Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шаҳр (страница 21)

Теги: Шаҳр

Шаҳри СУЗДАЛ

suzdal

СУЗДАЛ, шаҳрест дар вилояти Владимири РСФСР, яке аз қадимтарин шаҳрҳон рус, ки дар он ёдгориҳои меъмории сершуморе маҳфузанд. Нахустин бор соли 1024 ном бурда шудааст. Дар нимаи якуми асри 12, дар аҳди Юрий Долгорунии, Суздал маркази князии Ростову Суздал буда, баъд ба ҳайати князии Владимиру Суздал дохил шудааст. Аз ачри …

Муфассал »

Шаҳри СУВА

suva

СУВА (Suva), пойтахт ва бандари давлати Фиҷи. Дар қисми ҷанубу ғарбии уқёнуси Ором, дар ҷазираи Вити-Леву воқеъ гаштааст. Аҳолиаш қариб 75 ҳазор нафар (198З). Дар Сува корхонаҳои саноати масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ, собунпазӣ ва заводҳои қанд мавҷудашд. Аз Сува ба хориҷа қанд, копра, равғани норҷил, банан, тилло кашонда мешавад. Ҷои туризм …

Муфассал »

Шаҳри СТРАТФОРД-ОН-ЭЙВОН

stratford-on-avon

СТРАТФОРД-ОН-ЭЙВОН (stratford on avon), шаҳрест дар графии Уорикшири Британияи Кабир, дар соҳили дарёи Эйвон, наздикии Бирменгем. Аҳолиаш 100 ҳазор нафар (1976). Зодгоҳи У. Шекспир. Дар Стратфорд-он-эйвон музейхонаи Шекспир ва Театри ёдгорӣ мавҷуданд.

Муфассал »

Шаҳри СТОКГОЛМ

stokholm-city

СТОКГОЛМ (stokholm), пойтахти Швеция, бандар дар соҳили баҳри Балтика. Аҳолиаш 630 ҳазор нафар (1985). Соҳаҳои асосии саноаташ: мошинсозӣ (радиотехника ва радиоэлектроника), полиграфия, саноати сабук, хӯроскворӣ, дорусозӣ ва химия. Аэропорти байналхалқӣ (Арланда) ва дохилӣ (Бромма), инчунин метрополитен дорад. Дар Стокголм университет, мактабҳои олӣ, институтҳои тадқиқоти илмӣ, Академияи Фанҳои шоҳии Швеция ва …

Муфассал »

Шаҳри СТАВРОПОЛЬ

stavropol

СТАВРОПОЛЬ (1935 — 43 — Ворошиловск), шаҳр, маркази кишвари Ставрополи РСФСР. Дар баландии Ставрополь воқеъ гаштааст. Стансияи роҳи оҳан, узели роҳҳои автомобилгард. Аҳолиаш 287 ҳазор нафар (1984). Ставрополь яке аз марказҳои калони саноатӣ ва илмию мадании Кавкази Шимолист. Соҳаҳои саноаташ: мошинсозӣ, химия, хӯрокворӣ, сабук. Корхонаҳои саноати мебел, масолеҳи бинокорӣ, комбинати …

Муфассал »

Шаҳри СРИНАГАР

srinagar

СРИНАГАР, шаҳрест дар шимолу ғарбии Ҳиндустон. Дар водии Кашмир, дар соҳили дарёи Ҷелам воқеъ гаштааст. Маркази маъмурии штати Ҷамму ва Кашмир. Аҳолиаш 404 ҳазор нафар (1971). Сринагар узели муҳими нақлиёт ва маркази «калони шоҳибофист. Ҳунармандӣ (қолинбофӣ, мисгарӣ, кандакорӣ, истеҳсоли рӯймолҳои кашмирӣ ва ғайра) ривоҷ ёфтааст. Корхонахои саноати хӯрокворӣ низ дорад. …

Муфассал »

Шаҳри СОЧИ

sochi-chi

СОЧИ, шаҳрест дар кишвари Краснодари РСФСР, калонтарин дар СССР курорти балнеологию лойқаги ва иқлимӣ. Дар соҳили баҳри Сиёҳ ва нишебии шохаҳои қаторкуҳҳои Кавкази Калон ба масофаи 150 км тӯл кашидааст. Аҳолиаш 307 ҳазор нафар (1984). Бандари баҳрӣ ва аэропорти калон дорад. Дар курортҳои Сочи касалиҳои дилу раг, аъзои такяю ҳаракат, …

Муфассал »

Шаҳри СОФИЯ

sofiya

СОФИЯ, пойтахти Республикая Халқии Булғория. Шаҳри калонтарин ва маркази муҳими иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Дар доманаи куҳи Витоша, дар баландии 530—650 м, воқеъ гаштааст. Аҳолиаш қариб 1179 ҳазор нафар (1983). София қариб 15% маҳсулоти саноатии мамлакатро медиҳад. Махсусан соҳаҳои саноати вазнин — металлургияи сиёҳ ва ранга, мошинсозӣ (аз ҷумла асбобсозӣ, …

Муфассал »