РАСТАНИҲОИ РАВШАНИПАРВАР, гелиофитҳо, растаниҳоеро гӯянд, ки дар ҷойҳои кушод месабзанд ва ба торикии бардавом тоб оварда наметавонанд. Барои мӯътадил сабзидани онҳо нури мунтазами офтоб зарур аст. Растаниҳои калонсол нисбат ба растаниҳои ҷавон зиёдтар равшанӣ талаб мекунанд., Ба Растаниҳои равшанипарвар аз гиёҳҳо барги зулф, нилуфар, аз дарахтҳо дарахти ҷалғӯза, ақоқиб, аз …
Муфассал »РАСТАНИҲОИ ПИЁЗАКДОР
РАСТАНИҲОИ ПИЁЗАКДОР, пиёзакбехҳо, растаниҳоеро гӯянд,ки аксар навдаи шаклдигаркардаи зеризаминӣ — пиёзак доранд. Асосан растаниҳои якпалла (оилаҳои занбақиҳо, косагулҳо, савсаниҳо) ва қисман дупалла (ҷинсҳои туршак ва зубянка) пиёзакбеханд. Растаниҳои пиёзардор махсусан дар ноҳияҳои гармсер бисёранд. Бисёр эфемероидҳо, ки дар мавсими кӯтоқи боронгарӣ нашъунамо ёфта, гулу мева мекунанд, растаниҳои пиёзакбеханд. Растаниҳои пиёзакдор …
Муфассал »РАСТАНИҲОИ ПОЛИЗӢ
РАСТАНИҲОИ ПОЛИЗӢ, зироати полизӣ, растаниҳои палакӣ, баёра, палак, наҷм, як гурӯҳ растаниҳои кишта, ки ба оилаи кадуҳо (каду, тарбуз, харбуза) тааллуқ доранд. Палаки Растаниҳои полизӣ хазида месабзанд ё ба ягон чиз часпида мебарояд. Мамлакатҳои тропикиву субтропикӣ — Осиё, Африка ва Америка ватани аслии Растаниҳои полизианд. Палак растении гармпарвар буда, давраи …
Муфассал »РАСТАНИҲОИ ПЕЧОН
РАСТАНИҲОИ ПЕЧОН, печакҳ о, гиёҳҳои дарахтмонанде, ки ба чизе печида нашъунамо мекунанд. Аз ин ҷиҳат аст, ки дар бешазори тира ё анбӯҳи алафзор Растаниҳои печон баргҳояшонро боло, ба ҷои рӯшноӣ бароварда метавонанд. Онҳо ба ту файли ҳаракати даврзанандаи нӯги пояи худ ва тезсабзиашон ба растаниҳои ҳамшафат мепечанд. Бисёр намудҳои оилаи …
Муфассал »РАСТАНИҲОИ ПАРАЗИТ
РАСТАНИҲОИ ПАРАЗИТ, растаниҳоеро гӯянд, ки пурра ё қисман аз ҳисоби моддаҳои ғизоии организмҳои зинда зиндагӣ мекунанд (ниг. Паразитизм). Растаниҳои паразит дар байни растаниҳои чӣ дараҷаи паст ва чӣ дараҷаи олӣ, аз он ҷумла растаниҳои гулдор вомехӯранд. Занбӯруғҳо, обсабзҳо ва бактерияҳо дар растанӣ, одаму ҳайвонот паразитӣ карда, бисёр вақт боиси касалиҳои …
Муфассал »РАСТАНИҲОИ ОРОИШӢ
РАСТАНИҲОИ ОРОИШӢ, растаниҳои декоративӣ (аз лотинӣ deсоrо — оро медиҳам), гулбутта- ҳо, як гурӯҳи калони растаниҳои худрӯй ва киштӣ, ки аз сабаби гуногуншаклию рангорангии гул, мева ва баргашон барои сабзкории шаҳру деҳот, маҳалҳои аҳолинишин, боғу чорбоғҳо, биноҳои истиқомативу ҷамъиятӣ ба кор мебаранд. (Ниг. низ Растаниҳои хонагӣ). Растаниҳои ороишӣ аз рӯи …
Муфассал »РАСТАНИҲОИ OВE3A
РАСТАНИҲОИ OВE3A, г у л о в е з растаниҳои а м не л ӣ, растаниҳои ороишиеро гӯянд, ки пояҳои овеза, палакмонанд ё хазанда доранд. Онҳоро дар гулдонҳои овеза, тубакҳо ва ғайра мепарваранд. Растаниҳои овеза баргҳои ороишӣ (гули сангкафонак, традескансия, хлорофитум) ва гулҳои зебо (момогул, гули бегона, анҷибари сипарбарг) доранд. …
Муфассал »РАСТАНИҲОИ ОБӢ
РАСТАНИҲОИ ОБӢ, растаниҳоеро гӯянд, ки дар об месабзанд. Онҳоро ба гидрофитҳо (растаниҳои фақат қисми поёниашон дар об) ва гидатофитҳо (растаниҳои пурра ё қисми зиёдашон дар об) ҷудо мекунанд. Гидрофитҳо дар соҳили дарё, ҳавзу кӯлҳо, обанбору баҳрҳо, инчунин дар ботлоқ, марғзорҳои серрутубот мерӯянд. Баъзе гидрофитҳо чун алафҳои бегона (най, яуфобӣ, лух, …
Муфассал »РАСТАНИҲОИ НИМПАРАЗИТ
РАСТАНИҲОИ НИМПАРАЗИТ, растаниҳои паразити тулдоре (масалан, очанка погремок), ки чи аз ҳисоби моддаҳои ғизоии организмҳои дигар ва чи мустақилона ҳаёт мегузаронанд. Растании нимпаразит чунин растаниҳои паразите мебошанд, ки дар ҷараёни таҳаввул ҳанӯз қобилияти ғизогирии пештара (фотоавтогрофӣ)-и ба аҷдодашон хосро тамоман гум накардаанд.
Муфассал »РАСТАНИҲОИ НАХДОР
РАСТАНИҲОИ НАХДОР, растаниҳоеро гӯянд, ки аз онҳо нах ё ашёи бофандагӣ мегиранд. Ба қатори Растаниҳои нахдоо бисёр растаниҳои яксола ва бисёрсолаи оилаҳои гуногун дохил мешаванд. Баъзе намудҳои Растаниҳои нахдор кишт мешаванд. Растаниҳои нахдор дар узвҳои гуногунашон: тухм ё дона (пахта), мева (сейба), поя (зағир, катоп, канаб, ҷуд, рами, нонфарак, кандир, …
Муфассал »