Маълумоти охирин
Главная / Теги: Танга

Теги: Танга

УБАЙДӢ

УБАЙДӢ тангаест, ки ба номи хони Бухоро Убайдуллоҳхони Шайбонӣ сикка зада мешуд.

Муфассал »

ТУМАН

ТУМАН, тангаи тиллои Эрон, ки аз асри 18 сикка зада мешуд. Аз соли 1930 —32 ба риёл иваз карда шуд.

Муфассал »

РЕАЛ

real

РЕАЛ (аз испанӣ ва португалӣ геа1, айнан — королӣ, шоҳӣ), тангаи қадими нуқрагини испанӣ, ки аз асри 15 то солҳои 70 асри 19 дар муомилот буд. Реал дар Португалия ва Бразилия низ аз нуқра сикка зада мешуд.  

Муфассал »

ШИЛЛИНГ

shilling

ШИЛЛИНГ, 1) тангаи англисӣ ва воҳиди пули Британияи Кабир (то февp. 1971), ки ба 12 пенс ё 1/20 фунт стерлинг баробар аст; 2) воҳиди пули Австрия, ки ба 100 грош баробар аст. Мувофиқи қурби Банки давлатпи СССР (май 1982) 100 Ш.-и австр. ба 4-суму 40 тин баробар; 3) воҳиди пули …

Муфассал »

ЧЕРВОН

chervon

ЧЕРВОН (аз полякӣ czerwooy- тилло, сурх), 1) номи умумии тангаҳои тиллоии хориҷӣ, ки дар Россия (то замони Петр) дар муомилот буданд. 2) Тангаи тиллоии русӣ, ки баробари 3 сум қурб дошт. 3) Пулҳои коғазие, ки банки давлатии СССР солҳои 1922—47 бо қимати 1, 3, 5, 10, 25 ва 50 Червон …

Муфассал »

ЦЕНТ

cent

ЦЕНТ (аз лот. centum — сад), 1) тангаи майдаи ШМА, ки баробари 1/100 доллар аст. 2) Тангаи майдаи Австралия, Канада, Нидерланд, Зеландияи Нав, Шри-Ланка, Кения, Либерия, Сомалӣ, Танзания, Уганда, Ҳабашистон ва баъзе мамлакатҳои диг.

Муфассал »

СТЕРЛИНГ

sterling

СТЕРЛИНГ (англисӣ sterling, 1) номи англисии пенни (аз асри 12). Пенни тангаи нуқрагини англу саксҳо буда, нимаи дуюми асри 8 тақрибан 1,5 грамм, асри 16 бошад, 0,5 грамм нуқра дошт (ҳоло пули майдаи Британияи Кабир баробари 1/240 фунт стерлинг). Стерлинг аз oxири асри 14 чун фунт стерлинг истифода мешавад; 2) …

Муфассал »

СОВЕРЕН

sovereign

СОВЕРЕН (англисӣ sovereing), як навъ тангаи тиллоии англисиро гӯянд, ки аз соли 1489 ин ҷониб сикка мезананд. Аз соли 1816 Соверен— 1 фунт стерлинг. Аз соли 1917 Соверенро фақат барои дар бозорҳои байналхалқӣ фурӯхтани тилло мебароранд.

Муфассал »