Олденбург Сергей Фёдорович (26. 9. 1863, деҳаи Бянкино, ҳозира pайони Нерчини вилояти Чита —28. 2. 1934, Ленинград), шарқшиноси советӣ, яке аз асосгузорони мактаби ҳиндушиносии рус., академики Академияи Фанҳои Петербург (1900), баъдтар Академияи Фанҳои СССР. Университети Петербургро хатм намуд (1885). Аз соли 1889 муаллим ва аз 1894 профессори ҳамин университет. Котиби …
Муфассал »Олгерд Алгирдас
Олгерд Алгирдас, князи кабири Литва дар солҳои 1345—77, писари Гедимин. Барои васеъ кардани ҳудуди Литва мубориза бурд. Иштирокчии мудорибаҳои зидди Ордени Тевтон. Соли 1363 назди Синие Води қӯшуни тоторҳоро торумор кард. Мулкҳои меросии князиҳои Чернигов — Северск, заминҳои Киев, Подолск, Волын ва дигарро забт ва князии Смоленскро ба Литва тобеъ …
Муфассал »Олга
Олга (номи насрониаш Елена, тақрибан 890—969, Киев), княгинаи-кабири Киев, завҷаи Игор. Баъди аз тарафи древлянҳо кушта шудани шавҳараш (945) шӯриши онҳоро бераҳмона пахш намуд. Солҳои 945— 947 андозаи боҷу хироҷи древлянҳо ва новгородиҳоро муқаррар кард ва марказҳои маъмурӣ — погостҳо ташкил намуд. Олга мулки князиҳои кабири Киевро хеле васеъ кард. …
Муфассал »Олтинсарин Ибрай
Олтинсарин Ибрай (20.10.1841 — 17. 7. 1889), педагог-маорифпарвар, нависанда ва фолклоршиноси қазоқ. Мактаби русиро дар Оренбург хатм кардааст. Яке аз аввалин муаллимони қазоқ. Соли 1879 инспектори мактабҳои қазоқ дар Тургай буда, системаи таълими мактабҳои қазоқиро пешниҳод кардааст. Бо фаъолият ва сарварии Олтинсарин дар вилояти Тургай 4 таълимгоҳи дусола (барои кӯдакони …
Муфассал »Оллоҳқулихон хони Хева
Оллоҳқулихон (соли таваллуд номаълум — вафот 1843), хони Хева (1825—42). Писари Мухаммадраҳимхони I. Дар давраи Оллоҳқулихон зулми феодалӣ ва ҷангҳои ғоратгарона авҷ гирифт. Ӯ ба Хуросон (5 бор) ва сарзамини туркманҳо юриш карда, онҳоро хонавайрон сохт. Қароқалпоқҳо ва туркманҳо, ки барои мустақилияти худ мубориза мебурданд, соли 1828 аз тарафи Оллоҳқулихон …
Муфассал »Олия
Олия (соли таваллуд ва вафот номаълум), мутрибаи асри 7 форс-тоҷик. Дар дарбори Хисрави Парвиз ҳунарнамоӣ мекард. Махсусан дар хондани сурудҳои маросимӣ ва таронаҳои силсилаи «Хусравонӣ»-» Борбад («Нӯшинбода», «Ҳуққаи Ковус», «Ганди бодовард») маҳорати бемисол дошт.
Муфассал »Олимҷонов Анвар
Олимҷонов Анвар (таваллуд 2.6.1930, авули Қорлиғош, ҳозира pайони Андрееви вилояти Тӯлдиқӯрғон), нависандаи советии қазоқ. Аъзои КПСС аз соли 1953. Ба забони русӣ менависад. Университети давлатии Қазоқистонро хатм кардааст (1954). Аз соли 1955 муҳаррири газ. «Ленинская смена» ва мухбири «Литературная газета» дар Қазоқистон буд. Солҳои I960—70 ҳодими масъули киностудия» «Қазоқфилм», мухбири …
Муфассал »Олимӣ Қутбиддин
Олимӣ Қутбиддин (1. 5. 1908, Хуҷанд—3. 3. 1970, Душанбе), кинорежиссёри советии тоҷик. Ходими Хизматнишондодаи Санъати Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1958). Яке аз аввалин кормандони кинои тоҷик. Дар курси киноактёрони шаҳри Душанбе ва баъдтар дар Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский таҳсил кардааст. Шавқу ҳаваси Олимиро ба санъати …
Муфассал »Олимхон
Олимхон (1880—1946), охирин амири Бухоро аз сулолаи Манғития. Олимхон баъди вафоти падараш Абдулаҳадхон (январи 1911) ба тахт нишаста, то 1 сентябри 1920 ҳукм ронд. Дар мактаби қӯшунҳои савораи Николаевски Петербург хондааст. Соли 1902 Олимхон аввал ҳокими Қаршӣ, баъдтар чун валиаҳд дар вилояти Кармина ҳоким шуд. Дар давраи ҳукмронии Олимхон тобеияти …
Муфассал »Олимхон хони Қӯқанд
Олимхон (соли таваллуд номаълум —вафот 1810), хони Қӯқанд, ки солҳои 1801—10 ҳукм рондааст. Писари Норбӯтабий аз сулолаи Мингҳо. Тамоми умрашро дар ҷангу талош бо ҳамсояҳо ва бартараф кардана низоъҳои дохилӣ гузаронид. Дар аҳди Олимхон Фарғона, Тошкент, Чимкент ба хонии Қӯқанд ҳамроҳ карда шуданд. Сиёсати истилогаронаи Олимхон, ки мехост давлати пурқуввати …
Муфассал »