Маълумоти охирин

ТАЙТИ

ТАЙТИ (Таhiti), ҷазираи вулқонист дар уқёнуси Ором. Тобеи Франсия, Масоҳат 1042 км2. Аҳолиаш 84,5 ҳазор нафар (1970). Маркази маъмурӣ ва бандари асосиаш шаҳри Папеэте. Иқлимаш тропикии баҳрист. Боришоти солона 1400 мм.

tahiti

Бешаҳои сернами тропикӣ дорад. Дар пастиҳои соҳил нахли норҷил, банан, найшакар, ванил ва ананас, инчунин таро, ямс ва батат мепарваранд. Сокинони ҷазира аз баҳр марворид ва моҳӣ мегиранд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …