Маълумоти охирин
Главная / Теги: Нуҷум (страница 4)

Теги: Нуҷум

СИТОРАИ ҚУТБ

sitora

СИТОРАИ  ҚУТБ, ситораи қутбӣ, а-и Дубби Асғар, ситораи равшанест, ки қадри ситоравиаш ба 2 баробар аст. Дар наздикии Қутби Шимолии олам воқеъ гардидааст ва аз ҳамин сабаб барои муайян кардани самти Шимол ва арзи география мавзеъ қулай мебошад. Дар осмон Ситораи қутбро аз рӯи схемаи дар расм нишопдодашуда ёфтан мум- …

Муфассал »

СИТОРАИ ДУМДОР

СИТОРАИ ДУМДОР  номи халқии комета. Намоён шудани онро қадимиён аломати рӯй додани ягон ҳодисаи наҳс медонистанд. Дар ашъори шоирони классикии форс-тоҷик Ситораи думдор чун рамзи бадӣ ва бехосиятӣ истифода шудааст.   Мисвоки зоҳид аз сари ӯ дур мекунам, Дандони ин ситораи думдор мекашам. (Сайидо)

Муфассал »

СИСТЕМАИ ОФТОБ

solar-system

СИСТЕМАИ ОФТОБ, манзумаи ҷирмҳои осмониеро номанд, ки дар майдони гравнтатсионии Офтоб ҳаракат мекунанд. Андозаҳои Системаи Офтобро аз рӯи мадори Плутон (тақрибан 40 в. а.) муайян мекунанд. Вале ҳадди сферае, ки дар ҳудуди он ҳаракати устувори ҷисмҳо дар атрофи Офтоб имконпазир аст, то ситораҳои наздиктарин (230000 в. а.) кашол меëбад. Сохти …

Муфассал »

СИСТЕМАИ ГЕОСЕНТРИИ ОЛАМ

СИСТЕМАИ ГЕОСЕНТРИИ ОЛАМ, тасаввуроти қадимаи антропосентри (нигаред Антропосентризм)-еро гӯянд, ки мувофиқи он Замин дар маркази Коинот қарор гирифтааст. Бунёди назарияи Системаи геосентрии олам ба олимони Юнони Қадим Арасту (асри 4 то милод) ва Птолемей (асри 2) тааллуқ дорад. Мувофиқи ақидаи Арасту Замини беҳаракат бо ҳафт «Осмон»-и мутааллиқи «сайёраҳо»-и зерин иҳота …

Муфассал »

СИСТЕМАИ ГЕЛИОСЕНТРИИ ОЛАМ

СИСТЕМАИ ГЕЛИОСЕНТРИИ ОЛАМ, таълимотест, ки мувофиқи он Замин ба монанди дигар сайёраҳо дар атрофи Офтоб ва меҳваро худ давр мезанад. Бунёди Системаи гелиосентрии олам, ки он дар инкишофи илмҳои табиатшиносӣ аҳамияти ҳалкунанда дошт, ба давраи Эҳё рост меояд. Асари барҷастаи Н. Коперник «Дар бораи гардишҳои сфераҳои, осмонӣ ки дар он …

Муфассал »

СИПАР

СИПАР (лотинӣ Scutum ), бурҷи экваториест, ки қадри ситоравии зоҳирии ситораҳои он аз 4 беш нест. Мавриди мусоиди мушоҳида июн— июл. Қариб аз тамоми территорияи СССР намоён аст. Нигаред низ Осмон.

Муфассал »

СИМОКИ РОМЕҲ

СИМОКИ РОМЕҲ — ситораеро гуянд, ки дар бурҷи Авво воқеъ гардида, қадри ситоравии зоҳириаш ба 0,1 баробар мебошад. Равшанокиаш аз равшанокии Офтоб қариб 80 маротиба зиёд аст; муниртарин ситораи Нимкураи шимолии осмон ҳисоб мешавад. Ҳаракати хосааш соле ба андозаи 2,3 баробар аст. Дар назди Симоки ромеҳ боз ду ситорае воқест, …

Муфассал »

СИМОКИ АЪЗАЛ

СИМОКИ АЪЗАЛ (марди бесилоҳ), хӯша, муниртарин ситораи бурҷи Сунбуларо гӯянд, ки қадри ситоравии зоҳириаш ба 1,21 баробар аст. Равшаноиаш аз равшаноии Офтоб 740 маротиба зиёд мебошад. Масофаи байни Симоки Аъзал ва Офтоб тақрибан ба 70 киллометр баробар аст. А. Мирзоев.

Муфассал »

СИМОК

%d1%81%d0%b8%d0%bc%d0%be%d0%ba

СИМОК , номи ду ситораест дар поёни бурҷи Асад, ки якеро Симоки Аъзал (Спика) ва дигареро Симоки Роме (Арктур) гӯянд.

Муфассал »