ХАРБУЗАҚОҚ, қоқи харбуза, карчҳои бепӯчоқи харбузаро гӯянд, ки дар офтоб хушконидаанд. Аз навъҳои сергӯшту сершираи харбузаҳои тобистонӣ ва тирамоқӣ тайёр мекунанд. Бӯи хуш дорад. Қоқи навъҳои харбузаи беҳзодӣ, амирӣ, баргӣ, нонгӯшт, гулобии зард, шаббози, умрбоқӣ ва харбузаи лалмӣ аз 16 то 65 фоиз қанд дорад. Xарбуза аз қадим баробари мавиз, …
Муфассал »Харбузаи УРГАНҶӢ
УРГАНҶӢ, як навъ харбузаи миёнсолист. Тухмшакл (дарозиаш 17— 23 см). Пӯсташ туртӯр, сабзи зардтоб, мағзаш сафед, ғафс (4—6 см),сершираву ширин (5,5—7,1% қанд, аз он ҷумла 2,6—4,9% сахароза, инчунин 7,2— 9,7% моддаҳои хушк дорад). Вазни як донааш 2,5—4 кг. Даври нашваш (аз нешзани то пухтани ҳосил) 72—78 рӯз. Аз ҳар га …
Муфассал »Харбузаи УМРБОҚӢ
УМРБОҚӢ, навъи харбузаи дерпазак. Тухмшакл, дарозиаш 23—28 см, вазнаш 3—6 кг. Пӯсташ сахт, суфтаи қисман тӯр-тӯр, дар қисми нӯк тӯр надорад ва доғҳои зард дорад. Рангаш сабзи сиёҳтоб, сершира, хуштаъму хушбӯй, то 10,5% қанд дорад. Баъди 115—130 рӯзи кишт мепазад. Аз ҳар га то 250 с ҳосил медиҳад. Дар районҳои …
Муфассал »ШИРИНПӮЧОҚ
ШИРИНПӮЧОҚ, як навъ харбузаи маҳаллиест. Дарозруя (30—40 см), нугаш борик, пусташ тӯр-тӯр, зарди сабзтоб, пучоқаш сахт, мағзаш сабз ё сафед, ширин (7,5—8,5% қанд дорад). Вазнаш 4—5 кг. Аз ҳар га 250 300 ц ҳосил мегиранд.
Муфассал »ШЕРОЗӢ
ШЕРОЗӢ, навъи харбузаи миёнсолӣ. Шаклаш лунда, дарозиаш то 40 см, вазнаш 3—4 кг. Пусташ суфта ва баъзан рахдор, бетур, нақшҳои сабзранг дорад. Рангаш сабзи зардранг. Ғафсии гушташ 4—5 см, сафеди хокистарранг, баъзан сурх, cepшира ва хуштаъму хушбуст. 7,2— 9,8% қанд (3,5—6,5% сахароза) ва 9,0—12,9% моддаи хушк дорад. Баъди 80—95 рузи …
Муфассал »ШАММОМА
ШАММОМА, номи дигари дастанбӯй.
Муфассал »ШАКАРПОРА
ШАКАРПОРА, як навъ харбузаи маҳаллист. Байзашакли нукборик, дароз (35—45 см), вазнаш 5—7 кг. Пусташ сахти тўр-тўр, нақшҳои зард дорад. Рангаш сабзи баланд, сершира, хуштаъму хушбўй, 8—9% қанд (7,3% сахароза) дорад. Баъди 76—80 рўзи кишт мепазад. Аз ҳар га ба ҳисоби миёна 220—280 ц ҳосил медиҳад. Дар р-нҳои вил. Ленинобод, минтақаи …
Муфассал »ШАКАРПАЛАК
ШАКАРПАЛАК, як навъ харбузаи маҳаллист. Хелҳои сафед ва сурх (ниг. расм) дорад. Шаклаш лунда ё дарозруя (25—32 см), вазнаш 2—4 кг. Пусташ суфтаи тўр-тўр, нақшҳои чигарӣ дорад. Рангаш сабз ё зарди сабзтоб, сершира, хуштаъму хушбўй, 8—14% қанд (4—10% сахароза) дорад. Баъди 75—90 рўзи кишт мепазад. Аз ҳар га ба ҳисоби …
Муфассал »