КРЭ зада, тармаи электронӣ — фотон ӣ (ТЭФ) ба вуг ҷуд меовараид. Заррақои тарки- би ТЭФ-ро варақаҳо (павордо)-и рентгению эмулсионӣ ба қайд меги- ранд

Оддитарин навъи КРЭ системам қабатҳои сурбист, ки аз якдигар бо варақаҳои рентгению эмулсионӣ чу­до мебошапд. Плёнкаи рентгенӣ асетилселлюлозаест, ки 200 мкм ғафсӣ дорад ва аз дар ду тараф бо эмулсияи ғафсиаш 48 микронӣ (миқдори нисбатан зиёди бромиди нуқра) пӯшида шудааст. Ин имкон медиҳад, ки кунҷҳои афтиши зарраҳо (кунҷҳои зенитӣ ва азимутӣ) бо осони чен карда шавад.          Ф. Нормуродов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …