Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 134)

Теги: Шахсони машҳур

Османова Зоя Григоревна

Османова Зоя Григоревна (таваллудаш 13. 4. 1924, Боку), шарқшинос-эроншиноси советӣ, доктори илмҳои филологӣ (1972). Аъзои КПСС аз соли 1963. Институти шарқшиносии Москваро хатм кардааст (1947). Аз соли 1954  ходими илмии Ин­ститути адабиёти ҷаҳонӣ ба номи А. М. Горкий. О. доир ба таърихи адабиёти форс-тоҷик ва назарияи адабиёти сермиллати советӣ бештар …

Муфассал »

Осимов Муҳаммад

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович, тахаллусаш Осимӣ (таваллудаш 1.9.1920, Хуҷанд, ҳозира Ленинобод), файласуфи совети то­ҷик, доктори илми фалсафа (1971), профессори (1971), аъзо-корр. АФ СССР (1974), акад. АФ РСС Тоҷ. (1965), Ходими Хизматнишондодаи Илми РОС Тоҷ. (1078). Аъзои КПСС азс. 1945. С-ҳои 1934— 37 дар рабфаки ш. Ленинобод таҳсил карда, 1941 шӯъбаи физикаю …

Муфассал »

Осим Ҳоҷииброҳими Бухороӣ

Осим Ҳоҷииброҳими Бухороӣ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1905), шоири тоҷик. О. аз оилаи сарватманд буда, дар хурдсолӣ аз падару модар ятим мондааст. Дар Мадраса таҳсил кардааст. О. аз шарикдарсони устод Айнӣ буд. Ҳангоми таҳсил дар Мад­раса машқи шеър кардааст. Дар шеър таълими Мулло Холӣ ном шоири ӯротеппагиро гирифтааст. Аммо …

Муфассал »

Осафии Ҳиравӣ

Осафии Ҳиравӣ (1449, Ҳирот — 1517, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Дар зодгоҳаш таҳсили илм кардааст. Осафии Ҳиравӣ соҳиби зеҳни салим ва табъи баланд буда, дар доираи адабии Ҳирот, ки ба он Ҷомӣ сарварӣ мекард, мақоми хос дошт. Осафии Ҳиравӣ яке аз шогирдони бомаҳорати Ҷомӣ буд. Аксари тазкиранигорон ӯро яке аз …

Муфассал »

Осаф

Осаф номи вазири Сулаймон. Вазири хирадманду ботадбир, кордо­ну бомаърифате буда, корҳои давлатиро ба тартибу танзим оварда буд. Осаф дар адабиёти классикии араб ва форс-тоҷик яке аз образҳои бадеии маъмул, тимсоли доноиву ботадбир дар корҳои идораи давлат (вазорат) мебошад.

Муфассал »

Орҷоникидзе Григорий

Орҷоникидзе Григорий

Орҷоникидзе Григорий Констан­тинович (Серго) [24, 10. 1886. деҳаи Гореш, уезди Шорапани губурнияи Кута­иси, ҳозира райони Орҷоникидзеи Республикаи Советии Сотсиалисти  Гурҷистон— 18. 2. 1937, Москва, ҳодими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи дворянин. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1903. Солҳои 1901— 05 дар мактаби фелдшерии Тбили­си таҳсил кардааст, дар кружокҳои сотсиал-демократ …

Муфассал »

Орӣ Саидаҳмад

Орӣ Саидаҳмад ибни Шоҳабдурадим (1884—1918, Қалъаихум), шоири тоҷик. Дар Дарвоз ба дунё омада, ҳамон ҷо касби камол кардааст. Дар шеъру шоирӣ шавқу завқи зиёде дошта, шеърҳояш дар байни халқ маъмулу мақбул гаштаанд. Ашъори Орӣ дар баёзу маҷмӯаҳои қа­ламӣ дарҷ гардидаанд.

Муфассал »

Ортиқов Ғафурҷон

Ортиқов Ғафурҷон (1903, деҳаи Фирӯзобаи райони Конибодом — 6. 6. 1956, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотси­алистӣ (1948), Устоди пахтаи Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон (1947). Аъзои КПСС аз соли 1932. Солҳои 1920—23 чоряккор, 1928—29 иштирокчии фаъоли ҳаракати кол­лективонии хоҷагии қишлоқ, 1929—31 аъзои нахустин артели хоҷагии қишлоқ «Озодӣ» дар Кони­бодом, 1931—32 …

Муфассал »

Ортиқов Болта

Ортиқов Болта (таваллуд 5. 5. 1924, Самарқанд), нависандаи советии тоҷик. Аз оилаи музадӯз. Соли 1952 фак­ултаи забон ва адабиёти Институти педагогии Самарқандро ба итмом расонд. Муддате муаллими мактабҳои миёнаи райони Орҷоникидзеободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва пас мудири шуъбаи мактабҳои журнали «Пионер» (ҳоло «Машъал») ва мухбири махсуси газетаи «Маориф ва …

Муфассал »

Ортиқбоев Абдуллоҷон

Ортиқбоев Абдуллоҷон (таваллуд 25. 9.1925, шаҳри Конибодом), ҳодими ҳарбӣ, генерал-майор. Аа оилаи коргар. Аъзои КПСС аз с. 1947. Дар мактаби миёнаи ба номи Наримонови Кони­бодом таҳсил кардааст. 10 феврали 1943 комиссариати Харбии Конибодом Ортиқбоевро ба сафи Ар­мияи Советӣ даъват намуд. Ҳамчун аскари сурх дар шаҳри Самарқанд дар полки тирандозӣ хизмат …

Муфассал »