«САЛОМНОМА», навъи суруд дар фолклори тоҷик, ки дар тӯи арӯси хонда мешавад. «Саломнома»-ҳо ҳаҷман калонанд. Дар фонди фолклори тоҷики Институти забон ва адабиёти АФ РСС Тоҷикистон зиёда аз 50 варианти «Саломнома» гирд омадааст, ки нусхаи калонтарини он 150 мисраъ мебошад. «Саломнома» бештар дар шаҳрҳои калон маълум буда, онро одамони ҳунарманду …
Муфассал »САРХОНА
САРХОНА, қисми аввали суруд, ки ба андозаи як байти матни суруд иҷро мешавад. Баъзан сархат низ мегӯянд. Сархона дар «Шашмақом» мавқеъ дорад. Пас аз Сархона дар сурудҳои ҳар як мақом миёнхона (миёнхат) меояд, ки онро даромади авҷ низ мегӯянд. Байтҳои дигарро хат меноманд. Нигаред, Хат. И. Раҳимов.
Муфассал »Суруди «САРКАШ»
«САРКАШ», 1), суруди машҳури маросимии давраи Сосониён, ки ҳофизу бастакор Саркаш эҷод намудааст. Суруд Хусрави Парвизро тавсиф менамуд ва аз ин рӯ, дар асрҳои минбаъда санъаткорон ба он «Суруди Хусравӣ» ном доданд. 2) Шӯъбаи созӣ дар «Понздаҳмақом». 3) Гӯшаи созӣ дар дохили шӯъбаи «Ҳумоюн»-и «Дувоздаҳмақом», ки пас аз муқаддимаи «Ҳумоюн» …
Муфассал »«САРВИ СИТО»
«САРВИ СИТО» 1)суруди Борбади Марвӣ, ки ба муносибати ҷашни Наврӯз тасниф намудааст. 2) Яке аз шӯъбаҳои «Ҳаштмақом». 3) Гӯшаи мусиқӣ дар таркиби шӯъбаҳои «Аширон», «Панҷгоҳ» ва овозаи «Салмак». «Сарви сито» то асрҳои 16—17 дар амалиёти мусиқӣ чун гӯшаи алоҳида иҷро мешудааст. Асосан, онро дар муқаддимаи «Панҷгоҳ», «Аширон» пеш аз мавзуи …
Муфассал »«САРАНДОЗ»
«САРАНДОЗ» 1) суруди маросимии қадимӣ, аз таснифоти Накисои Чангӣ. «Сарандоз» дар асрҳои 9—10 маъмул буда, мардуми Бухоро онро дар ҷашни Сада месароидаанд. 2) Шӯъбае дар «Ҳаштмақом». 3) Гӯшаи созӣ дар дохили шӯъбаҳои «Сабо» ва «Нав- рӯзи хоро».
Муфассал »«РОҲИ ХУСРАВОНӢ»
«РОҲИ ХУСРАВОНӢ» суруди хусравони, суруд, оҳанги силсилавии қадимии форс- тоҷик.
Муфассал »«РОСТ»
«РОСТ» 1. Мақоми чорум дар таркиби «Дувоздаҳмақом». Аз рӯи тафсиру тавзеҳи рисолаҳои мусиқии асҳои 13—17 саршавии қаторовоз — пардаҳои аксари таронаву оҳангҳо ба ин мақом мувофиқ меомадаанд. Дар назарияи мусиқӣ Ростро «уммуладвор» (модари адвори мусиқӣ) мегӯянд. Дар доҳили ҷамъҳо (қаторовозҳо) Рост 43 дойра (дар рисолаи Ҳусайнӣ 40 доира)-ро таш¬кил медиҳад. …
Муфассал »«ФАРЁД»
«ФАРЁД» яке аз сурудҳои маъмули классикии хоси «Мақомҳои Хоразм». Он дар мақомҳои «Рост» ва «Наво» мавҷуд буда, дар «Шашмақом» нест. Мақомҳои Хоразм дар асоси мақомҳои Бухоро «Шашмақом» тартиб ёфтаанд ва аз ҷиҳати сохту номгӯй ба онҳо наздикӣ доранд. Аз ин ру дар мақоми «Рост»— «Талқини Рост» ва дар мақоми «Наво» …
Муфассал »«УШШОҚИ СОДИРХОН»
«УШШОҚИ СОДИРХОН», сурудест аз силсилаи «Ушшоқ», ки онро ҳофизи тоҷик Содирхон Бобошарифов тасниф кардааст. «Ушшоқи Содирхон» ба суруди халқӣ-классикии «Шаҳнози Гулёр» монандӣ дошта, авҷаш аз «Ушшоқи Самарқанд» аст. Вале қисми овозиашро нисбат ба дигар сурудҳои ин силсила ба дараҷаи кварта баланд бардошта сар мекунанд. Матни «Ушшоқи Содирхон» ғазали Ҷомист, ки …
Муфассал »ТАХТИ ТОҚДИС
ТАХТИ ТОҚДИС (номи қаср, ҷои лашкар), 1) оҳанги қадимии маросими, ки Борбади Марвӣ барои Хусрави Парвиз тасниф кардааст; 2) оҳанги панҷум аз оҳангҳои сигонаи Борбади Марвӣ; 3) гӯшаи созӣ дар шӯъбаҳои «Нуҳуфт» ва «Ҳумоюн» («Дувоздаҳмақом»); 4) гӯшаи мусиқӣ дар мақоми «Сегоҳ» (Эрон), ки байни шохаҳои мусиқии «Шоҳхитоӣ» ва «Ранги дилкушо» …
Муфассал »