Маълумоти охирин
Главная / Теги: сароянда (страница 2)

Теги: сароянда

ХУДОЁРБЕКОВА Ғарибсултон

ХУДОЁРБЕКОВА  Ғарибсултон (тав. 10. 5. 1923, деҳаи Ёмси р-ни Рўшон), актриса, сароянда ва раққосаи тоҷик. Арт. Халқии РСС Тоҷ. (1974). Аъзои КПСС аз соли 1946. Фаъолияташ аз с. 1937 дар дастаи ҳаваскорони санъат оғоз ёфтааст. Иштирокчии Даҳаи санъати тоҷик дар ш. Москва (1941). Xудоёрбекова дар айни замон, балетмейстери театр буда, …

Муфассал »

Абрурраҳмони Танбӯри

Абрурраҳмони Танбӯри Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафот но­маълум), оҳангсоз, сароянда ва навозандаи машҳури тоҷик (асри 19). Зодгоҳаш Самарқанд. Бино ба ахбори «Рисола дар баёни «Шашмақом» (1896) санъати овозхонию сознавозиро аввал дар зодгоҳаш фаро гирифта, барои такмили ҳунар ба Бухоро рафтааст. Дар он ҷо бо Қорӣ Каромати Дилкаш, Аҳмади Дониш ва …

Муфассал »

Абдураҳмонов Гурез

Абдураҳмонов Гурез (1915, Ёвон – 2. 2. 1974. собиқ ноҳияи Куйбишеви вилояти Хатлон), сарояндаи тоҷик, Коркуни хизматнишондодаи мада­нияти РСС Тоҷикистон (1971). Иштирокчии ҶБВ (1941 – 1945). Санъати сарояндагиро худомӯзӣ карда, сипас яке аз пайравони услуби Ҷӯраев Шариф гарди­дааст. Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш узви бисёр дастаҳои ҳаваскорони санъат ва роҳбари клубу …

Муфассал »

Абдумамадов Султонмаҳмуд

Абдумамадов Султонмаҳмуд (таваллудаш 1934, деҳаи Роштқалъаи ноҳияи Роштқалъа), сароянда, Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон (1986). Солҳои 1956 – 1962 солисти Ансамбли тарона ва рақси Помир, 1962 – 1965 роҳбари бадеии хонаи маданияти ноҳияи Шуғнон, 1966 – 1994 артисти Театри мазҳакаи мусиқии вилоятии шашри Хоруғ буд. Овози форам ва истеъдоди хуби сарояндагӣ …

Муфассал »

Абдуллоев Аҳмадулло

Абдуллоев Аҳмадулло (1910, деҳаи Каттатоники вилояти Андинони Ӯзбекистон – 13. 9. 1966, Душанбе), сарояндаи тоҷик, Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон (1947). Санъати навозандагӣ ва сарояндагиро аз ҳунарманди номии Андиҷон Қорӣ Камол омӯхтааст. Соли 1930 ба Тоҷикистон кӯчида омад ва то соли 1937 дар собиқ ноҳияи Куйбишев колхозчӣ шуда кор кард. Соли …

Муфассал »

Абдулқодири Ҳофиз

Абдулқодири Ҳофиз машҳур ба Қодирӣ (1858, Истаравшан – 1943, ҳамон ҷо), сароянда, оҳангсоз, мусиқидон, намояндаи машҳури ҳавзаи Истаравшан. Аз овони ҷавонӣ ба шеъру мусиқӣ ворид шуда, маҳорати сарояндагию навозандагиашро дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд такмил дод. Асосгузори сулолаи мутрибони ҳирфаии Қодириён. Абдулқодир дар навохтану сурудани шохаҳои созию овозии «Шашмақом» («мушкилот», …

Муфассал »

Абдулқодири Гӯянда

Абдулқодири Гӯянда Хоҷа Камолуд дин (Низомуддин) ибни Райбӣ ибни Айнӣ (1376, деҳаи Нойини вилояти Исфаҳон – 1435, Ҳирот), сароянда, навозанда, мусиқидон ва оҳангсози машҳури форсу тоҷик ва шарқ. Бино ба ахбори Давлатшоҳи Самарқандӣ («Тазкират-уш-шуаро»), Дарвешалии Ҷангӣ («Тӯҳфат-ус-сурур») ва Исфизорӣ («Равзат-ул- ҷиннот. ..») Абдулқодири Гӯянда бо шайх Саъдии Шерозӣ қаробати авлодӣ …

Муфассал »

Абдулазизи Мароға

Абдулазизи Мароғаӣ Нуриддин ибни Абдураҳмон ( соли таваллуд вафоташ номаълум), оҳангсоз, сароянда, навозанда ва мусиқишиноси форсу тоҷик (нимаи дуюми асри 15-аввали асри 16). Дар деҳаи Нойини вилояти Исфаҳон таваллуд шуда, дар Исфаҳон фавтидааст. Набераи устоди бузурги мусиқӣ Абдулқодири Гӯянда. Асосҳои илмию амалии мусиқиро аз падараш омӯхтааст. Аз ҷавонӣ дар сурудхонӣ, …

Муфассал »

БОМШОД

images

БОМШОД (фавт 634, Тайсафун), сароянда, навозанда, мусиқидон ва шоири машҳури замони Сосониён. Ҳунари сознавозию овозхониро дар зодгоҳаш омӯхта, дар дарбори шоҳони Сосонӣ чун ромишгар хидмат кардааст. Бомшод аз ромишгарони замони Борбад буда, дар иҷрои таронаҳои рустоӣ, фаҳлавиёт, достонҳои таърихию хамосӣ, сурудҳои силсилаи ниёишии «Каркуй», «Лоскавӣ», «Уроманӣ» маҳорати баланд доштааст. Бомшод …

Муфассал »