Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 104)

Теги: Шахсони машҳур

МУИНЗОДА Мунирхон

person

МУИНЗОДА Мунирхон (1909, Xyҷанд —1973, ҳамон ҷо), яке аз ав­валин ҳодимони адабиёт ва матбуоти тоҷик. Таҳсили ибтидоиро дар Мадраса гирифт. Институти давлатии пе­дагогии Душанберо тамом кард. Солҳҳои 1920—26 муаллим, директори мактаб ва инспектори шуъбаи маорифи pайони Хуҷанд буд. Яке аз ташкилкунандагони мактабҳои советӣ дар Хуҷанд. Соли 1927 ба Душанбе омад. …

Муфассал »

МУИН Муҳаммад

person

МУИН Муҳаммад (1913, Рашт, Эрон — 1971, Теҳрон), адабиётшинос ва забоншиноси эронӣ. Профессори Университети Теҳрон. Дар Теҳрон таҳсил карда­аст. Аввалин доктори Университети Техрон буд. Муаллифи бештар аз 300 -таълифотн илмӣ доир ба адабиёт, фалсафа, асотир ва забонҳои давраҳои қадим ва миёнаи эронӣ мебошад: «Маздаясна ва таъсири он дар адабиёти порсӣ» …

Муфассал »

МУИЗЗӢ Абӯабдуллоҳи Муҳаммад

person

МУИЗЗӢ Абӯабдуллоҳи Му­ҳаммад ибни Абдумалики Нишопурӣ (тақрибан 1049. Нишопур —1126/ 27), шоири форс-тоҷик. Писари шоир Абдулмалик Бурҳонӣ, ки пеш аз вафоташ тарбияи фарзанди худро ба султон Маликшоҳи Салчуқӣ (1055—92) супоридааст. Айёми ҷавонӣ ва миёнсолии Муиззӣ дар дарбори ин султон мегузарад, Муиззӣ дар ин давраи ҳаёти худ ба мадҳу ситоиши футуҳоти …

Муфассал »

МУЗҲАБ

person

МУЗҲАБ      (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 18 тоҷик. Аслу насабаш маълум нест. Музҳаб соҳибдевон бошад ҳам, девони ӯ то ҳол дар феҳристи ягон китобхонани ҷахон зикр нашудааст. Шоир ду маснавӣ дорад: «Шоҳу Гадо» (дар пайравии маснавии Ҳилолӣ), «Лайлӣ ва Маҷнун» (давоми «Лайли ва Маҷнун»-и Мулҳами Бухороӣ, ки ба …

Муфассал »

МУЗТАРИБ Мулло Абдулмаҷид

person

МУЗТАРИБ Мулло Абдулмаҷид (1844, Бухоро — 1896/97, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Дар Бухоро таҳсил намуда, ҳамчун шоир дар муҳити адабии ин шаҳр ба камол расидааст. Тазкиранависон Возеҳ» Мӯҳтарам ва Садриддин Айнӣ («На­мунаи адабиёти тоҷик») Музтарибро ҳамчун шахси фозилу донишманд ва шоири хуштабъ тавсиф намудаанд. Муҳтарам дар шоирӣ ӯро «соҳиби тарзи …

Муфассал »

МУЗТАР Мулло Рахматуллоҳ

person

МУЗТАР Мулло Рахматуллоҳ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик. Ҷои таваллудаш тумани Косонн Насаф. Дар охири асри 18 ва аввали асри 19 умр ба cap бурда аст. Шоири баркамол ва машҳури замонаш, басо рангинхаёлу хушгуфтор буд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои адабӣ («Тӯҳфат-ул-аҳбоб»-и Возеҳ ва баёзи № 321 китобхонаи Институти забон …

Муфассал »

БРАГИНСКИЙ Иосиф Самуилович

braginsky_is

БРАГИНСКИЙ Иосиф Самуилович (18.06.1905, Боку 1989, Маскав), шарқшинос, муҳаққиқи адабиёти классикии форс-тоҷик ва адабиёти муосири тоҷик, доктори илмҳои фило­логия (1954), профессор (1959), узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1951), Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1955). Хатмкар­даи шуъбаи Ҳиндуафғонии факултети иҷтимоӣ-сиёсии Донишкадаи шарқшиносии Маскав (1931). Брагинский ходими илмии Институти шарқшиносии Академияи …

Муфассал »

БРАГИНСКИЙ Борис Маркович

braginskiy

БРАГИНСКИЙ Борис Маркович (17.1.1926, шаҳри Киев – 31.8.1972, Гродно), терапевт, доктори илмҳои тиб (1965), профессор (1969). Хатмкардаи Институти тиббии шаҳри Киев (1947). Ходими ил­мии Институти тадқиқоти илмии ғизои Вазорати ҳифзи сиҳҳати Украина (1947-53), ассистент ва дотсенти кафедраи терапияи факултативии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1953-58), сартерапевти …

Муфассал »

БРАГЕ Тихо

tiho-brage

БРАГЕ Тихо (14.12.1546, Кнудструп, Дания, ҳозира ҳудуди Шветсия – 24. 10.1601, Прага), мунаҷҷим ва кимиёдони даниягӣ. Браге бори нахуст дар Аврупо мушоҳидаҳои нуҷумии мунтазам ва фавқуддақиқро анҷом дод ва дар асоси он шогирдаш И. Кеплер қонунҳои машҳури худро кашф намуд. Браге чанд афзори нуҷумиро такмил дод, ки барои мушоҳидаҳои дақиқи …

Муфассал »

БРАГАЛЯ Антон Ҷулио

anton_dzhulio_bragalia

БРАГАЛЯ (Bragalia) Антон Ҷулио (1890-1960), коргардони театрии итолиёӣ, рассом, оператори кино, мунаққид ва назарияпардози санъат. Яке аз намояндагони маъруфи футуризми Итолиё. Солҳои 1919-43 намоишгоҳи ба но­ми «Каза д’арте» дошт, ки дар он асарҳои рассомони пешгоми тамо­ми равияҳо ба маъраз гузошта мешуданд. Брагаля барои таҷдиди саҳнаи итолиёӣ, ҷорӣ намуда­ни воситаҳои техникие, …

Муфассал »