Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 127)

Теги: Шахсони машҳур

Оқомуҳаммадхони Қоҷор

Оқомуҳаммадхони Қоҷор (1742—1797), шоҳи Эрон (1776—97), асосгузори сулолаи Қоҷориён. Ӯ сарвари муборизаи феодалҳои қоҷор ба муқобили зандхо буд, ки соли 1794 бо ғалабаи қоҷорҳо анҷом ёфт. Соли 1786 Теҳронро пойтахт эълон кард. Нисбат ба душманони худ ва шӯришгарон беамон буд. Соли 1795 ба Озарбойҷон ва Гурҷистон тохта, Тбилисиро тороҷ на­муд. …

Муфассал »

Оқомуҳаммади Наққош

Оқомуҳаммади Наққош (соли таваллуд номаълум, Исфаҳон — вафот номаълум, Табрез), хат­тот, мусаввир ва наққоши охири асри 15 ва аввал асри 16 форс-тоҷик. Яке аз намояндагони барҷастаи мактаби минётури Исфаҳон. Санъати тасвирӣ ва хаттотиро дар зодгоҳаш омӯхта, ба­рои такмили маҳорат ба Ҳирот, Бухоро, Ироқ рафтааст. Оқомуҳаммади Наққош дар санъ­ати минётурнигорӣ ва …

Муфассал »

Оқомираки Исфаҳонӣ

Оқомираки Исфаҳонӣ (соли таваллуд номаълум, Исфаҳон — вафот. номаълум, Ҳирот), мусаввир ва хаттоти асри 15 форс-тоҷик. Санъати хаттотӣ, наққошӣ, ҷадвалкашӣ ва манзаранигориро дар Исфаҳон, Табрез ва Ҳирот омӯхта, дар китобхонаҳои Табрезу Қазвин суратгарӣ кардааст. Дар ин бора дар «Тӯҳфаи Сомӣ»-и Соммирзо, «Ҳоло­ти ҳунарварон»-и Дустмуҳаммад ва «Таърихи оламорои Аббосӣ»-и Ис­кандари Муншӣ …

Муфассал »

Оқилов Саидолим

Оқилов Саидолим (1904, дедаи Қулангири ҳозира pайонини Хуҷанди вилояти Ленинобод — 1977, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони ;; Меҳнати Сотсиа- : листӣ (1952). Аъзои КПСС аз соли 1945. Солҳои 1922—24 чоряккор, 1924 —32 колхозчӣ, 1932—33 сардори бригадаи пахтакорӣ, 1933—37 раиси колхоз, 1937—65 мудири участка, 1965—68 аъзои ко­миссияи тафтишотии колхози ба номи …

Муфассал »

Оқилов Пӯлобой

Оқилов Пӯлобой (1898, деҳаи Оқариқи ҳозира pайони Хуҷанди вилояти Ленинобод — 1970, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиа­листӣ  (1948). Аъзои КПСС аз соли 1936. Солҳои 1924—29 чоряккор, 1930 —37 сардори зве­нои пахтакорӣ, 1937—40 дар сафи Армияи Советӣ, 1941—45 ишрокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 1945—56 сардори бригадаи пахтакории колхози ба номи С. …

Муфассал »

Оқила

Оқила (соли таваллуд ва вафот номаъ­лум) , мутрибаи асрҳои 8—9 форс-тоҷик. Яке аз ҳофизон ва машшоқони номдори замонааш буд. Аз созҳои мусиқӣ чангро хеле некӯ менавохт.

Муфассал »

Оғоҷии Бухороӣ

Оғоҷии Бухороӣ Абулҳасан Алӣ ибни Илёс (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 10 форс-тоҷик. Дар «Оташкада»-и Лутф-алибеки Озар ва баъзе тазкираҳои дигар Оғоҷии Бухороӣ ҳамчун шоири маъруфу машҳури замон (бе шарҳи тафсилоти зиндагиаш) зикр ёфтааст. Оғоҷии Бухороӣ дар шеъри форсӣ ва арабӣ даст доштааст. Аз осораш баъзе абёту қитаоти …

Муфассал »

Оғо Мирзо

Оғо Мирзо, (соли таваллуд номаълум — вафот 1858), хаттоти асри 19 Ҳиндустон. Дар хати настаълиқ маҳорат дошта, шогирди Саид Амири Разавӣ будааст. Настаълиқро ба услуби Абдуррашиди Дайламӣ менавишт. Аз осори китобати ӯ ду қитъа дар Музеи Панҷоби Лоҳур ва Музеи бостоишиносии Деҳлӣ маҳфуз аст.

Муфассал »

Оятии Ҳиравӣ

Оятии Ҳиравӣ Мавлоно (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 15 форс-тоҷик. Дар Ҳирот зиндагӣ карда, бо аҳли адаби он ҷо алоқаи зич доштааст. Ояти Ҳиравӣ дар шеър «Наргисӣ» ва «Оятӣ» тахаллус кардааст. Ба қавли муосиронаш ӯ ҳар ҷо мазмуни борике дар шеъри дигарон меёфтааст, онро фавран назм мекардааст. Оятии …

Муфассал »

Оят Домулло Абдушукур

Оят Домулло Абдушукур (1816, Бухоро — 1889, ҳамон ҷо), шоир ва олими тоҷик. Аз оилаи чармгар. Падари Шарифҷон-махдуми Садри Зиё. Аз соли 1885 то охири умр қозикалони Бухоро буд. Оят мувофиқи маълумоти Айнӣ аз ҷумлаи мударрисони машҳури Бухоро, аз «мутафарридини устодҳои замони худ» ба шумор мерафт. Супоришҳои дипломатиро ҳам ба …

Муфассал »