МОЛУККА (Баҳри Молукка), баҳри байниҷазиравии уқёнуси Ором, дар байни ҷазираҳои Минданао, Сангихе, Сулавеси, Сула, Молукка ва Талауд. Масохаташ 291 ҳазор км2, чуқуриаш то 4180 м. Ҳарорати об. 27—28 С, шӯриаш 34 °/оо. Бандари асосиаш — Давао дар Ҷазираи Минданао.
Муфассал »МОЛДАВИИ
МОЛДАВИИ, Республикаи Советии Социалистӣ (Республика Советии) Социалистӣ Молдовеняска), Молдова. Маълумоти умумӣ. 12 октябри 192-11 РАСС Молдавии дар ҳайати РССУ ва баъди ба СССР ҳамроҳ шуда ин Бессарабия 2 августи 1940 РСС Молддави ташкил ёфт. Молдавии дар интиҳои Ҷ. Ғ-и қисми европоии СССР воқеъ гардидааст. Дар Ғ. бо Республикаи Социалистии Румыния, …
Муфассал »МОЗАМБИК
МОЗАМБИК (Mocambiguo), Республикаи Xалқии Мозамбик, давлат дар Ш. Африка. Дар Шим. бо Танзания, дар Ҷ Ғ. бо РАҶ ва Свазиленд, дар Ғ. бо Малави, Замбия ва Родезияи Ҷанубӣ ҳамсарҳад аст. Дар Ш. бо уқёнуси Ҳинд ҳам ҳудуд мебошад. Масохаташ 783 ҳазор км’, аҳолиаш зиёда аз 12,13 млн нафар. Пойтахташ ш. …
Муфассал »МОГИЛЕВ
МОГИЛЕВ, вилоят дар ҳайати РССБ. 15 январи, 1938 ташкил шудааст. Масоҳаташ 29,0 ҳазор км3. Аҳолиаш 1254 ҳазор нафар (1980), асосан белорусҳо, инчунин русҳо, яҳудиҳо, украинҳо, полякҳо. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км3 43,1 нафар. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 20 район тақсим шуда, 13 шаҳр, 7 птш, 4 посёлкаи коргарӣ дорад. …
Муфассал »МОГИЛЕВ
МОГИЛЕВ, шаҳр, маркази маъмурии вилояти Могилёви РССБ. Бандар дар дарёи Днепр. Узели роҳи оҳан ва шоссе. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 290 ҳазор нафар (1979). Могилёв қариб ними маҳсулоти саноатии вилоятро медиҳад. Соҳаҳои асосии саноат: коркарди металл ва мошинсозӣ (заводҳои автомобилӣ ба номи С. М. Киров, «Строммашина», ки барои саноати масолеҳи бинокорӣ …
Муфассал »МОГАДИШО
МОГАДИШО, Могадишу (Моadicio, Mogadishu), пойтахти Pecпубликаи Демократии Сомалӣ, маркази музофоти Бенадир. Дар соҳили уқёнуси Ором воқеъ аст. Иқлимаш субэкваторӣ. Ҳарорати миёнаи январ 27,5 С, ниль 26,1е С. Боришоти солона 433 мм. Аҳолиаш қариб 600 ҳазор нафар (1980). Могадишо—узели роҳҳои автомобилгард, бандари асосии мамлакат. Аэропорт дорад. Ба воситаи байдар ба хориҷа …
Муфассал »МИНУСИНСК
МИНУСИНСК, шаҳрест дар кишвари Краснояри РСФСР. Стансияи роҳи оҳан, бандари соҳили рости дарёи Енисей. Аҳолиаш 54 ҳазор нафар (1978). Соҳаи асосии саноаташ — хӯрокворӣ (комбинати орд, фабрикаи макарон, заводҳои консерви сабзавот, пиво, ликёру арақ ва ғ.). Фабрикаҳои мебел, дӯзандагӣ, дастпӯшакдӯзӣ, техникумҳои механизацияи хоҷагии қишлоқ, омӯзишгоҳҳои маданию маърифатӣ, театри драма, музеи …
Муфассал »МИНТАҚАҲОИ МӮЪТАДИЛ
МИНТАҚАҲОИ МӮЪТАДИЛ, ду минтақаи географии Заминро гӯянд, ки дар Нимкураҳои шимолӣ (тақрибан дар байни 40° ва 65° а. ш.) ва ҷанубӣ (дар байни 42° ва 58° а. Ч.) воқеъ гардидаанд (ниг. харитаи Минтақаҳо ва зонаҳои географии Замин, % 2, саҳ. 448—449). Қариб ҳиссаи масоҳати Заминро фаро гирифтаанд. Дар Нимкураи шимолӣ …
Муфассал »МИНТАҚАҲОИ ГЕОГРАФӢ
МИНТАҚАҲОИ ГЕОГРАФӢ, қисмҳои калонтарини зонавик сатҳи Замин. Минтақаҳои географӣ аз ҳамдигар бо ҳарорату намнокӣ, массаи ҳаво, процессҳои биогеохимиявӣ ва геоморфологӣ, намои растанй, миграцияи ҳайвонот, гардиши моддаҳо фарқ мекунанд. Вобаста ба иқлим, махсусан гармӣ ва намнокӣ, Минтақаҳои географӣ ба зонаҳои географии гуногун тақсим мешаванд. Минтақаҳои географӣ аз экватор ба тарафи қутбҳо …
Муфассал »МИНТАҚАИ АРКТИКӢ
МИНТАҚАИ АРКТИКӢ, минтақаи географии Замин аст, ки қисми зиёди шим. Арктикаро дар бар мегирад. Сарҳади Минтақаи арктикӣ одатан аз рӯи изотермаи +5° С моҳи гармтарин муайян карда шуда, он дар ҷазираҳо ва хушкии материкии Арктикӣ бо сарҳади байни зонаҳои биёбони арктикӣ ва тундра мувофиқ меояд. Хусусиятҳои асосии табиати Минтақаи арктикӣро …
Муфассал »