САҒОНӢ Чағонӣ (1181—1252), олим ва луғатнависи форс-то- ҷик. Шарқи ҳолаш маълум нест. Сағонӣ муаллифи луғатҳои «Маҷмаъ-ул-баҳрайн» (12 ҷилд) ва «Ал-убоб-уз-зоҳир» (20 ҷилд) мебошад. Бо ин луғат дар пешрафти лексикографияи араб қиссаи сазовор гузоштааст. Луғатнависони сонӣ, аз ҷумла, муаллифи фарҳанги «Ал-Қомус — Фирӯз- ободӣ (асри 14), Юсуфи Мағрибӣ ва дигар аз …
Муфассал »САФӢ Абулъало Абдулмӯъмини Ҷорутӣ
САФӢ Абулъало Абдулмӯъмини Ҷорутӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), луғатнависи форс-тоҷик (асри 15). Дар Туркия умр ба сар бурдааст. Фарҳанги тафсири забони форсӣ бо номи «Маҷмӯа-ул-фурс» аз таълифоти ӯ мебошад.
Муфассал »ФОРУҚӢ Шайх Иброҳими Қавом
ФОРУҚӢ Шайх Иброҳими Қавом (соли таваллуд ва вафот номаълум), луғатнавис ва шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 15). Форуқӣ дар вилояти Биҳори Ҳиндустон ба дунё омадааст. Форуқӣ муаллифи фарҳанги «Шарафномаи Аҳмади Маньярӣ» мебошад. Дар тазкираҳо ва дар фарҳанги зикрёфта шеърҳои ӯ (қасидаҳо, манзумаҳои хурд, ғазалҳо ва ғайра) ҷой дода шудаанд. Номаҳо ва …
Муфассал »ФИРУЗОБОДИ Абӯтоҳир Муҳаммад
ФИРУЗОБОДИ Абӯтоҳир Муҳаммад ибни Яъқуб ибни Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Маҷдуддини Шофеии Шерозӣ (1327, шаҳри Козаруни Шероз—1415), луғатнависи араб. Эронинажод. Дар Шероз, Васит, Бағдод ва Димишқ таҳсил карда, 10 сол дар Байтулмуқаддас дарс гуфтааст. Ба Миср, Макка ва Деҳлӣ (5 сол) мусофирот кардааст. Асари муҳимми Фирузободӣ «Қомус-ул-муҳит» мебошад, ки шарҳу …
Муфассал »ФАХРИИ ҚАВВОС
ФАХРИИ ҚАВВОС Мавлоно Фахруддин Мубораки Ғазнавӣ мутахаллис ба Қаввос (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва луғатнависи форсизабони Ҳиндустон (асри 14). Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Ӯ дар дарбори яке аз ҳокимони давр — Алоуддини Хилҷӣ (ҳӯкмронӣ 1296—1317) хизмат мекард. Аз таълифоташ «Фарҳанги Фахрии Қаввос» маълум аст.
Муфассал »ФАЙЗИИ САРҲИНДӢ
ФАЙЗИИ САРҲИНДӢ Илаҳдод ибни Асадулуламо Алишери Рифъат (соли таваллуд ва вафот номаълум), луғатнавис ва донишманди форсизабони Ҳиндустон (асри 16). Аз таълифоти ӯ фарҳанги тафсирии «Мадор-ул-афозил» ва асари «Акбарнома», ки дар он вақоёи то соли 1502 рӯйдодаро овардааст, маълуманд.
Муфассал »ФАЗЛУДДИН Муҳаммад
ФАЗЛУДДИН Муҳаммад ибни Қавом ибни Рустам ибни Аҳмад ибни Маҳмуди Балхӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), луғатнависи форсизабони Ҳиндустон (асри 14). Фарҳанги «Баҳр-ул-фазоил фӣ манофеъ-ил-афозил» (таълифаш тақрибан 1393) яке аз таълифоти ӯст, ки ба қатори қадимтарин фарҳангҳои форсӣ-тоҷикӣ дохил мешавад. Тартиби ҷойгиршавии калимаҳои фарҳанг мутобиқи ҳарфҳои аввалу дуввуми онҳост. Дар …
Муфассал »СОМӢ Шамсуддин ибни Холидбек ибни Дурмиш
СОМӢ Шамсуддин ибни Холидбек ибни Дурмиш (1850, Фарошир—1904, Урангуи наздикии Истанбул), луғатнавис, энциклопедист ва нависандаи турк. Дар 11-солагӣ ба гимназия (мадраса) дохил шуда, пас аз хатми он (1871) дар Истанбул зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ношири газетаҳои «Сабоҳ» ва «Оила». Солҳои 1880—90 дар хидмати дарбор буд. Муаллифи «Қомуси туркӣ» (ҷилдҳои 1—2, …
Муфассал »Абдуррашиди Таттавӣ
Абдуррашиди Таттавӣ Сайид Абдуррашид ибни Абдулғафур ал-Хусайнӣ ал-Маданӣ ат-Таттавӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), луғатнависи форсизабони нимҷазираи Х,инду Покистон (асри 17). Дар шаҳри Таттаи иёлоти Ҳинди Покистон таваллуд ёфта ба камол расидааст. Абдуррашиди Таттавӣ замони салтанати Шоҳиҷахон (ҳукмронии 1627 – 58) ҳаёт ба cap бурдааст. Ба қалами Абдуррашиди Таттавӣ ду …
Муфассал »