ШИРЧОЙ, як навъ таоми миллӣ, ки аз қадимулайём дар байни халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон маъмул аст. Онро ин тавр тайёр мекунанд. Обро дар дег ҷӯшонида ба он каме чои хушк (бадали чой, ягон чизи дигар: алафи ҷояк, чойкаҳак, навдаи санҷид, чормағз ва ғ.) ва мувофиқи табъ намак ҳамроҳ карда, …
Муфассал »ШИРРАВҒАН
ШИРРАВҒАН, ширрӯған, як навъ хуроки миллист. Ш.-ро дар дег ҷушонда баъд мувофиқи табъ ба он равғани маска ё зард андохта, нон реза карда мехуранд. Ш.-ро баъзан ҳамчун хуроки парҳезӣ мехуранд. Дар ноҳияҳои болооби Зарафшон Ш. ро дар туйи арусӣ дар таги чодар аввал арусу домод, баъд ҳозирон ба ҷои шарбат …
Муфассал »ШИРКАДУ
ШИРКАДУ, як навъ таом. Аз давраҳои қадим дар байни халқҳои Шарқ, аз ҷдумла тоҷикон маъмул аст. Тарзи тайёр кардани Ш. дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон қариб як хел аст. Кадуи расидаро аз пуст ҷудо карда мешуянд, онро одатан чоркунҷа-чоркунҷа бурида, дар об маҳин меҷушонанд. Баъд ба вай шир андохта ба мисли …
Муфассал »ШИРБИРИНҶ
ШИРБИРИНҶ, як навъ таоми маъмули миллист. Ш.-ро дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон як хел табёр мекунанд. Биринҷро тоза карда, шуста ба деги каме обдор андохта, то нимпаз шуданаш меҷушонанд. Баъд ба вай ширу намак ҳамроҳ намуда, то пухтанаш бо кафгир кофта меистанд. Сипас таомро ба табақ кашида, ба руяш равғани зард …
Муфассал »Ширинӣ
ШИННӢ, ширинӣ, як навъ шарбати мева. Шира ё оби тут, ангур, ва харбузаро гирифта, дар дет ҷушонида Ш. тайёр мекунанд. Дар давраҳои пеш Ш.-ро ба ҷои шакар истифода бурда, аз он ҳалво, нишоллою мураббо ва ғ. мепухтанд. Ш.-ро барои тайёр намудани ҳалвои сурхак ҳам истифода мебаранд. М. Ҳомидҷонова.
Муфассал »ШАҲЛУТ
ШАҲЛУТ, шоҳлут, номи як навъ таоми миллии қадимаи тоҷикон. Шаҳлутро ин тавр мепухтанд. Дилу ҷигар, испурч, гурда, баъзан шуш ва гушту думбаи гусфандро чоркунҷашакл майда реза мекарданд. Баъд қимаи тайёрро ба чарбуи гусфанд (гоҳо ба ҷои чарбу шикамбаи гусфандро ис-тифода мебурданд) печонда, бо ришта мебастанд ва онро ба дег гузошта, …
Муфассал »ШАКАРОБ
ШАКАРОБ, як навъ хуроки миллист. Фатири гармро ба табақи чубини махсус реза карда, аз болояш оби ҷуш мерезанд. Сипас пиёзи кабуд, кашнич, қаламфур, равғани доғ (баъзан ҷурғот) андохта меомезанд.
Муфассал »ШАКАРБУЗА
ШАКАРБУЗА як навъ санбусаест, ки бо омезиши мағзи бодом ва шакар мепазанд. Ниг. низ Санбўса.
Муфассал »ШАБЧАРА
ШАБЧАРА, меваҷоти хушкеро гӯянд, ки дар шабнишиниҳо мехӯранд.
Муфассал »ЧӮҶАБИРЁН
ЧӮҶАБИРЁН, як навъ таом. Аз қадимулайём дар байни халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон, маъмул аст. Чӯҷаро паркан ва тоза карда, намак мезананд. Сипас ба дарозии тӯшаш чок намуда, бо сирпиёзи реза дар равғани доғ (15—20 дақ.) бирён мекунанд.
Муфассал »