Маълумоти охирин
Главная / Теги: шеър (страница 3)

Теги: шеър

ТАРСЕЪ

sher

ТАРСЕЪ (араби — ғавҳар нишонидан ба чизе), 1) аз пешаҳои халқии тоҷикист иборат аз нигинакорӣ кардани чизе (масалан, камарбанд); 2) аз санъатҳои бадеии лафзӣ — иборат аа мувозинатӣ калимаҳои мисраи якум бо дуюм аз ҷиҳати сифату миқдор. Родуёнӣ хола-хона овардани бахшҳои сухан ва Шамси Қайси Розӣ «мусаҷҷаъ гардонидани калимот», «мутасовӣ …

Муфассал »

ТАРКИББАНД

sher

ТАРКИББАНД шеърест иборат аз чанд банд, ки ба воситаи байти восила ба ҳам пайваста мешаванд. Ҳар банди Таркиббанд шеъри алоҳида (қасида, ғазал) аст дар мавзӯъҳои мухталиф. Аз тарҷеъбанд бо он фарқ мекунад, ки байти восилааш баъди ҳар банд тағйир меёбад. Масалан як банди Таркиббанд-и Ҷомӣ (ки аз 7 банд иборат …

Муфассал »

ТАНОФУР

sher

ТАНОФУР (арабӣ — нафрат кардан, аз яқдигар дури ҷустан), танофури қуруф, иллатишеърро гӯянд, ки дар натиҷаи пай дар ҳам омадани овозҳо (ҳарфҳо)-и махраҷашон ба ҳам наздик ба вуҷуд меояд. Талаффузи ин овозҳо душвор аст ва ба гӯш сахт мерасад. Мувофиқи гуфтаи Родуёнӣ танофур ду хел мешавад: овозӣ (танофури ҳуруф) ва …

Муфассал »

ТАНОСУБ

book-1

ТАНОСУБ яке аз санъатҳои бадеии маънавист. Бино ба он су суханвар дар асараш бояд чунон калимаҳоеро истифода намояд, ки яке ба дигаре тааллуқ дошта, ҳамдигарро пурра карда тавонанд: Раҳ ёфтиву дар шаби торик давидӣ, Ҳангоми саҳар чун шафақи сурх дамидӣ. (М. Турсунзода Мафҳумҳои байти мазкур— «раҳ ёфтан», «шаби торик», «давидан», …

Муфассал »

ТАМСИЛ

sher

ТАМСИЛ (арабӣ — мисол овардан), 1) яке аз санъатҳои бадеии маънавист дар адабиёти тоҷик. 2) порчаҳои шеърӣ, манзумаҳое, ки дар дохили достонҳо, асарҳои насрӣ омада, ягон воқеаи пандомӯз, масал, афсонаҳои ҳикматомеэи халқӣ, ҳикоя ва латифаҳоро дар бар мегиранд. Тамсил ҳамчун ҳикояти хурди рамзӣ дар адабиёти классикии форс тоҷик маъмул буд; …

Муфассал »

ТАЛМЕҲ

book-1

ТАЛМЕҲ (арабӣ — ҷастани барқ), як навъ санъати бадеист. Ба қавли Шамси Қайси Розӣ, талмеҳ бо алфози андак бар маонии бисёр далолат кардан аст. Масалаан, шоир бештар ба воқеаҳои таърихӣ, асотирӣ, ба намҳои шахсони мӯътабар ва осори онҳо ишора намуда, ба ин восита ба тарзи мӯҷаз фикри худро қувват мадиҳад. …

Муфассал »

ТАКРОР

sher

ТАКРОР яке аз санъатҳои бадеии лафзист иборат аз такроран кор фармудани калимаю ибора ё гурӯҳи калимаҳо дар мисраъ ва байту бандҳои шеър ё порчаҳои мансур. Такрор бо предмети тасвир, мавзӯъ ва ғояи асар робитаи мустаҳкам дорад. Дар рубоии зерини Рӯдакӣ сухан аз мардӣ меравад ва мақсади шоир низ таъкиди чунин …

Муфассал »

ТАЗМИН

sher

ТАЗМИН (арабӣ—дар зимн овардашуда), як тарз ё санъати шеъргӯист иборат аз иқтибоси порчаи асари муаллифе аз тарафи муаллифи дигар бо мақсади боэътимодтар кардани фикри бикраш ва ё барҷастатар намудани каломи бадеияш. Гоҳе шоир, ба мисли Анварӣ, пораи асари пешинаи худро иқтибос оварда метавонад. Тазмин баъзан дар асарҳои ҳаҷви низ ба …

Муфассал »

ТАВОРУД

sher

ТАВОРУД (арабӣ —паёпайомадан, бо ҳам дар як ҷо фуруд омадан), дохил шудани маънии шеъри як шоир ба шеъри дигар, тасодуфан кор фармуда шудани айни як мазмун дар ашъори ду шоири мухталиф. Масалан, байтҳои зерин аз шоирони гуногун буда, мазмунан яканд: Дар азал акси маи лаъли ту дар ҷом афтод, Ошиқи …

Муфассал »

ТАВИЛ

sher

ТАВИЛ (арабӣ — дароз, баланд), яке аз баҳрҳои панҷгонаи арӯзи араб. Рукни солими тавил дубор фаӯлун (V ), мафоилун(V ) буда, навъҳои он аз такрору омезиши зиҳофи рукни фаулун: фаӯлу — мақбуз ва ду зиҳофи рукии мафоилун: мақбуз — мафоилун, маҳзуф фаӯлун ба вуҷуд меоянд. Мисолҳо барои тавил: 1. Тавили …

Муфассал »