Маълумоти охирин
Главная / Теги: Физик

Теги: Физик

САЛОМ Абдуссалом

САЛОМ, Абдуссалом (таваллудаш 29.1. 1926, Ҷҳанг), физики покистонӣ. Соли 1951 Университети Кембриҷро хатм кардааст. Солҳои 1951—1954 профессори коллеҷ дар Лаҳор, солҳои 1954—1956 лектори Университети Кембриҷ, соли 1957 профессори Университети Лондон. Аз соли 1964 директори Маркази байналхалқии физикаи назариявӣ дар Триест (Италия). Мушовири президенти Тоҷикистон доир ба илм (аз соли 1951), …

Муфассал »

САДОВСКИЙ Михаил Александрович

САДОВСКИЙ Михаил Александрович (таваллудаш 6. 11. 1904, Петербург), физики советӣ, яке аз асосгузорони физикаи таркишот, акад. АФ СССР (1966; аъзо-корр. 1953), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1949). Аъзои КПСС аз соли 1941. Институти политехникии Ленинградро хатм намуда (1930), солҳои 1932—1941 дар Институти сейсмологияи АФ СССР, солҳои 1941—1944 дар шӯъбаи корҳои махсуси Президиуми …

Муфассал »

Рейли Ҷон Уилям

РЭЛЕЙ, Рейли (Rayleigh) Ҷон Уилям (12. И. 1842, Лэнгфорд-Гров, графин Эссекс — 30. 6. 1919, Тирлинг Плейс, наздикии шаҳри Унтом), физики англис, яке аз бунёдгузорони назарияи лаппишҳо. Аъзо (1873) ва президенти (1905—1908) Ҷамъияти подшоҳии Лондон, аъзо- корр. хориҷии АФ Петербург (1896). То гирифтани унвони лорд Рэлей (1873) фамилияаш Стретт (Strutt) …

Муфассал »

РОЖДЕСТВЕНСКИЙ Дмитрий Сергеевич

РОЖДЕСТВЕНСКИЙ Дмитрий Сергеевич (7. 4. 1876, Петербург — 25. 6. 1940, Ленинград), физики советӣ, яке аз асосгузорони саноати оптикӣ дар СССР, акад. АФ СССР (1929, аъзо-корр. 1925). Унститути Петербургро хатм намуд (1900). Со¬ли 1901 таҳсилро дар Лейпсинг ва Гисен давом дод. Аз соли 1903 дар Университети Петербург кор кард (аз …

Муфассал »

РИХМАН Георг Вилгелм

РИХМАН Георг Вилгелм (22. 7. 1711, Пярну, ҳозира Республикаи Советии Сотсиалистии Эстотния— 6.. 8. 1753, Петербург), физики рус, академик Академияи Фанҳои Петербург (1741). Дар университетҳои Галле ва Йена таҳсил кардааст. Солҳои 1735—40 донишҷӯи «синфи физика»-и Академияи Фанҳои Петербург буд. Аз 1740 адютант, аз соли 1741 профессор. Аз соли 1744 мудири …

Муфассал »

ФРЕНЕЛ Огюстен Жан

ФРЕНЕЛ (Ғrеsnеl) Огюстен Жан (10. 5. 1788, Броля —44. 7. 1827, Вил-д’Авре, назди Париж), физики франсавӣ, яке аз асосгузорони оптикаи мавҷӣ. Аъзои Академияи Фанҳои Париж (аз соли 1823) ва аъзои Ҷамъияти шоҳии Лондон (аз соли 1825). Дар асоси фарзияи хосияти мавҷӣ доштани рӯшноӣ назарияи интерференсия ва дифраксияро ба вуҷуд овард. …

Муфассал »

ФРАНК Иля Михайлович

ФРАНК Иля Михайлович (таваллуд 23. 10. 1908, Петербург), физики советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1968). Яке аз муаллифони шуоъафкании Черенков — Вавилов. Доир ба назария ва амалияи физикаи нейтронҳо тадқиқот бурдааст. Таҳти роҳбарии Франк реактори импулсии бо нейтроеҳои сареъ амалкунанда сохта шуд. Лауреати Мукофоти нобелӣ (1956, ҳамроҳи И. Е. Тамм …

Муфассал »

ФЕРМИ Энрико

ФЕРМИ Энрико (29. 9. 1901, Рим —28. 11. 1954, Чикаго), физики италиявӣ. Яке аз асосгӯзорони физикаи ядро, муассиси мактаби илмии Италия ва ШМА, аъзои хориҷии Академияи Фанҳои СССР (1929). Соли 1938 ба Америка рафта буд. Соли 1925 статистикаи зарраҳоеро, ки ба принсипи Паули тобеанд, кор карда баромадааст. Соли1934 теоремаи миқдории …

Муфассал »

ФАРАДЕЙ Майкл

ffff

ФАРАДЕӢ (Faradey) Майкл (22. 9. 1791, Лондон—25. 8. 1867, ҳамон ҷо), физик ва химики англис, асосгузори таълимоти майдони электромагнитӣ. Аъзои Ҷамъияти шоҳии Лондон (1824), аъзои фахрии хориҷии АФ Петербург (1830). Ҳодисаи индуксияи электромагнитӣ (1831), қонунҳои электролиз (қонунҳои Фарадей, 1833—34), ҳодисаи парамагнетизм ва диамагнетизм (1845), тобхӯрии ҳамвориҳои поляризасияи рушноӣ (эффекти Фараден, …

Муфассал »

ФАДЕЕВ Людвиг Дмитриевич

ФАДЕЕВ Людвиг Дмитриевич (таваллуд 23. 3. 1934, Ленинград), математик ва физики назариётчии советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1976). Аз соли1976 муовини директори Шӯъбаи ленинградии Институти математикаи Академияи Фанҳои СССР ба номи В. А. Стеклов. Асарҳои Фадеев ба математика ва физикаи назариявӣ оиданд. У ҳалли масъалаи се ҷисмро дар механикаи квантӣ …

Муфассал »