Маълумоти охирин

«САЛОМНОМА»

«САЛОМНОМА», навъи суруд дар фолклори тоҷик, ки дар тӯи арӯси хонда мешавад. «Саломнома»-ҳо ҳаҷман калонанд. Дар фонди фолклори тоҷики Институти забон ва адабиёти АФ РСС Тоҷикистон зиёда аз 50 варианти «Саломнома» гирд омадааст, ки нусхаи калонтарини он 150 мисраъ мебошад. «Саломнома» бештар дар шаҳрҳои калон маълум буда, онро одамони ҳунарманду хушовоз месароянд. Сарояндаро агар зан бошад, бибиотун (Ленинобод), оймулло (Бухоро), биби халифа (Самарқанд) ва агар мард бошад, сарбайтхон ё нақшхон мегӯянд. Лекин маъмулан «Саломнома»-хон зани синнаш аз 50 боло мебошад. «Саломнома»-ро дар ду мавриди тӯй — истиқболи арӯс дар хонаи домод ва рӯзи рӯйбинон мехонанд. Ҳарду маврид пуртантана ва бо шодиву сурур мегузарад. Сароянда аввал худову пайғамбаронро ситоиш карда, пас ба васфи арӯсу домод ва тӯйдорону хешовандони онҳо мегузарад. Ҷолиби таваҷҷӯд аст, ки аксар сарояндагон мадди худову пайғамбарро партофта, Саломномаро бевосита аз васфи арӯсу домод cap мекунанд. Онҳо дар ҳаққи арӯсу домод суханҳои нек гуфта, ба онон рузгори хуш, хотири болида ва хушбахтӣ орзу мекунанд. «Саломнома» дар замони мо мазмуни нав гирифтааст. Сарояндаҳо шодиву сурури тӯй ва бахти баланди ярӯсу домодро аз файзи замони мо дониста, ба Ҳукумати Советӣ офаринҳо мехонанд. «Саломнома» аз ҷиҳати забону тарзи баён, истифодаи санъатҳои бадеии шеъри ҷолиби диққат аст. Он орзуву ният, тарзи тафаккур ва марому мақсади халқро инъикос менамояд. Бандҳои зерин намунае аз як «Саломнома» мебошанд:
Сароянда:
Чу шаҳду ширу шакар шаванд ин ҳарду,
Ситораҳои муҳаббат шаванд ин ҳарду,
Мисоли Вомиқу Азро шаванд ин ҳарду,
Даме ҷудо нашаванд аз висол ин ҳарду,
Ба он ду гавҳари якто салом мегӯем.
Гурӯҳи занон:
Ҳазор алек.
Сароянда:
Ниҳоли қомати домод баҳравар гардад,
Талаб кунед, ки ӯ шохи пурсамар гардад,
Ба назди халқ дилафрӯзу мӯътабар гардад,
Ҳамеша иззату давлат ёри ӯ гардад.
Ба аҳли байти ҷамоат салом мегӯем.
Гурӯҳи занон: .
Ҳазор алек.
Сароянда:
Азизу мӯҳтарам бодо сари келин,
Ҳазор шукр кунанд хешу хоҳари келин.
Ки ёру дӯст ҳастанд баробари келин,
Либосҳли арӯсӣ дар бари келин.
Ба орзӯи лиқояш салом мегӯем…
Гурӯҳи занон:
Ҳазор алек!
Ад.: Зеҳниева Ф., Сурудҳои маросими тӯи тоҷикон, Д., 1978.
Ф. Зеҳниева.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …