Маълумоти охирин
Главная / Теги: мева

Теги: мева

ТАРМЕВА

meva

ТАРМЕВА, меваҳои тару хӯрданбоби рустаниҳои кишта ва худрӯйро гӯянд. Тармева тухмдор (себ, нок, биҳӣ), донакдор (зардолу, олу, гелос, олуболу, шафтолу ва ғайра), цитрусӣ (афлесун, лиму, норанҷ, грейпфрут ва ғайра), субтропикию тропикӣ (анҷир, анор, нағзак (манго), ананас, муз (банан), авокадо) ва ғуҷуммевадор (қот, марминҷон, бектошӣ, ангур, ва ғайра) мешавад. Тармеваро хоҷагиҳое, …

Муфассал »

РАСИШИ МЕВА

shaftolu

РАСИШИ МЕВА, пухтани ме в а, маҷмӯи тағйироти морфологию биохимиявии мева, ки дар натиҷаи он тухм пурра ба зоими растаниҳои нав мубаддал мегардад, мевапарда бошад, тухмро муҳофизат ва пақн мекунад. Баъди гардолудшавии гулҳо дар растаниҳои мевадор ғӯрак пайдо мешавад, ки бошиддат месабзад. Дар дохили гӯрак ташаккул ва расиши тухм ба …

Муфассал »

Ангури ҚАЛАМФУРӢ

angur1

ҚАЛАМФУРӢ, як навъ ангури маҳаллист. Токаш тезсабз; 38,5%-и навдаҳояш ҳосил медиҳад. Баргаш мудаввар, 5-парра, гулаш дуҷинса, хушааш калон (вазнаш 320—350 г), донааш калон, байзашакли дарозруя, сурхи сиёҳтоб, Серобу хуштаъм (қандаш 21—23%, туршиаш 8—9 г/), пусташ ғафс (2—3-то тухм дорад). Даври нашваш 150 —155 рӯз. Аз ҳар га токзор 90—110 ц …

Муфассал »

ШОҲТУТИ ЗАМИНӢ

shahtuti-zamini

 ШОҲТУТИ ЗАМИНӢ, шаҳтути заминӣ, қулфнай, қулфунай (Fragaria ananassa), гиёҳи бисьёрсолаи зироатиест аз оилаи настараниҳо; як навъ меваест ба монанди марминҷон, тамашк ва шаҳтут. Навдаҳояш ба монанди адирик реша меронанд. Пояаш сершох (то 35 см қад мекашад). Баргаш мураккаб (аз 3 баргчаи гирда 6 байзашакли дандонадор иборат аст; дарозиаш 5—15 см, …

Муфассал »

Зардолуи ШИРПАЙВАНД

subhoni-zardolu

ШИРПАЙВАНД, навъи зардолуи маҳаллиро гуянд. Бештар дар боғҳои Конибодом, Исфара, Хуҷанд ва вил. Фарғонаи РСС Узб. меруяд. Дарахташ тезсабз, хамидашох, соли 2 —3-юм ҳосил мебандад. Мевааш калони байзашакл (вазни як донааш 50—55 г), ҳангоми пухтан сафед, болояш андак сурхтоб мешавад, пусташ тунук. Ба зардолуи навъи моҳтобӣ монанд аст. Миёнадҳои моҳи …

Муфассал »

Ангури ШИРОБАК

angur

ШИРОБАК, як навъ ангури маҳаллист. Токаш нисбатан тезсабз. Баргаш 5-парра (баъзан 3-парра), хушааш андаряк 250—300 г, донааш мудаввар, сабз ё сабзи зардтоб, сероб (қандаш 20,8%), пусташ нисбатан ғафс (2—4-то тухм дорад). Даври нашваш 140— 145 рӯз. Аз ҳар га токзори Ш.то 120 ц ҳосил меғундоранд. Барои тархурӣ ва майкашӣ истифода …

Муфассал »

ШИРИН ДОНА

meva

ШИРИН ДОНА, 1) навъҳои бодоми ширинмағзро гуянд (мас., каҷакбодом, қоғатаки ялтагӣ ва ғ.); 2) як навъ анҷиршафтолуест, ки мағзи донакаш ширин аст ва онро донакширин ҳам мегуянд; 3) чанд навъ анори шириндонаи сафед ва сурхро гуянд, ки назар ба анори турш ва нордон хеле ширин ва сершираанд; 4) баъзе навъҳои …

Муфассал »