САРКОКУЛ, деҳаест дар Совети қишлоқи Чӯбаки райони Москва, вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози ба номи С. М. Киров. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 8 километр, то район 15 километр. Аҳолиаш 125 нафар (1981), тоҷикон. Соҳаи асосии хоҷагӣ ғаллакорист. Замипҳо лалмианд.
Муфассал »Деҳаи САРИҶАР
САРИҶАР, деҳаест дар Совети қишлоқ Даҳанаи район ва вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози ба номи Сафар Амиршоев. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 11 километр, то район 29 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 300 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола, пункти тиббӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ ғалла- корӣ ва кирмакдорист. …
Муфассал »Деҳаи САРИҲАВЗ
САРИҲАВЗ, деҳаест дар Совети қишлоқ Куйбышеви райони Қоммунистӣ, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи совхоз-техникуми ба номи В. В. Куйбишев. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 8 километр километр, то район 9 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 530 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахта ва ғаллакорист. Заминҳо аз дарёи Вахш …
Муфассал »Деҳаи САРИҚОШ
САРИҚОШ. деҳаест дар райони Комсомолободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Маркази Совети қишлоқ Навдонак. Территоряи совхози «Ғарм». Аз Сариқош то маркази район 39 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 550 нафар (1981). тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, клуб ва амбулатория дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ ва картошкакорист. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Деҳаи САРИҚМУҒУЛ
САРИҚМУҒУЛ, деҳаест дар Совети қишлоқ Қарокӯли райони Мурғоби Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Территорияи совхози «Қизил чегарачӣ». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 185 километр, то район 280 километр. Аҳолиаш 1630 нафар (1981), тоҷикон ва қирғизҳо. Мактаби миёна, клуб, китобхона, кинотеатр, касалхола, ус- тохонаҳои либосдӯзӣ, дуредгарӣ ва оҳангарӣ дорад. Соҳаҳои асосии …
Муфассал »Деҳаи САРИҚАМИШ (Ҳисор)
САРИҚАМИШ, деҳаест дар Совети қишлоқ ба номи Ҳасанови райони Ҳисори Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территориияя колхози ба номи Владимир Илич Ленин. Аз Сариқамиш то маркази Совети қишлоқ 16 километр, то район 35 километр. Аҳолиаш 115 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Соҳаи асосии хоҷагӣ ғаллакорист. Заминҳо аз пармачоҳҳо обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Деҳаи САРИҚАМИШ
САРИҚАМИШ, деҳаест дар Совети қишлоқ Навкорами райони Ёвон, вилояти Қӯрғоптеппа. Территорияи совхози «Конститутсияи СССР». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 километр , то район 1 километр ; роҳаш асфалтпӯш. Аҳоллаш 770 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахтакорист. Заминҳо аз системаи обёрии Ёвону Обикиик обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Деҳаи САРИЧИЯК
САРИЧИЯК, деҳаест дар Совети қишлоқ «Правда»-и райони Ӯротеппа, вилояти Ленинобод. Территорияи совхози «Ӯротеппа». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 километр, то район 4,5 километр; роҳаш шағалпӯш. Аҳолиаш 160 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа чойхона-қироатхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ зироаткорист. Заминҳо аз обанбори Каттасой обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Деҳаи САРИЧИНОРИ БОЛО
САРИЧИНОРИ БОЛО, деҳаест дар Совети қишлоқ Симиганҷи райони Орҷоникидзеободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози «Орҷоникидзеобод». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 12 километр, то район 6 километр; роҳаш ас- фалтпӯш. Аҳолиаш 240 нафар (1981), тоҷикон. Магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагй боғдорист. Заминҳо аз дарёи Симиганҷ обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Деҳаи САРИЧИНОР
САРИЧИНОР, деҳаест дар Совети қишлоқ Ҷавонони райони Файзободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози «Файзобод». Аз Саричинор то маркази Совети қишлоқ 2 километр, то район 3 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 335 нафар; (1981), тоҷикон. Мактаби миёна, китобхона, пункти тиббӣ ва шӯъбаи алоқа дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ ғаллакорӣ ва чорводорист. Заминҳо …
Муфассал »