Маълумоти охирин

ЧЕРВОН

ЧЕРВОН (аз полякӣ czerwooy- тилло, сурх), 1) номи умумии тангаҳои тиллоии хориҷӣ, ки дар Россия (то замони Петр) дар муомилот буданд. 2) Тангаи тиллоии русӣ, ки баробари 3 сум қурб дошт. 3) Пулҳои коғазие, ки банки давлатии СССР солҳои 1922—47 бо қимати 1, 3, 5, 10, 25 ва 50 Червон баровардааст. Червон бо қимати 7, 74234 гр тиллои холис баробар буд. Баъди ислоҳоти пулии с. 1947 Червон ба пули нави қоғазӣ иваз карда шуд ва сӯм ном гирифт.

chervon

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …