Маълумоти охирин
Главная / Теги: себ

Теги: себ

РЕНЕТҲО

renetho

РЕНЕТҲО (франсавӣ ге1пеКе), навъҳои зимистонаи себро гӯянд. Навъҳои серҳосил, меваашон хуштаъм, дер мепоянд. Дар Союз Советских Социалистических Республик СССР Ренеҳои Симиренко, ландсбергӣ, шампанӣ ва дигар хеле маъмулавд. Дар Осиёи Миёна махсусан ренети Симиренко (нигаред расм) машҳур аст. Ба Осиёи Миёна ин навъи себро дар ибтидои асри 20 аз кӯчатзори Лев …

Муфассал »

ШИРИНАК

seb

ШИРИНАК, 1) як навъ себи маҳаллиро гуянд. Дарахташ сершохи аҳромшакл (диаметраш 4 м), ғафсии танааш 74 см, навдаҳои яксолааш хокистарранги сабзтоб, баргаш байзашакли нугтез (дарозиаш 5— 6 см), мевааш байзашакли зарди гулобитоб (дарозиаш 4—7 см, бараш 3,1—4,1 см, ғафсиаш 3—4 см, вазнаш 42—65 г). Ш.-ро дар к-зи «Ҳақиқат»-и p-ни Кулоб …

Муфассал »

ШАКАРСЕБ

seb

ШАКАРСЕБ, як навъ себи маҳаллист. Онро асосан дар вил-ҳои Кўлоб (деҳаҳои Балҷувон, Сарихосор ва Даштиҷум), Ленинобод (p-ни Уротеппа), инчунин Самарқанди РСС Узбекистон мепарваранд. Дарахташ қадпаст, серҳосил, ба сармову хушкӣ тобовар. Ох. июль мепазад, ҳаҷмаш миёна (50—70 г), пусташ ғафс, сафеди зардтоб, камоб, хеле ширин. Бештар барои тархурӣ истифода мебаранд. Ниҳолаш …

Муфассал »

ХУБОНӢ

seb-xuboni

ХУБОНӢ,  1) зардолуро гўянд, ки бо мағзи бодом хушконида шудааст. Xубонӣ аз қадим дар байни тоҷикон маъмул аст. Зардолуро дукафон намуда ба ҷои донакаш мағзи бодомро мегузоранд ва дар офтоб хушк мекунанд. 2) Як чанд навъи себи  сурхро гўянд.

Муфассал »

БОРОВИНКАИ ТОШКАНДӢ

borovinka

БОРОВИНКАИ ТОШКАНДӢ, навъе аз себҳои пешпазак. Ходимони Институти таҳқиқоти илмии боғу токдорӣ ва шаробкашии ба номи Р. Р. Шредер (шаҳри Самарқанд) рӯёндаанд. Дарахташ сершоху барг; то 7 м кад мекашад. Вобаста ба шароити иқлим аввали апрел гул карда, охири июл мевааш мепазад. Мевааш калон (вазнаш 140- 200 г), гирда ё …

Муфассал »