Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МОЗАМБИК

МОЗАМБИК

mozambikМОЗАМБИК (Mocambiguo), Республикаи Xалқии Мозамбик, давлат дар Ш. Африка. Дар Шим. бо Танзания, дар Ҷ Ғ. бо РАҶ ва Свазиленд, дар Ғ. бо Мала­ви, Замбия ва Родезияи Ҷанубӣ ҳамсарҳад аст. Дар Ш. бо уқёнуси Ҳинд ҳам ҳудуд мебошад. Масохаташ 783 ҳазор км’, аҳолиаш зиёда аз 12,13 млн нафар.

Пойтахташ ш. Мапуту (тақрибан 755 ҳазор нафар). Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 10 округ тақсим шудааст.

Сардори давлат ва ҳукумат — пре­зидент; органи олии давлатӣ ва қонунбарор —Маҷлиси халқӣ.

Табиат. Қисми ғарбии Мозамбикро паҳнкӯҳ ва пуштакӯҳҳо (нуқтаи баландтаринашон қӯҳи Бинга — 2436 м), ҷисми шарқиашро пастии наздисоҳилии Мозамбик фаро гирифтааст. Иқлим дар Шим. субэкваторӣ, дар Ҷ. пассатик тропикӣ. Ҳарорати миёнаи январ дар пастиҳо аз 26 С то 30“ С, июль аз 15° С то 20° С. Боришотп солона аз 750 то 1500 мм. Дарьёҳои малой: Замбези ва Лимпопо; кӯлҳо: Ньнса ё худ Малави (соҳилҳои шарқии он дар ҳудуди Мозамбик воқеъ гардидааст) ва Ширва. Сарватҳои зеризаминӣ; ангишт, маъданҳои урану оҳан, асбест, фосфорит, тилло, боксит ва ғ. Наботот: асосан бешаҳои сирак ва саванна олами ҳайвонот: фили Афри­коӣ, оҳу, шер, бабр, гӯрхар, баҳмут, шағол, кафтор, маймун ва ғ., ҳашарот, мор ва паррандагони зиёде до­рад.

Аҳолӣ. Зиёда аз 98% аҳолиро халқҳои оилаи бантузабон ташкил мекунанд. Дар қисми шим. мамлакат халқҳои макау ва ломве, малавӣ, маконде, ваяо, суахили, дар Ҷ, тсонга, машона, ангони, свази, аз европоиён асосан португалиҳо зиндагӣ мекунанд. Қариб 80% аҳолӣ мӯътақиди дину оинҳои маҳаллӣ буда, аҳолии боқимонда мусулмон ва насрониёнанд. Забони расми португалист. Шаҳрҳои калон: Мапуту, Бейра, Колима не.

