Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 163)

Теги: Шахсони машҳур

Наҷмиддинов Мутеулло

Наҷмиддинов Мутеулло (таваллуд 12. 9. 1927, деҳаи Варзик, райони Чусти вилояти Намангон), нависандаи советии тоҷик. Аъзои КПСС аз соли 1959. Аз оилаи мударрис. Солҳои охири чанг дар сохтмопи ГЭС-и Фарҳод кор карда, рохбарии бригадаи комсомолону ҷавононро ба ӯҳда дошт. Аз соли 1945 муаллим ва ғоибхон буд. Ниверситети Давлатии Тоҷикисто ба …

Муфассал »

Наҷмиддини Шамсиддин

Наҷмиддини Шамсиддин (фамилия Шамсиддинов, 1905, деҳаи Нигноти райони Панҷакент —1964, ҳа­мон ҷо), шоири халкии тоҷик. Падараш мулло Шамсиддин марди бо­савод буд. Наҷмиддини Шамсиддин то охири умр дар колзози ба номи Рӯдакии райони Панҷакент кор карда, дар соатҳои фароғат баҳоҳатан шеър мегуфт. Ӯ асосан ба сурудани ашъори ҳаҷвӣ майл дошта, дар …

Муфассал »

Наҷибуддини Ҷурфодқонӣ

Наҷибуддини Ҷурфодқонӣ (соли таваллуд номаъ­лум—вафот 1266, Ҷурфодқон, Эрон), шоири форс-тоҷик. Дар аксари тазкираҳо («Рӯаи равшан»-и Сабо, «Оташкада»-и Озар, «Маҷмаъ-ул-фусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят) оид ба Наҷибуддини Ҷурфодқонӣ ҳамчун шоири баркамол ва писандида маълумот дода мешавад, вале тарчумаи ҳолаш баён нагардидааст. Давраи ҷавониаш дар Бағдод гузаштааст. Дар ҳамин ҷо ба ҳамлаи урдуҳои Чингиз …

Муфассал »

Наҷибуддини Самаркандӣ

Наҷибуддини Самаркандӣ Абӯҳомид Муҳаммад ибни Алӣ ибни Умар (соли таваллуд номаълум — вафот 1222), табиб ва олими форс-тоҷик. 8 асари илмиаш маълум буда, аз онҳо «Ағазият-ул- марзо» («Хӯроки беморон»), ки дар бораи парҳез, навъҳои таом ва хусусиятҳои шифобахшии онҳо баҳс мекунад ва «Ал-асбоб ва-л-аломот» («Сабабу аломатҳои беморӣ») дар байни табибони …

Муфассал »

Наҷиби Ҳинду

Наҷиби Ҳинду (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 19. Ҳиндунажод, аз аҳли шаҳри Шоҳиҷаҳонободи Ҳиндустон буд. Ба Бухоро омада, чанде дар ин шаҳр истиқомат намуд. Дар байни аҳли фазлу дониши Бухоро шӯҳрат ёфта, дар Чамъомаду махфилҳои адабӣ иштирок мекард. Наҷиби Ҳинду ашъорашро ба забонҳои ҳиндӣ, пушту ва тоҷикӣ эҷод …

Муфассал »

Наҷиби Фарғонӣ

Наҷиби Фарғонӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 11 форс-тоҷик. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо Нақиби Фарғонӣ аз шоирони маъруфи дарбори Қарахониён будааст. Забеҳуллоҳи Сафо дар китоби «Таърихи адабиёт дар Эрон» номи Нақиби Фарғониро дар қатори шоирони бузурги он аср — Амъақи Бухороӣ, Ра­шидии Самаркандӣ, Алии Сипеҳрӣ ва дигар зикр намудааст. …

Муфассал »

Асари «Нағмаи Ушшоқ»

«Нағмаи Ушшоқ»  асарест оид ба масъалаҳои назарияи мусиқии классикии форс-тоҷик, ки ба қалами Мавлавӣ Муҳаммади Чиштӣ мансуб буда, дар Ҳиндустон дар асри 18 таълиф шудааст. Аз муқаддима ва се қисм (боб) таркиб ёфтааст. Дар муқаддима оид ба дарку эҳсос ва тафсири фарҳангии мусиқӣ ҳамчун илм ва санъати нафиса сухан меравад. …

Муфассал »

Нашъа Муҳаммадсолеҳ

Нашъа Муҳаммадсолеҳ ибни Муҳаммадмуъмин (соли таваллуд номаълум — вафот 1688, Лоҳур), шоири тоҷик. Мувофиқи маълумоти «Музокир-ул-асҳоб»-и Малеҳои Самарқан- дй Нашъа дар Самарқанд ба дуньё омада, дар ҳамин ҷо дар мадрасаи Қозӣ Абдулғафур бо тазкиранигор ҳамдарс будааст. Дар шоирӣ Нашъа шогирди шоири асри 17 Бадеи Ҷамолистонӣ буд. Пас аз афзудани зулму …

Муфассал »

Нашити Форсӣ

Нашити Форсӣ (таваллуд номаълум, Рай — вафот 712, Ма­дина), ҳофиз, мусиқишинос, навозандаи форс-тоҷик. Мусиқиро аз падараш омӯхтааст. То хуҷуми арабҳо ба Эрон Нашити Форсӣ дар дарбори Яздигурди II Сосонӣ чун мутриб хизмат карда, сарварии дастаи мусиқичиёнро ба ӯҳда дошт. Арабҳо баъди истилои Эрон Нашити Форсиро бо худ ба Ма­дина бурданд. Ӯ …

Муфассал »

Насагдорж Дашдоржийн

1

Насагдорж Дашдоржийн (тақрибан 17. 11. 1906, Баян-Дэлгэр, аймоқи Марказӣ — 13.7.1937, Улан-Батор), нависандаи муғул. Аъзои Партияи халқӣ-революционии Муғулистов аз соли 1922. Дар СССР (Ленинград, 1925) ва Германия (Берлин, Лейпциг 1926—29) таҳсил кардааст. Дар асоси пешрафти беҳтарин анъанаҳои адабиёти миллӣ ва аз худ кардани сарвати адабиёти классикию советии рус ва Европа Насагдорж …

Муфассал »