Маълумоти охирин
Главная / Теги: Ботаника (страница 3)

Теги: Ботаника

ШУТУРПОӢ

shuturpoi

ШУТУРПОӢ, шутурпоӣ, сапали шутур, саъла, суъла, суъала, суолӣ, барги яхак, гули дуру (Tus-p silago farfara), гиёҳест худруй, ки баргаш ба кафи пои (сапали) шутур монандӣ дорад; аз рӯи таснифоти ботаника гиёҳи бисьёрсолаест аз оилаи мураккабгулҳо. Пояаш рост, кутоҳ (17—25 см), бешоха. Онро баргҳои пулакчамонанди буртоби серпашмак пушидаанд. Дар нуги поя …

Муфассал »

ШУМГИЁҲИҲО

shumgiyohiho

ШУМГИЁҲИҲО (Orobanchaceae), оилаи гиёҳҳои яксола ё бисьёрсолаеро гуянд, ки дар решаи растаниҳои дигар паразитӣ мекунанд. Пояи бешох, баъзан шохчадор, барги пулакчамонанд (одатан бехлорофилл) доранд. Решаи онҳо дар ҷараёни таҳаввулот ба танобча (гаустория) табдил ёфтааст. Танобчаи Ш. аз бофтаи бехи растаниҳои дигар моддаҳои ғизоиро меҷаббад. Гули дуҷинсаи гуногунранг, ғузаи сертухм (тухми …

Муфассал »

ШОҲТАРАИҲО

shohtaraiho

ШОҲТАРАИҲО, шотараиҳо  (Fumariaceae), як оилаи растаниҳои дупалларо гӯянд. Ш. қариб 400 намуд (16 ҷинс)-и гиёҳҳоро дарбар мегиранд. Барги онҳо одатан чок-чок аст; баргҳо дар бехи поя ё поя (пайдар ҳам ё рӯ ба рӯ) ҷой мегиранд. Гули майдаи базеб. 4-барга (2-то аз дарун ва 2-то аз берун ҷойгиранд), дуҷинса, руяки …

Муфассал »

ШОҲБЕЗАК

shohbezak

ШОҲБЕЗАК, белладона гиёҳи заҳрноки бисьёрсолаест аз оилаи авранҷиҳо. То 2 м қад мвкашад. Пояаш сершох, баргаш байзашакл (дарозиаш то 20 см, бараш то 12 см), гулаш зангулашакли сурх ё бури бунафштоб, (дарозиаш 2—3 см), мевааш сиёҳи  ҷилодор, сертухм, ба ангури сагак монанд аст. Ш.-и худруй дар Европаи Ғарбӣ, Крим, Кавказ …

Муфассал »

ШОХ

shagh

ШОХ 1) шаҳ, шоха, шафша, шағ, шуғ, як қисми сербарги тана (поя)-и растаниро гӯянд. Танаи растанӣ дар давраи нашв дар баландии муайян Ш. мезанад. Ш.-ҳо дар навбати худ шохачаҳо меронанд. Маҷмӯи Ш.-ҳо ба буттаву дарахт шакли муайян медиҳад; 2) шағ, шуғ, сарун, қисми устухонист, ки ба сари баъзе ҳайвонҳо (оҳу, гавазн, …

Муфассал »

ШИЛХА

shilkha

ШИЛХА, шулха, шулух, шилҳа, судқӣ, туршак, туруша, турушадк, ҳуммоз, қав, қалдирмоҳ, сурхпой, сурхчуба (Rumex), як ҷинси гиёҳҳои яксола ва бисёрсолаест аз оилаи торониҳо. Пояаш рост, сахт, сабз, баъзан сурхтоб, камшоха (аз 6 ом то 2 м қад мекашад). Дар дуньё тақр. 200 намуди Ш. маълум аст. Дар Тоҷикистон 8 намуди …

Муфассал »

ШИЛМ

shilm

ШИЛМ, шилим, зинҷ, самғ, шираи часпакест, ки ҳангоми касалӣ ва осебёбии пусти растанӣ (хусусан буттаву дарахтони мева) ба руй баромада шах мешавад. Ниг. низ Самғ.

Муфассал »

ШИБРАМ

sibram

ШИБРАМ, гиёҳест биёбонӣ, баландпоя, рост ва ширадор монанди най, ки дар тибби қадим барои муолиҷаи истиско (обхура), дуланд, мафосил ва ғ. ба кор мебурданд.

Муфассал »

ШИБОҒЧОЙ

shiboghchoy

ШИБОҒЧОЙ (Orostachys thyr-siflora), як навъ гиёҳест аз оилаи ушкуфаиҳо. Зоҳиран ба гиёҳи ушкуфа монанд аст. Пояи гулдораш 5—20 см қад мекашад. Баргаш сергушт, сегуша; дар бехи поя зич месабзад. Гулаш 5-баргаи сафед ё гулобист (дарозии гулбаргаш 5—6 мм). Тухмаш майда, байзашакл. Дар баландкуҳҳо, санглохи нишебии куҳҳо, шахсор, баъзан дар шағалу …

Муфассал »