ПРОГРАММАСОЗӢ, просесси пайдарпайю муназзам тартиб додани амалҳо (программаҳо) барои компютерҳо; соҳаи илмист, ки программаи ҳисобмошинҳо ва тарзу усули тартиб додан, санҷидан ва мукаммал кардани онҳоро меомӯзад. Ҳар як ҳисобмошин автомати хотирадореро мемонад, хотираи он аз олати ҳифзӣ, олати идоракунӣ ва олати арифметикӣ ташкил ёфтааст ва дар он баъзе амалҳо иҷро …
Муфассал »ПРОГРАММАСОЗИИ ХАТТӢ
ПРОГРАММАСОЗИИ ХАТТӢ, соҳаи илми математика, ки назария ва усулҳои дарёфти экстремумҳои функсияҳои хаттиро дар маҷмӯъҳо меомӯзад. Маҷмӯъҳои зикршуда асосан бо системаи нобаробарӣ ва баробариҳои хаттӣ дода мешаванд. Масъалаҳои Программасозии хаттӣ моделҳот математикии бисёр масъалаҳои мазмуни техникию иқтисодӣ дошта мебошанд. Ба сифати мисол чунин масъалаи баплангирии кори муассисаро муоина мекунем. Барои …
Муфассал »ПРОГРАММАСОЗИИ МАТЕМАТИКӢ
ПРОГРАММАСОЗИИ МАТЕМАТИКӢ, соҳаи илми математика, ки назария ва усулҳои дарёфти экстремумҳои функсияҳоро ҳангоми иҷро шудани баъзе шартҳо хатти ва ғайрихаттӣ меомӯзад. Мундариҷаи «программасозии математикӣ»-ро интихоби тартиби амалҳои ҳалли масъала ташкил медиҳад. Ҳалли масъалаи программасозии математикӣ х*-ро нуқтаи оптималӣ (вектор) меноманд. Программасозии математикӣ аз фаслҳои зерин иборат аст: п р о …
Муфассал »ПРОГРАММАСОЗИИ ДИНАМИКӢ
ПРОГРАММАСОЗИИ ДИНАМИКӢ, фасли математика мебошад, ки назария ва тарзи ҳалли масъалаҳои серзинаи идоракунии оптималиро тадқиқ мекунад. Барои идора кардани просессҳои Программаи динамикӣ усулеро интихоб мекунанд, ки он қимати экстемалӣ (калонтарин ё хурдтарин)-и функсияи матлубро ифода кунад ва ягон сифати ададии просессро шарҳ диҳад. Агар мафҳуми «программасозӣ» тарзу усули «интихоби ҳал», …
Муфассал »ПРОГРАММАСОЗИИ АССОТСИАТИВӢ
ПРОГРАММАСОЗИИ АССОТСИАТИВӢ, маҷмӯи усулҳои далли масъалаҳои ахбориву мантиқист, ки ба амалӣ гардонидани программавии алоқаи ассотсиативии байни санадҳои дар олатнӯи ҳофиза (ОҲ)-и ҳисобмошинҳои рақамӣ (ҲМР) маҳфуз гардида асос меёбанд; фасли программасозӣ барои ҲМР аст, ки дар адабиёти хориҷа бо номҳои зерин маълуманд: коркарди феҳристии санадҳо, усули уқдавии ташкили санадҳо, усули адресонии …
Муфассал »