Маълумоти охирин
Главная / Теги: Хурок

Теги: Хурок

САНБУСА

sambusa

САНБУСА, як навъ хӯрок. Санбуса асосан дегӣ ва танӯрӣ мешавад. Барои пухтани Санбусаи дегӣ гӯштро аз гӯштқимакунак мегузаронанд ё бо корди ош қима мекунанд. Баъд ба он намак, дорувор пошида меомезанд ва дар равғани доғшуда 15—20 дақиқа бирён мекунанд. Сипас онро ба зарфи сирдор ё чинӣ андохта, то тай- ёр …

Муфассал »

УГРО

ugro

УГРО, як навъ таоми тоҷикист, ки аз хамири орди гандум хамирош тайёр мекунанд. Хамирро ба ғафсии 4—1,5 мм боз карда, борик-борик мебуранд ва молишдода (даста дошта) мепазанд. Баъд угроро ба оби ҷӯш андохта то пухтани хамир меҷӯшонанд. Ба угро ҷурғот андохта, ба косаҳо мекашанд ва ба рӯяш кабудӣ мепошанд. Чанд …

Муфассал »

ҚАЛЯ

kayla

ҚАЛЯ, қайла, 1) як навъ хуроки миллии тоҷикист. Аз а-ҳои 13— 14 маъмул аст. Гушти куфта ё майда поракардашударо бо пиез бирьён мекунанд. Сипас каме об, нахуди мудаввар меандозанд ва дар оташи паст мепазанд. Баъди пухтан Қ.-ро ба руи мастоба, ришта (лагмон) андохта мехуранд; 2) дар ноҳияҳои ҷан. Тоҷикистон барои …

Муфассал »

ҚАЗӢ

kazi

ҚАЗӢ, як навъ таоми, ки аз қадимулайём дар байни халқҳои Шарқ. аз ҷумла тоҷикон маъмул аст. Гушти беустухони аспро ба порчаҳои 40—60 граммӣ дарозруя бурида, бо равғанаш дар зарфҳо мехобонанду ба он мувофиқи табъ намак, мурч, зира андохта, нағза омехта мекунанд ва дар ҷои салқин 12—24 соат нигоҳ медоранд. Рудаҳои …

Муфассал »

ҒУЛИНГОБ

ghuling

ҒУЛИНГОБ, зардолуоб, як навъ нушокии миллии тоҷикист. Fyлингро шуста, ба зарфе андохта, аз болояш оби ширгарм (ҳарор. 25—30’) мерезанд. Сипас, сарпуши зарфро пушида, дар ҷои салқин мемонанд. Баъди як шаборӯз ғулингҳо варам карда, дар об шира пайдо мешавад. Агар ғулинг беҳад ширин бошад, ба андозаи нам шудани оби F. ба …

Муфассал »

ЯХНӢ

ЯХНӢ, як навъ таоми гуштин, ки аз замонҳои қадим дар байни тоҷикон маъмул аст. Тарзи тайёр кардани Я. чунин аст: Гушти буз, гусфанд ё говро тоза шуста, намак мезананд ва ба панҷара чида ба дег мегузоранд. Оби дег аз панҷара 3— 5 см бояд пасттар бошад. Баъд сарпуши дегро сахт …

Муфассал »

ЯРМА

gandum

ЯРМА, маҳсулоти хурокворист, ки дар натиҷаи майда ё дукафон намудани ғалладонаи гуногун ҳосил мекунанд. Я.-ро бештар аз арзан, марҷумак, инчунин сулӣ, ҷуворимакка, гандум, нахуд ва қисман аз ҷуворӣ, қуноқ, наск ва ғ. тайёр мекунанд. Я. хуроквории хеле пурқимат (махсусан Я.-и мардумак, сулӣ, лубиёиҳо ва ғ.). Онро организм нағз ҳазм мекунад, …

Муфассал »

ШӮРБО

shurbo

ШӮРБО, як навъ таоми миллист. Аз қадим дар байни халқҳоин Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон маъмул аст. Тарзи тайёр кардани Ш. чунин аст: Баъди доғ кардани равған (равғани пахта, офтобпараст ва ғ.) дар дег аввал гушт, баъд пиёзро сурх мекунанд. Сипас помидорро низ бирьён намуда, ба дег об меандозанд. Вақте …

Муфассал »

ШИРШАВЛА

tajik_dastarkhan_meal

ШИРШАВЛА, шулла, шуллаи ширӣ, як навъ хуроки миллист, ки аз қадим байни халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон маъмул аст. Тарзи пухтани Ш. дар тамоми шаҳру деҳоти Тоҷикистон қариб як хел аст. Ба деги обдор биринҷи шустаро андохта, то нимпаз шуданаш меҷӯшонанд. Баъд ба дег шир андохта (ба 300 г биринҷ …

Муфассал »