БОЗИҲОИ ВАРЗИШӢ, навъи бозиҳои мусобиқавӣ. Бо ягон олоти варзишӣ (масалан, тӯби варзишӣ) бо истифода аз усулҳои техникию тактикӣ ба дарвоза ё майдончаи ҳариф задан ё партофтани туб. Мазмуну ташкили Бозиҳои варзишӣ ба тавассути қоидаҳои расмӣ ба низом медарояд. Аксарияти Бозиҳои варзишӣ аз маҷмӯи ҳаракатҳои табиӣ, машқҳои ҷисмонӣ (дав, ҷаҳиш, партофтан, …
Муфассал »БОЗИҲОИ БАЧАГОН
БОЗИҲОИ БАЧАГОН, яке аз воситаҳои тарбияи фикрӣ, ахлоқӣ, ҷисмонӣ ва зебоишиносии бачахо. Дар бозӣ ҳолатхои рӯҳӣ: эҳсосот, идрок, тафаккур, хаёл, хотира, ирода ва ғайра инкишоф меёбад. Дар Бозиҳои бачагон мазмуни фаъолияти калонсолон инъикос меёбад ва онҳо се хусусият доранд: бача бозиро озод ва бо майли худ иҷро мекунад; дар бозӣ …
Муфассал »БОЗИИ ЧАШМБАСТА
БОЗИИ ЧАШМБАСТА, бозии нодид, як навъ бозиест дар шоҳмот, ки бозигар (ба танҳоӣ ё якҷо бо рақиб) бидуни он ки ба тахтаи шоҳмот нигарад, ҳаракати муҳраҳоро (бо такя бар нерӯи ҳофиза) эълом медорад. Аз афроде, ки бори нахуст бо чашми баста шоҳмот бозидааст, Саййид ибни Ҷубайд (фавт 714) ёдоварӣ шудааст. …
Муфассал »БОЗИИ ҲАМЗАМОН
БОЗИИ ҲАМЗАМОН, мусобиқаи шоҳмоти оммавӣ, ки дар он нафаре ҳамзамон бо чандин нафари дигар бозӣ мекунад. Дар ин намуд бозиҳо, тибқи қоида, бозигари касбии сатҳи баланд ҳатман бо муҳраҳои сафед бо гурӯҳи бозигарони ҳаваскор ба рақобат мепардозад. Такрибан тамоми чемпионҳои ҷаҳон махорати худро дар ин бозӣ намоиш додаанд. Бозии ҳамзамон …
Муфассал »БОЗИИ САРЕЪ
БОЗИИ САРЕЪ, як намуди бозии роиҷ дар шоҳмот, ки ҳангоми он барои як дидор на беш аз як соат (ба ҳар як рақиб на беш аз 30 дақиқа) вақт дода мешавад. Қоидаҳои Бозии сареъ соли 1987 дар Маҷмаи кулли Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФБШ) дар шаҳри Севил ба тасвиб расидаанд. Ин …
Муфассал »БОЗИИ МУКОТИБАӢ
БОЗИИ МУКОТИБАӢ, яке аз намудҳои хеле маъмулӣ бозиҳои ғоибона дар шоҳмот, ки ҳарифон гаштҳои худро бевосита аз тариқи почта ирсол медоранд. Бозии мукотибаӣ бори нахуст соли 1694 дар китоби шарқшиноси англис Т. Хайда «Дар боби бозиҳои шарқиён» ёдоварӣ шудааст. Ӯ менависад: «Шунидам бозаргонони венетсиягию хорватӣ, ки дар дуриҳои дур аз …
Муфассал »БОЗИИ БАРҚОСО
БОЗИИ БАРҚОСО, блитс (аз олмонӣ Blitz – барқ), як навъи бозии шоҳмот, ки ҳангоми он бар хилофи бозиҳои маъмулӣ ва расмӣ (1-3 соат тӯл мекашад) барои ҳар тараф аз 3 то 5 дақиқа вақт дода мешавад. Қавонини ин бозӣ маъмулиянд, ба ҷуз чанд вижагии муқарраршуда. Нахустин мусобиқаи Бозии барқосо дар …
Муфассал »Лоторея
ЛОТЕРЁЯ – шакли ихтиёрӣ оид ба ҷалбкунии маблағҳои аҳолӣ бо роҳи фурӯши билетҳои лотерея. Лоторея аз калимаи итолиёӣ «lolteria» ва франсузӣ «hlot» — қуръа гирифта шудааст. Қисми маблағи ҷамъшуда ба тариқи бурд дар намуди пулӣ ё молӣ боз ба харидорони билет баргардонида мешавад. Шаклҳои бештар паҳншудаашон: муқаррарӣ, спортӣ, рақамӣ. Дар …
Муфассал »