Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОГРАММАСОЗИИ АССОТСИАТИВӢ

ПРОГРАММАСОЗИИ АССОТСИАТИВӢ

ПРОГРАММАСОЗИИ АССОТСИАТИВӢ, маҷмӯи усулҳои далли масъ­алаҳои ахбориву мантиқист, ки ба амалӣ гардонидани программавии алоқаи ассотсиативии байни санадҳои дар олатнӯи ҳофиза (ОҲ)-и ҳисобмошинҳои рақамӣ (ҲМР) маҳфуз гардида асос меёбанд; фасли  программасозӣ барои ҲМР аст, ки дар адабиёти хориҷа бо номҳои зерин маълуманд: коркарди феҳристии санадҳо, усули уқдавии ташкили санадҳо, усули адресонии занҷирӣ, усули калимаҳои идоракунанда. Дар мавриди коркарди мантиқии ахбори объектҳои гуногун, ки ҳайат ва миқдорашон дар просесси ҳал тағйир ёфта меистанд ва пешакӣ ҳаҷми са­надҳои ОҲ-и ҳисобмошинро муайян кардан имкопнопазир аст, Программаи ассотсиативиро истифода мебаранд.

Дар  Программаи ассотсиативӣ феҳрист гуфта гурӯҳи санадҳоеро меноманд, ки аз рӯи ягон аломаташон муҷтамеъ шудаанд. ОҲ-и ҳисобмошин феҳристи пай дар пай (санадҳо дар ячейкаҳо бо нишондоди пай дар пайи адресҳо Чой мегиранд) ё феҳристи занҷирӣ (санадҳо тавассути адресҳои алоқа муҷтамеъ шудаанд) дорад. Адреси алоқа якҷоя бо узви феҳрист маҳфуз аст ва мавқеи ояндаи феҳристро нишон медиҳад. Дар ин маврид аъзои феҳрист дар ОҲ озод бошад ҳам шохаи таҳтфеҳристро нишон медиҳад. Маҷмӯи феҳристро якҷоя бо шохаҳои таҳтфеҳрист структураи феҳрист меноманд. Афзалияти усу­ли занҷирии ташкили феҳрист дар он аст, ки аз ҷои дилхоҳи феҳрист (бидуни ҷой ивазкунандаи аъзои боқимонда) метавон аъзоҳои навро дохил ё худ аъзоҳои нодаркорро хориҷ кард. Яке аз дигаргунии усу­ли занҷирии ташкили феҳрист усу­ли лонавӣ ва усули гиреҳӣ (уқдавӣ) мебошад Дар мавриди истифода бурдани усули л о н а в ӣ аъзои як феҳрист дар ячейкаҳои ОҲ мураттаб ҷой мегиранд. Дар ин маврид дар калимаҳои феҳристӣ танҳо ад­реси навиштаҷоти объектҳое нишон дода мешаванд, ки аъзои ҳамон як феҳрист мебошанд. Усули уқдав и и сохтани феҳрист барои ташки­ли структураҳои серфеҳрист мусоидат мекунад. Дар феҳристҳои уқдавӣ аз ҳар кадом узви феҳрист ба бисёр аъзои дигар гузаштан мумкин аст. Дар ин маврид ҳар як аъзо чун уқдаи буриши феҳристҳои зиёде хизмат мекунад.

Ад.: Китов А. И., Программирова­ние информационно-логических задач, М., 1967.

Т. Ҳаитов, Ҳ. Наҷмиддинов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …