Маълумоти охирин
Главная / Теги: Адабиёт (страница 22)

Теги: Адабиёт

Оймирзоев Ҷолмирзо

Оймирзоев Ҷолмирзо Мирзоалӣ (таваллуд 1910), шоир ва драматурги со­ветии қарақалпоқ, Ходими Хизматнишондодаи Санъати Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон Аъзои КПСС аз соли 1946. Соли 1956 Курси олии адабии Институти адабиёти ба номи М. Горкийро хатм намуд. Асарҳояш аз соли 1927 нашр меша­ванд. Аввалин китобаш — «Шеърҳо» соли 1935 ба табъ расид. …

Муфассал »

Ойбек

Ойбек (тахаллус; ном ва фамилия Мӯсо Тошмуҳаммадов; 10. 1. 1905, Тошкент — 1. 7. 1968, ҳамон ҷо), нависандаи советики ӯзбек. Нависандаи Халқии Ӯзбекистон (1965), Академики Академияи Фанҳои РСС Ӯзбекистон (1943). Аз оилам бофанда. Университети Осиёи Миёнаро хатм намудааст (1930). Аввалин маҷмӯаи шеърҳояш—«Эҳсос» (1926). Маҷмӯаи шеърҳои «Машъал» (1932), достонҳои «Қасос» (1932), …

Муфассал »

Оишаи Самарқандӣ

Оишаи Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоираи форс-тоҷик. Замони зиндагии Оишаи Самарқандӣ маълум нест. Сарчашмаҳои адабӣ аз ҷумла муаллифони «Ал-мӯъҷам» Шамси Қайси Розӣ, «Оташкада»—Лутфалибеки Озар ва устод Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» номи Оишаро зикр карда, чанд намуна овардаанд ва ба ашъораш баҳои баланд додаанд. Аз шеърҳои ӯ мик­дори …

Муфассал »

Оишаи Афғон

Оишаи Афғон бинти Яъқуб (соли таваллуд номаълум — вафот 1700), шоираи афғон. Зодгоҳаш Кобул. Оишаи Афғон илмҳои замонаш сарфу наҳв, маонию баён ва таҷвиду адабиётро ба хубӣ омӯхта, дар 20-солагӣ ба шеъргӯӣ шурӯъ кардааст. Ӯ дар аввали ҳаёт зани хушсухану зиндадил буда, вале пас аз кушта шудани писари ягонаи 25-солааш …

Муфассал »

Оиннома

«Оиннома»,  яке аз осори адабиёти паҳлавӣ (ба забони форсии миёна), ки тақрибан дар асрҳои 6—7 таълиф шудааст. Муаллифаш маълум нест. Асли паҳлавии ин асар маҳфуз намондааст. Мувофиқи гуфтаи таърихнависони исломӣ (Табарӣ, Масъудӣ, Саолибӣ ва дигар) Оинномаро Ибни Муқаффаъ дар баробари дигар асарҳои паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума карда будааст, ки …

Муфассал »

Оини Акбарӣ

«Оини Акбарӣ» асари энсиклопеди, таълифи Абулфазл ибни Муборак Алломӣ (вафот соли 1602), олим, таърихнавис ва вазири Акбаршоҳ (1556—1605). «Оини Акбарӣ» ҷилди сеюми таркибии «Акбарнома»-и ҳамон муаллиф ба шумор меравад. Ҷилдҳои якум ва дуюми «Акбарнома» ба таърихи салтанати Акбар то соли 47-уми ҳукмронии он бахшида шудаанд. Ҷилди сеюми ин асар аз …

Муфассал »

Оинаи искандари

Оинаи искандари, Оинаи Сикандарӣ, Оинаи И с к а н д а рия, яке аз образҳои бадеии маъмул дар назму насри форс-тоҷик. Бо номҳои «Оинаи гетинамо», «Оинаи ҷаҳоннамо» низ вомехӯрад. Мурод аз Оинаи искандарӣ оинаест, ки мувофиқи ривоятҳо Арасту сохта, ба манораи баҳрии шаҳри Искандария насб карда будааст. Дар он …

Муфассал »

Оилаи забонҳо

0

Оилаи забонҳо, маҷмӯи забонҳои хеш, ки аз як забони мабдаъ ба вуҷуд омадаанд. Масалан, забонҳои славянӣ, балтӣ, ҳиндӣ, эронӣ, германӣ, романӣ, арманӣ ва ғайра забонҳои хеш шуда, Оилаи забонҳои ҳиндуевропоиро (нигаред забондои ҳиндуевропоӣ) ташкил медиҳанд. Миқдори Оилаи забонҳо дар адабиёти илмӣ ҳар хел (20 ва аз он зиёдтар) қайд шудааст. …

Муфассал »

Озод Мирғуломалихон

Озод Мирғуломалихон (1705, қасабаи Балгироми Ҳиндустон — 1785), тазкиранавис ва шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар назди уламову фузалои Ҳиндустон таҳсил кардааст. Илми адабиёт ва таърихро аз олими маъруфи замонаш Абдулҷалили Балгироми омӯхтааст. Озод пас аз таҳсили Мадраса тақрибан дар 34-солагӣ ҳамчун донишманди замон шӯҳрат меёбад. Ӯ бисёр шаҳрҳои Ҳиндустону Эрон ва …

Муфассал »

Аминова Озод

Озод (тахаллус; фамилия ва номаш Аминова Озод Муҳиддиновна; соли таваллуд 1933, Ленинобод), шоираи сове­тии тоҷик. Духтари Муҳиддин Аминзода. Аъзои КПСС аз соли 1970. Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм кард (1958). То соли 1970 дар мактабҳои райони Хуҷанд аз за­бон ва адабиёти тоҷик дарс медод. Аз соли 1971 мудири шуъбаи газетаи …

Муфассал »