Маълумоти охирин
Главная / Теги: дарахт (страница 5)

Теги: дарахт

ШАФТОЛУ

ШАФТОЛУ (Persica), ҷинси бутта ё дарахти мевадорест аз оилаи настараниҳо. Дарахти Шафтолу 3—5 м қад мекашад. Баргаш нештаршакли дарозруя (дарозиаш 10—18 см, бараш 2—5 см), дандонадор, гулаш сурх ё гулобӣ, мевааш кулула, тухмшакл, гирда ё дарозруя, пашмакдор ё лучак, рангаш гуногун (аз сабзи сафедтоб то норинҷӣ), пусташ тунук, мағзаш сафед, …

Муфассал »

ШАМШОДИҲО

shamshod

ШАМШОДИҲО, шумшодҳо (Buxaceae), оилаи бутта ё дарахтони хурди ҳамешасабзро гӯянд. Тақр. 6 чинс (қариб 40 намуд)-и Шамшодиҳо асосан дар ноҳияҳои субтропикӣ ё тропики ва баъзеашон дар ноҳияҳои иқлимашон муътадил мерӯянд. Дар СССР 2 чинси худрӯй ва 3 ҷинси мазрӯи Шамшодиҳо месабзанд. Аз ҷумла дар Тоҷикистон 2 ҷинси Шамшодиҳо (шамшод ва …

Муфассал »

ШАМШОД

shamshod

ШАМШОД, 1) шумшод (Buxus), як ҷииси бутта ё дарахтони хурди ҳамешасабзеро гуянд (аз оилаи шамшодҳо). Баргаш думчакӯтоҳ, гулаш майдаи бегулбарг. Мевааш ғӯзаи сеқирраи тухмдор, тухмаш сиёҳи байзашакл. Дар СССР 2 намуди худрӯй — В. colchica (Кавкази Ғарбӣ) ва В. hyrcana (Талыш) ва 4 намуди мазрӯи Шамшод месабзад. Ҳама намуд ва …

Муфассал »

ЧӮБ

chub

ЧӮБ, он қисми сахту ғафси танаву шохаи дарахтро гӯянд, ки баъди буридан аз шоху навдаҳо тоза кардаанд. Чўбро асосан дар бинокорӣ ба кор мебаранд. Аз он тахта, фанер, шпала ва ашьёҳои гуногун низ тайёр мекунанд. Аз ғӯлачӯб (чӯбҳои ғафси кӯтоҳ) целлюлоза истеҳсол менамоянд.

Муфассал »

ЧОРМАҒЗ

chormaghz

ЧОРМАҒЗ, ҷавз, гавх, гирдакон, (Juglans regia), як навъ дарахти мевадорест (аз оялаи чормағзиҳо). То 30 м қад мекашад, сершох аст. Чормағзори табии СССР асосан дар кӯҳистони Осиёи Миёна (Тяёншон, Помиру Олой ва Кабуддоғ) ва қисман дар Кавказ ҷойгир аст. Чормағззори табиии республика асосан дар Тоҷикистони Марказӣ (қ-кӯҳҳои Ҳисор, Қаротоғ, Пётри …

Муфассал »

ЧОЙ

choy

ЧОЙ, чо, 1) буттаи чой, дарахти чой, чойбун (Thea sinensis), як навъ бутта ё дарахти хурди ҳамешасабзро гӯянд, ки барги махсус хушконидаи онро дар оби ҷӯш дам карда менўшанд; аз рўи таснифоти ботаника ба оилаи чойиҳо тааллуқ дорад. Дар шароити зироат то 1,5 м қад мекашад. Баргаш дарозрӯяи нӯгтез (6—30 …

Муфассал »

ЧИНОР

chanor

ЧИНОР, чанор, чинол, дулб (Platanus orientalis), дарахти азимест (аз оилаи чинориҳо), ки баргҳои панҷамонанд ва чӯби сахт дорад. Дар шароити Помиру Олой то 10—35 м қад мекашад, диаметри танааш ба 8,5 м мерасад. Дарахти хеле сершоху сербарг аст; дар сояи он китобхона, чойхонаву ошхона ҷой мегирад. Чинори худрӯй хоси ҷангалзори …

Муфассал »

ЧЕЛОН

chelon

ЧЕЛОН, 1) чилон, ҷелон, чилуно, чойлон, чилонҷигда, санҷиди челонӣ, унноб, дарахти унноб, табархун, зизуфа, ғубайрои чин чин (Zi-zyphus juluba), бутта ё дарахтест, аз оилаи Rhamnaceae. Мевааш санҷидмонанд аст, аз ин рӯ санҷиди гургонӣ ё челонҷигда низ мегӯянд. Рӯдакӣ гуфтааст: Санҷиду челон бад-ӯ нима шуда,  (Нуқтаи) сурма бад-ӯ як-як зада. Челон …

Муфассал »

ЧАЛҒӮЗА

chalghuza

ЧАЛҒЎЗА, ҷалғӯза, 1) дарахти ҷалғӯза, шарбин (Larix), як ҷинси дарахтони сӯзанбаргро гӯянд (аз оилаи санавбариҳо). То 30—35 м қад мекашад. Сӯзанбаргаш дар навдаҳои дароз ва шохчаҳо (дар ҳар банд 20—40-тоӣ) ҷой гирифтааст. Тухмаш майда, паррадор, бод мебарад. Дарахти Чалғўза ба шароит хуб мутобиқ шудааст, ба хок камталаб ва рӯшноипарвард аст. …

Муфассал »

ХУҶДОРИҲО

xujdoriho

ХУҶДОРИҲО, девмашангиҳо (Verbenaceae), оилаи гиёҳ, бутта, лиана ва дарахтонро гўянд. Барги содда, баъзан панҷа монанди дандонадор ё яклухт, гули асосан 5-барга, хӯшагули саракмонанд 6 чатршакл, меваи донакдор ё ғӯзаи 2- 4-палла доранд. Дар Тоҷикистон 2 намуди худрӯи Xуҷдориҳо— хуҷдор ва симолӣ нуму меёбад. Бисёр намудҳои Xуҷдоиҳо аҳамияти хоҷагӣ доранд. Mac., …

Муфассал »