Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 116)

Теги: Шахсони машҳур

БОЙМУРОДОВ Эшниёз

images

БОЙМУРОДОВ Эшниёз (4.4.1945, деҳаи Дарбанд, ви­лояти Сурхондарё, Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 30.7.2005, Душанбе), физики тоҷик, доктори илмҳои техникӣ (1999). Баъди хатми Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шев­ченко (1967) фаъолияти илмиашро дар вазифаи ассистенти кафедраи физика оғоз  намуда, сипас, дар аспирантураи ҳамин институт таҳсилро давом додааст. Аз соли 1978 …

Муфассал »

БОЙМУРОДОВ Равшан

images

БОЙМУРОДОВ Равшан (1891 – фавт номаълум), ширкатдори фаъоли барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокими­яти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ. Аз оилаи камбағал. Узви ҳизби коммунистӣ аз соли 1918. Дар арафаи Ин­қилоби Октябр дар корхонаҳо ва роҳи оҳани Каркӣ кор карда, бо гурӯҳҳои болшевикӣ шинос шуд ва ба ҳаракатхои инқилобӣ пайваст. Солҳои 1917-20 …

Муфассал »

БОЙМАТОВА Энаҷон

images

БОЙМАТОВА Энаҷон (1923, деҳаи Пулодони ноҳияи Конибодом – 17.1.2011, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1960). Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон (1907). Фаъолияти меҳнатиашро солҳои 1935-42 аз колхозчии одӣ шурӯъ намуд. Солҳои 1943-56 сардори бригадаи пахтакорӣ ва аз соли 1957 раиси колхози «Москва»-и ноҳияи Конибодом буд. Саҳми Бойматова дар рушди пахтакорӣ, …

Муфассал »

БОЙМАТОВ Пирмат

images

БОЙМАТОВ Пирмат (1910, деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ – 1984, ҳамон ҷо), сароянда, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1963), Муаллими хидматнишондодаи мак­таби ҶШС Тоҷикистон (1960). Хатмкардаи Дорулмуаллимини Тошканд (1931), Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент (1941) ва Институти муаллимии Самарқанд (1954). Бойматов баробари таълими фанҳои гуногун солҳои зиёд ба маҳфили ҳаваскорони санъати мактаб роҳбарӣ …

Муфассал »

БОЙМАТОВ Камолиддин Ҳамроевич

images

БОЙМАТОВ Камолиддин Ҳамроевич (24.6.1950, деҳаи Домбраи ноҳияи Восеъ – 4.2.2006, Душанбе), риёзидони тоҷик, академики АИ Тоҷикистон (2001). Хатмкар­даи факултаи механикаву математикаи Университети давлатии Маскав ба номи М. В. Ломо­носов (1971), солҳои 1971-74 аспиранти ҳамин университет буд. Соли 1974 рисолаи номзадӣ ва соли 1982 рисолаи докториро дар мавзӯи «Асимптотикаҳои спектралии операторҳои …

Муфассал »

БОЙМАТОВ Алиҷон Азизович

images

БОЙМАТОВ Алиҷон Азизович (таваллуд 12.6.1945, Ленинобод), иқтисоддон, профессор (1991), доктори иилмҳои иқтисод (1998). Хатмкардаи УДТ (1966). Солҳои 1966-84 корманди илмӣ, мудири шуъба ва директори Филиали тоҷикистонии Институти умумииттифоқии тадқиқоти илмӣ оид ба омӯзиши талабот ва вазъи савдо дар шаҳри Душанбе, 1984- 2001 ходими илмӣ ва мудири шуъбаи Пажуҳишгоҳи иқтисодиёти АИ …

Муфассал »

БОЙЛ Ҷон Эндрю

images

БОЙЛ Ҷон Эндрю ( 10.3.1916-19.11.1978, Манчестер), шарқшиноси англис. Профессори Донишгоҳи Манчестер (1966). Падараш китобфурӯшу китобшинос буд, осори адабиро аз забонҳои лотинӣ, фаронсавии қадим, испониёӣ, пор- тугалӣ ба англисӣ тарҷума мекард. Бойл таҳсили ибтидоиро дар назди падараш оғоз  карда, забонҳои лотинӣ ва юнониро омӯхт. Дар Донишгоҳи шаҳри Бирмингем як сол забони …

Муфассал »

БОЙЛ Роберт

robert-boyl

БОЙЛ Роберт (25.1.1627, Лисмор, Ирландия – 30.12. 1691, Лондон), физик ва кимиёдони англис. Маълумоти ибтидоиро дар хона гирифтааст. Дар синни 12-солагӣ барои идомаи таҳсил ба шаҳри Женева фиристода шуда, сипас, дар вақти саёҳат ба Итолиё ва Фаронса маълумоташро мукаммал кардааст. Баъди бозгашт ба Ирландия аз соли 1654 дар Оксфорд маскун …

Муфассал »

БОЙДУХОН

images

БОЙДУХОН (фавт 4.10.1295), шашумин хони Элхонони Эрон аз сулолаи Ҳулогуиҳо. Писари Тарағай ва набераи Ҳулогу. Баъд аз кушта шудани Гайхотухон (24 марти 1295) бо ёрии Тағоҷор ба тахти подшоҳӣ нишаст. Аммо шохзода Ғозон ба хотири интиқоми хуни амакаш Гайхо­тухон бо ёрии амири Наврӯз аз Хуросон бар зидди Бойдухон бархост. Ҷанг …

Муфассал »

БОЗОРОВ Неъмат Исмоилович

images

БОЗОРОВ Неъмат Исмоилович (таваллуд 1.4.1954, Деҳнави вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон), ҷарроҳ-онколог, д. и. тиб (1998), профессор (2001). Хатмкар­даи факултаи муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1977). Ҷарроҳ-онкологи Диспансери клиникии онкологии ҷумҳуриявӣ (1977-81), ординатори клиникии кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии Институти маркази такмили ихтисоси духтурони шаҳри …

Муфассал »