Маълумоти охирин
Главная / Теги: тазкира (страница 3)

Теги: тазкира

«ТАЗКИРАТ-УН-НИСО»

«ТАЗКИРАТ-УН-НИСО» тазкираест, ки олим, шоир ва ходими давлатии Афғонистон қозӣ Мулло Муҳаммадсиддиқ Охунзодаи Ҳиравӣ (таваллуд 1867) соли 1904 таълиф кардааст. «Тазкират-ун-нисо» тазкираи умумиест дар шарҳи ҳол ва фаъолияти эҷодии 140 шоираи араб ва форс-тоҷик, ки аз давраҳои қадим то замони таълифи тазкира зистаанд. Баробари маълумоти тарҷумаиҳолӣ муаллиф аз осори шоираҳо …

Муфассал »

«ТАЗКИРАТ-УЛ-ХАВОТИН»

«ТАЗКИРАТ-УЛ-ХАВОТИН» тазкираест, ки ноширу китобфурӯш Муҳаммад ибни Муҳаммадрофеъ Маликулкитоби Шерозӣ соли 1884—85 таълиф кардааст. «Тазкират-ул-хавотин» зикри ҳол ва намунаи ашъорн 286 шоираи оламро (аз Арабу Рум, Ҳинду Аҷам), ки аз асри 7 то замони таълифи китоб зистаанд, дар бар мегирад. Китоб мувофиқи алифбои арабиасоси тоҷикӣ сохта шудааст. Мураттиб ба ғайр …

Муфассал »

«ТАЗКИРАТ – УЛ – МУОСИРИН»

«ТАЗКИРАТ – УЛ – МУОСИРИН» тазкираи мухтасарест, ки шайх Муҳаммадалӣ Ҳазини Лоҳиҷӣ соли 1749 таълиф кардааст. Аз муқаддима ва ду фирқа (боб) иборат аст. Дар фирқаи аввал зикри бист нафар уламо омадааст, ки ба шеър таваҷҷӯҳ доштанд. Фирқаи дуюм шарҳи ҳол ва намунаи эҷодиёти 31 шоирро дар бар мегирад. Ҳамаи …

Муфассал »

«ТАЗКИРАТ-УЛ-АВЛИЁ»

«ТАЗКИРАТ-УЛ-АВЛИЁ» тазкираест, ки Фариддудини Аттор таълиф кардааст. Ба забони тоҷикӣ навишта шудааст. Дар он оид ба 96 нафар машоихи машҳури суфия, мақомот ва аҳволи тасаввуфӣ маълумот ҷамъоварӣ шуда, шатҳиёт ва каромоти суфиён низ зикр шудаанд. Муаллиф аз «Шарҳ-ул-қулуб», «Кашф-ул-асрор» ва «Маъриф-ун-нафс» истифода намудааст. Бино ба таҳқиқоти муҳаққиқони эронӣ, Аттор аз …

Муфассал »

«ТАЗКИРАИ НАСРОБОДӢ»

«ТАЗКИРАИ НАСРОБОДӢ» тазкираест, ки байни солҳои 1672—79 Насрободӣ таъдиф кардааст. То соли 1703 муаллиф ба он баъзе иловаҳо дохил кардааст. Аз муқаддима, панҷ саф (боо) ва хотима иборат аст. Дар муқаддима зикри шоҳону шоҳзодагон омадааст. Сафи аввал дар се фирқа аст: фирқаи аввал дар зикри муқаррабон ва умарои Эрон; фирқаи …

Муфассал »

ТАЗКИРА

books

ТАЗКИРА (арабӣ —ёддошт, ёдоварӣ кардан), маҷмӯаест, ки дар он шарҳи ҳол ва намуоди осори манзуми шоирон мухтасар оварда метавад; яке аз шаклҳои асримиёнагии адабиётшиносӣ; сарчашма барои омӯзиш ва тадқиқи адабиёт. Тазкиранигорӣ дар адабиёти форс- тоҷик таърихи дуру дарозе дорад. Қадимтарин асарҳо дар таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик, ки ба тазкира монанди …

Муфассал »

«ТАБАҚОТ-УШ-ШУАРО»

«ТАБАҚОТ-УШ-ШУАРО» тазкираест, ки Бадруддини Шоми дар асри 18 таълиф кардааст. Зикри аҳвол ва осори 1075 шоирро дар бар мегирад, ки асрҳои 17—18 дар Ҳиндустону Эрон зиста ва эҷод кардаанд. Адабиёт: С. Алиев.

Муфассал »

«ЯТИМАТ-УД-ДАҲР»

«ЯТИМАТ–УД–ДАҲР» номи пуррааш «Ятиматуд-даҳр фӣ маҳосин адл-ил-аср», тазкираи Саолибӣ, ки с. 1000 таълиф кардааст. Таҳрири наваш 1011—17. Дар «Я.» муҳити адабии а-ҳои 10— 11-и Миср, Шом, Ироқ, Андалус, Хуросону Мовароуннаҳр ва ғ. мухтасар тавсиф гардида, аз эҷодиёти намоёнтарини шоирону нависандагон намунаҳо оварда шудаанд. «Я.» чаҳор қисм дошта, ҳар қисм дорои …

Муфассал »

«ШАМЪИ АНҶУМАН»

book-1

«ШАМЪИ АНҶУМАН» тазкираест, ки Сиддиқ Сайидмуҳаммади Ҳасанхон таълиф кардааст. С. 1875 дар Бҳупол ба табъ расидааст. Шарҳи ҳоли 971 шоиронн мутаахир ва муосири муаллифро дар бар мегирад. Тартиби тазкира алифбоист. Танҳо ҳарфи аввали ном ва ё тахаллуси шоир риоя шудааст. Бо зикри Анварӣ оғоз шуда, бо Юсуфи Лакҳнавӣ ба анҷом …

Муфассал »

«ХУЛОСАТ-УЛ-КАЛОМ»

«ХУЛОСАТ-УЛ-КАЛОМ» тазкираест, ки Алӣ Иброҳими Халилхони мутахаллис ба Халил с. 1784 дар Банорас (Ҳиндустон) таълиф кардааст. Шарҳи ҳоли 77 шоири маснависаро ва мунтахаби маснавиёти онҳоро дар бар мегирад. Ба тартиби ҳуруфи алифбои арабӣ сохта шудааст. Бо исми Асадии Тусӣ шуруъ шуда, бо Ҳилолӣ анҷом ёфтааст. Дар оғози тазкира (қисми «.Дар …

Муфассал »