Маълумоти охирин
Главная / Теги: Таърих (страница 13)

Теги: Таърих

Шаҳри СИҒНОҚ

shahri-kadima

СИҒНОҚ, шаҳри қадиме буд дар ҷанубии Қизилӯрда, соҳили рости дарёи Сир. Димнаи Сиғноқ дар байни аҳолӣ бо номи «Сагонактеппа», «Сӯноқота», «Сӯноққӯргон» маълум аст. Доир ба масъалаи дар кадом давра бино ёфтани Сиғноқ маълумоти аниқе нест. Маҳмуди Қошгарӣ (асри 11) дар асарҳои худ ба дараҷаи баланд тараққӣ кардани шаҳрро қайд кардааст. …

Муфассал »

Вилояти СИСТОН

Вайронаҳои қалъаи Нусрутобод, Сиистон

СИСТОН вилояти таърихие дар ҳудуди Эрон ва Афғонистон (дар замони қадим Дрангиана низ меномиданд). Номи Систон аз номи қабилаи сакоиҳо бармеояд. Қабилаҳои ҳиндуевропоии сакоиҳо тақрибан дар миëнаҳои асри 2 то милод аз Шимол омада, дар ин ҷо маскан гирифтанд ва ба сукунатгоҳи худ Сакистон (мамлакати сакоиҳо) ном доданд (дертар Сиистон,Систон …

Муфассал »

АБРУЙ

shoh

АБРУЙ (соли таваллуд номаълум – қатл тақрибан соли 585), сарвари шӯриши бенавоёни Суғди Поён (Бухоро ва навоҳии атрофи он) дар солҳои 80 асри 6 милод ба муқобили ҳокимони маҳаллӣ. Мувофиқи маълумоти таърихнигорон Наршахӣ ва Нишопурӣ шӯриши аввал дар Бухоро ва навоҳии он cap зада, сипас шӯришчиён Пайкандро тасарруф намуданд ва …

Муфассал »

СИПОҲӢ

СИПОҲӢ номи аскари савора ва ё пиёда дар қӯшунҳон Эрон, хониҳои Осиёи Миёна. Баъзан амалдорони давлатиро низ Сипоҳ меномиданд; 2) дар армияи империяи Усмония шахсе, ки бо шартҳои муайян хизмати ҳарбиро адо мекард ва ба ивази хизмат замин мегирифт. Дар асрҳои 15—16 Сипоҳиён қисми асосии қувваҳои ҳарбии туркҳоро ташкил мекарданд; …

Муфассал »

АБИДОС

abydos-shahr

АБИДОС (юнонии қадим; номи қадимаи маҳалли Абеҷу, номи ҳозирааш Ал-Араба-ал-Мадфуна), яке аз қадимтарин шаҳрҳои Мисри Қадим, маркази бузурги динӣ (аз миёнаи асри 4 то милод). Дар соҳили ғарбии дарёии Нил воқеъ гардидааст. Абидос бо дахмаи «Гиреҳи нафас» машҳур буд, ки қибтиён ба умеди мисли худо Осирис эҳё шудан дар он …

Муфассал »

СИПАҲСОЛОР

СИПАҲСОЛОР, дар истилоҳоти ҳарбии қадим сарлашкар. Аз қадимулайём байни халқҳои форс-тоҷик тамоми ихтиёри лашкар ба дасти Сипаҳсолор буд. Замонҳои пеш Сипаҳсолор роҳбари ҳамаи армияи амалкунанда таъин мешуд. Нигаред низ Сарфармондеҳ, Сарфармондеҳи олӣ.

Муфассал »

СИНАНТРОП

СИНАНТРОП (аз лотинӣ Sina-Хитой ва юнонӣ anthrops — одам), намояндаи қадимтарин одамони ҳафриётие, ки боқимондаҳои скелети он аввалин маротиба солҳои 20 асри 20 аз ғори Коустанги наздикии стансияи роҳи оҳан Чжоукоудян, тақрибан 45 км ҷануби ғарбии Пекин ëфт шудааст. Боқимондаи косахонаи сар, ҷоғи поëн, устухонҳои узвҳои бадан ва дандонҳои зиëда …

Муфассал »

СИККА

СИККА, 1) олотест, ки бо он ба филизот мӯҳр ва ба пул зарб зананд; 2) пули филизӣ, ки ба рӯяш номи шоҳ ё тамғаи расмии давлат ё сулолаи муашш зарб шудааст; 3) роҳи росту ҳамвор, кӯча, маҳалла ва раставу бозорро гӯянд.

Муфассал »

СЕЛЕВКИЯ

СЕЛЕВКИЯ, номи як қатор шаҳрҳои эллинии замони қадим, ки Селевки I Никатор бунёд кардааст. Калонтарини онҳо Селевкияи соҳили Даҷла ва Селевкияи Пиерия буданд. Селевкияи соҳили Даҷла соли 312 то милод ҳамчун пойтахти давлати Селевкиён бунёд гардида, маркази тиҷорат ва ҳунармандии Осиёи Пеш ба шумор мерафт. Дар асри 1 милодӣ он …

Муфассал »

СЕЛЕВКИЁН

СЕЛЕВКИЁН, сулолаест, ки солҳои 312—64 то милод баъди шикасти империяи Искандари Мақдунӣ дар Осиёи Ғарбӣ ҳукмронӣ кардааст. Ҳокимони иперияи Селевкиён: Селевки I Никатор (312—280), Антиохи I Сотер (280—261), Антиохи II Теос (261— 246), Селевки II Каллиник (246—226), Селсвки III Сотер (226—223), Антиохи III Кабир (223—187), Селевки IV Филопатор (187—175), Антиохи …

Муфассал »