Абдураҳмонов Неъматҷон (1905, Конибодом – 1985, Душанбе), Каҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957). Фаъолияти меҳнатиашро аз коргари корхонаи консерви Конибодом ва кони нефти САНТО (1924 -1931) оғоз намуда, дар Мактаби Ҳизби коммунистии Комитети Марказии ВКП (б) (шаҳри Москва) таҳсил кард (1931 – 1933). Минбаъд мудири шӯъбаи комитети Ҳизби коммунисти ноҳияи Кангурт, котиби …
Муфассал »Абдураҳмонов Муин
Абдураҳмонов Муин Камолович (таваллудаш 30. 11. 1933, Бухоро), акушер-гинеколог, доктори илмҳои тиб (1971), профессор (1990), Аълочии тандурустии СССР. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Сталинобод (1951) ва факултети тибби ҳарбии Донишкадаи давлатии тиббии шаҳри Куйбишеви Федератсияи Россия (1957). Духтури ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Демократии Германия (1958 – 1959). Аспиранти Институти тибби кишварии АИ …
Муфассал »Абдураҳмонов Гурез
Абдураҳмонов Гурез (1915, Ёвон – 2. 2. 1974. собиқ ноҳияи Куйбишеви вилояти Хатлон), сарояндаи тоҷик, Коркуни хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон (1971). Иштирокчии ҶБВ (1941 – 1945). Санъати сарояндагиро худомӯзӣ карда, сипас яке аз пайравони услуби Ҷӯраев Шариф гардидааст. Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш узви бисёр дастаҳои ҳаваскорони санъат ва роҳбари клубу …
Муфассал »Абдураҳмонов Аскар
Абдураҳмонов Аскар (таваллудаш 15 3.1937, деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон), санъатшинос, профессор (1993), Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1991). Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Москва (1960). Муддате дар театри мусиқию мазҳакавии вилоятии шаҳри Хуҷанд ва Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ чун актёр …
Муфассал »Абдураҳимова Қумрихон
Абдураҳимова Қумрихон (таваллудаш 1927, шаҳри Чимкенти Қазоқистон), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Колхозчӣ, сардори звено (1943 – 1954) ва коргари колхози «Ленинград»-и ноҳияи Ленин (1955-1983). Аз соли 1983 нафақагири шахсӣ. Звенои Абдураҳмонова ба гирифтани ҳосили баланди пахта (1997) муваффақ шудааст. Бо орденҳои Ленин, «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми …
Муфассал »Абдураҳимов Хайриддин
Абдураҳимов Хайриддин Саидович (таваллудаш 1956, ноҳияи Вахш), арбоби низомӣ, генерал-полковник (2008). Хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии Институти давлатии педагогии Душанбе (1981). Аз соли 1982 дар мақомоти амнияти СССР ва Тоҷикистон. Дар вазифаҳои ваколатдор, ваколатдори калон, сардори шӯъба, муовини сардори раёсат, сардори раёсати амнияти Вазорати амнияти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон кор кардааст. …
Муфассал »Абдураҳимов Салом
Абдураҳимов Салом (7.6.1937, Ӯротеппа – 7. 8. 2006, Душанбе), забоншинос, номзади илмҳои филология (1968), дотсент (1990). Хатмкардаи УДТ (1958). Корманди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1958 – 1590), дотсенти кафедраи хат ва матни форсии тоҷикии ДМТ (1990 – 2004). Муаллифи зиёда аз 60 асару мақолаҳои …
Муфассал »Абдураҳимов Қудратулло
Абдураҳимов Қудратулло Саидович (таваллудаш 10. 8. 1958, ноҳияи Бохтар), педагог, доктори илмҳои педагоги (2007). Хатмкардаи филиали Институти давлатии педагогии Душанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппа (1985). Солҳои 1985 – 2000 муаллим, муаллими калон, мудири кафедраи педагогика ва психология, декани факултети педагогика, ноиби ректор оид ба таълиму тарбияи Донишгоҳи давлатии Қӯргонтеппа ба номи …
Муфассал »Абдураҳимов Зубайдулло
Абдураҳимов Зубайдулло Зиёдуллоевич (таваллудаш 29. 1. 1958, ноҳияи Варзоб), духтури кардиолог, доктори илмҳои тиб (2000), профессор (2002). Хатмкардаи факултети муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1981). Ординатор (1981 – 1983) ва аспиранти Институти ҷарроҳии дилу рагҳои ба номи А. Н. Бакулеви АИТ СССР дар Москва (1983 …
Муфассал »Абдураҳимбий
Абдураҳимбий (1700, Хуҷанд 1733, ҳамон ҷо), бдураҳимхон, фарзанди Шоҳрухбийи Атолиқ, хони Хӯқанд. Солҳои ҳукуматаш 1721 – 1733, аз сулолаи ӯзбакзабони мингҳо. Соли 1725 аз вазъи нобасомонии хонигарии Бухоро истифода бурда, бо сипоҳи 20 ҳазорнафараи худ Хуҷанд (1725), Ӯротеппа (1726) ва сипас Самарқандро (1732) тасарруф намуд. Абдураҳимбий духтари ҳокими Шаҳрисабз Олимбекро, …
Муфассал »