ХАЙЁМ Ғиёсуддин Абдулфатҳ Умар Ибни Иброҳим, Xайёми Нишопурӣ, Умар ал-Хайёмӣ (18. 5. 1048, Нишопур—4. 12. 1131, ҳамон ҷо), шоир, файласуф, риёзидон ва ҳайъатшиноси форс-тоҷик; ба тиб, назарияи мусиқӣ ва илми ҷуғрофия низ шуғл дошт. Эҳтимолан аз оилаи косиб (хаймадӯз). Ба қавли Ёраҳмад Ҳусайни Рошидии Табрезӣ — муаллифи маҷмуаи «Тарабхона» Xайём …
Муфассал »ФАСЕҲУДДИНИ КУҲИСТОНӢ
ФАСЕҲУДДИНИ ҚУҲИСТОНӢ Муҳаммад ибни Абдулкарими Низомӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1530), риёзидон ва ҳайатшиноси тоҷик, шогирди Алоуддини Қушчӣ. Дар Ҳирот кор кардааст. Доир ба астрономия ва математика таълифоти зиёд дорад. «Мифтоҳи бист боб дар маърифати устурлоб» («Калиди дувоздаҳ боби маърифати устурлоб»), «Шарҳ-ул-мулаххас филҳайя», «Рисолат-улкура», «Рисола дар маърифати рубъ», «Матлаъ …
Муфассал »УСТУРЛОБӢ – Абулқосим Ҳусайн ибни Аҳмади Бағдодӣ
УСТУРЛОБӢ Абулқосим Ҳусайн ибни Аҳмади Бағдодӣ (соли таваллуд номаълум—вафот 1156), машҳур ба Бадеи Устурлобӣ. Мунаҷҷим ва риёзидони асри 12. Асрори падидаҳои фалакӣ ва хусусиятҳои асбобу афзори мушоҳидавиро хуб медонист. Бо асбобҳои ихтироъкардааш ҷараёни нур ва миқдори онро андозагирӣ кардааст. Таҷрибаҳои гузаронидааш ба қонунҳои Уқлидус (Евклид) татбиқ шудаанд. Кураи «зот-ул-»курсӣ»-ро такмил …
Муфассал »ШАРАФУДДИНИ ТУСӢ
ШАРАФУДДИНИ ТУСӢ Шарафуддини Музаффар ибн Муҳаммади Тусӣ (с. тав. номаълум, Тус — ваф. тақр. 1210), мунаҷҷим ва риёзидони форс-тоҷик. Қисми асосии ҳаёташ дар дарбори амирони Ҳамадон гузаштааст. Аз таълифоти Шарафуддини Тусӣ асарҳои зерин то замони мо расидаанд: «Масоили ҷабр ва муқобала», ки он бо номи «Рисолаи муодилот» низ маълум аст. …
Муфассал »ХОРАЗМӢ Муҳаммад ибни Мусо (Ал Хоразмӣ)
ХОРАЗМӢ Муҳаммад ибни Мусо (780, Хева —850, Бағдод), ҳайатшинос, риёзидон, муаррих ва ҷуғрофидони асрҳои миёнаи Шарқ. Аслан эронинажод будааст. Аз ҷавонӣ ба омўзиши илмҳои замонаш пардохта, барои такмили дониш аввал ба Ҳиндустон ва баъд ба маркази илми хилофати аббосӣ — ш Бағдод рафт. Дар он ҷо ба «Байт-ул-ҳикмат»-и Маъмун дохил шуда, …
Муфассал »