Олга (номи насрониаш Елена, тақрибан 890—969, Киев), княгинаи-кабири Киев, завҷаи Игор. Баъди аз тарафи древлянҳо кушта шудани шавҳараш (945) шӯриши онҳоро бераҳмона пахш намуд. Солҳои 945— 947 андозаи боҷу хироҷи древлянҳо ва новгородиҳоро муқаррар кард ва марказҳои маъмурӣ — погостҳо ташкил намуд. Олга мулки князиҳои кабири Киевро хеле васеъ кард. …
Муфассал »Олимхон
Олимхон (1880—1946), охирин амири Бухоро аз сулолаи Манғития. Олимхон баъди вафоти падараш Абдулаҳадхон (январи 1911) ба тахт нишаста, то 1 сентябри 1920 ҳукм ронд. Дар мактаби қӯшунҳои савораи Николаевски Петербург хондааст. Соли 1902 Олимхон аввал ҳокими Қаршӣ, баъдтар чун валиаҳд дар вилояти Кармина ҳоким шуд. Дар давраи ҳукмронии Олимхон тобеияти …
Муфассал »Олимпиада
Олимпиада (юнонӣ olympias), 1) мусобиқаҳоест, ки дар шаҳри Олимпияи Юнони Қадим дар дар 4 сол гузаронида мешуданд (нигаред Бозиҳои олимпӣ). Ҳисоби вақтро муаррих Тиме муайян кардааст. Соли 776 то милод соли нахустини Олимпмада ҳисоб меёбад. 2) Дар ҳаракати олимпии ҳозиразамон дар давоми 4 сол гузаронидани мусобақае, ки дар соли якуми …
Муфассал »Олигосен
Олигосен (аз олиго ва юнонӣ каinos — нав), замони (қисми) олигосен, замони охири палеоген. Истилоҳи «Олигосен»-ро бори аввал соли 1855 геологи немис Г. Бейрих ба илм ҷорӣ кардааст. Таҳнишастҳои замони Олигосенро ба ду, баъзан ба се табақа (ярус) тақсим мекунанд ва дар як табақа номи маҳаллӣ дорад.
Муфассал »Олег Святославич
Олег Святославич (миёнаи асри 11. — 4. 8. 1116), князи Руси Қадим, писари князи бузурги Киев Святослав. Соли 1073 замини Ростову Суздалро аз падар мерос гирифт, баъд князи Волин шуд. 1076 ҳамроҳи Владимир Мономах ба Чехия юриш кард. Баъди вафоти падараш (1076) мулкҳояшро аз даст дода, 1078 ба князии Тмутаракан …
Муфассал »Олег князи Руси
Олег (вафот 912), князи Руси Қадим. Бино ба маълумоти солномаҳо, хеши Рюрики нимафсонавӣ буда, баъди вафоти ӯ князи Новгород шудааст. Олег соли 882 ба замини кривичҳо юриш карда, шаҳри марказии онҳо — Смоленскро забт намуд. Олег шаҳри Любич, баъд Киевро ишғол карда, ба пойтахти давлати худ табдил дод. Солҳои 883—885 …
Муфассал »Октябристҳо
Октябристҳо, «Иттифо қи 17 о к т я б р », партияи контрреволю- тсионии помещикони калон ва буржуазияи тиҷоратию саноатӣ дар Россия, қаноти роста либерализми Россия. Партиям Октябристҳо баъди нашри Манифест 17 октябри 1905 (номаш аз ҳамин ҷост), аввалҳои ноябри 1905 аввал дар Москва, баъд дар Петербург ба вудуд омада, …
Муфассал »Окказионализм
Окказионализм (аз лотинӣ осса- sio, occasionis — ҳодиса, баҳона), равияи фалсафаи асри 17-и Европаи Fapбӣ, ки масъалаи таносуби руҳу ҷисмро (фалсафаи дуалистии Р. Декарт ба миён гузошта буд) ба таври идеалистӣ ҳал менамуд. Намояндагонаш И. Клоуберг, А. Гейлинкс, Н. Малбраяш буданд. Нотавонии дуализми декартчигӣ дар таъбири таъсири рӯҳ ба ҷисм …
Муфассал »Ойротҳо
Ойротҳо, номи муғулҳои ғарбист (дэрбетҳо, баитҳо, торгутҳо, хошутҳо, захчиҳо ва ғайра), ки дар гузашта муттаҳид буданд. Асри 17 як қисми Ойротҳо ба маҳали Кукунор, дигаре ба ҳудуди Россия кӯчида, номи қалмоқҳоро гирифтанд, гурӯҳи сеюм аҳолии асосии хонии Ойротро ташкил дод. Дар Республикаи Халқии Монголия истилоҳи «Ойротҳо» аҳамияташро гум кардааст. Гурӯҳи …
Муфассал »Оини Акбарӣ
«Оини Акбарӣ» асари энсиклопеди, таълифи Абулфазл ибни Муборак Алломӣ (вафот соли 1602), олим, таърихнавис ва вазири Акбаршоҳ (1556—1605). «Оини Акбарӣ» ҷилди сеюми таркибии «Акбарнома»-и ҳамон муаллиф ба шумор меравад. Ҷилдҳои якум ва дуюми «Акбарнома» ба таърихи салтанати Акбар то соли 47-уми ҳукмронии он бахшида шудаанд. Ҷилди сеюми ин асар аз …
Муфассал »