Очерки таърихӣ. Қадимтарин сокинони Мозамбик бушменҳо ва готтептотҳо буданд. Дертар ҷои онҳоро қабилаҳои банту, ки аз ҷан. Судан омада буданд, гирифтанд. Онҳо асосан бо деҳқони ва чорводорӣ машғул бу­данд. Дар асрҳои 5—16 давлатҳои африкоӣ ташкил шуданд, ки яке аз калонтарини онҳо Мономотапа буд. Аввалин касабаҳои тиҷоратии арабҳо дар ин ҷо асри 8 ба вуҷуд омаданд. Экспедицияи Португалии Васко да Гама соли 1498 ҳангоми сафари худ ба Ҳиндустон муддате дар Мозамбик таваққуф кард. Дар аввали асри 16 португалиҳо ба сорили Мозамбик фуромада, ба дарунтари мамлакат ҳаракат карданд. Соли 1505 онҳо дар Софала истеҳком ва 1508 дар Мозамбик қалъае сохтанд. Португалиҳо соли 1629 ҳокими Мономотапаро маҷбур намуданд, ки ба шартномаи асоратовар имзо кунад ва вассали шоҳи Португалия гардидани худро эътироф намояд. Соли 1781 дар Лоренсу-Маркиш қалъае буньёд гар­дид ва он соли 1897 ба маркази маъму­рии мустамлика табдил ёфт. Дар асрҳои 17—18 ғуломфурӯшони Пор­тугалия бисёр африкоиҳоро ба Бра­зилия бурда фурӯхтанд. То охири асри 19 районҳои наздисоҳилӣ таҳти назорати португалиҳо буд. Португалиҳо қушиданд, ки районҳои дохилии мамлакатро низ таҳти назорати худ дароранд. Ин кӯшиши онҳо боиси Ҷанги дуру дарози байни португалиҳову давлати африкоии Ватуа (дар аввали асри 19 ташкил шуд) гардид. Баъди Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ҳангоми тақсимоти Африкаи Шарқии Герма­ния терр. Ҷанубтари д. Рувума (ба ном секунҷаи Кионга) ба Мозамбик ҳамроҳ карда шуд. Ба Мозамбик бештар капи­тали Англия ва баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ капитали Америка ва Порту­галия роҳ ёфт. Соли 1920 студентони африкоии аз Мозамбик ба Лисабон омадагӣ ташкилоти ватанпарварон — Лигаи Африкоӣ ташкил намуданд. Баъдтар дар Мозамбик Ассоциацияи африкоӣ, Ассо­циацияи мозамбикиҳо ва дигар ташкилотҳо ба вуҷуд омаданд. Ин ташкилотҳо бар зидди мустамликадорон мубориза мебурданд. Соли 1925 коркунони натушёт, докерҳо, 1949 коргарону докерҳои Лоренсу-Маркиш шӯриш бардоштанд. Халқҳои Мозамбик бар зидди мустамликадорон муборизаро давом медоданд. 25 сентябри 1964 дар Мозамбик шӯриши мусаллаҳ cap шуд. Ба муборизаи озодихоҳии халқ, партияи фронти озодкунии Мозамбик (ФРЕЛИМО, соли 1962 таъсис ёфтааст) сарварӣ намуд. Дар рафти муборизаи зидди қӯшунҳои Португалия ФРЕЛИМО армияи худро ташкил намуда, соли 1968 дар округи Тете амалиёти ҳарбӣ оғоэ кард ва ба мустамликадорон шикаст дод. То аввали соли 197Э ФРЕЛИМО зиёда аз чоряки терр. мамлакат­ро ба даст овард. Дар терр. озодшуда органҳои ҳокимияти халқӣ ташкил ёфтанд ва онҳо як қатор тадбирҳои иҷтимоиву иқтисодӣ андешиданд; истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ ба роҳ монда, касалхона, мактабҳо ва кадрҳои маҳаллӣ тайёр карда шуданд. Ин ҳама чорабиниҳо ба инкишофи минбаъдаи ҳаракати озодихоҳӣ мусоидат кард. Дигаргуниҳое, ки дар Пор­тугалия ба амал омаданд, боиси ҳарчӣ зудтар ҳал шудани масъалаи истиқлолияти Мозамбик гардиданд. Ҳукумати муваққатии Португалия, ки баъди сарнагун шудани тартиботи фашистии Томьш-Каэнту (25 апрели 1974) ба сари ҳокимият омад, амалиёти ҳарбиро дар мулкҳои Португалия қатъ гардонида, 27 нюль ҳуқуқи ба худмуайянкуии ва истиқлолият доштаи собиқ мустамликаҳои мамлакатро эътироф намуд. 25 июни 1975 истиқлолияти мамлакат ва Республикаи Халқии Мозамбик ном гирифтани он эълон карда шуд. Худи ҳамон рӯз конституцияи нав эътибор пайдо кард.

29 июни 1975 аввалин ҳукумати миллӣ ташкил ёфт, ки ҳамаи аъзоёни он ходимони намоёни ФРЕЛИМО мебошанд. Қувваҳои иртиҷоъпарасти дохилӣ ва байналхалқӣ сентябр, октябр ва декабри 1975 ба муқобили ҳукумати на­ви халқӣ бархостанд, аммо корашон барор нагирифт, ошӯбҳо фурӯ нишонда шуданд.

Ҳукумати РҲМ дар сиёсати берунаи худ роҳи зиддимпериалистиро пеш гирифта, барои тамоман барҳам додани манбаи мустамликадорӣ ва иркпарастӣ дар қитъаи Африка, барои инкишофи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо СССР ва дигар мамлакатҳои социалис­тӣ мекушад. РҲМ бо СССР (июни 1975) муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардааст. РҲМ аз соли 1975 аъзои ТДМ мебошад.

Хоҷагӣ. Мозамбик мамлакати аграрист, то соли 1975 дар иқтисодиёти он капитали хориҷӣ, асосан капитали Португа­лия, Республикаи Африкаи Ҷанубӣ капитали Англия, Франция, ШМА ҳукмрон буд. Аз соли 1975 сохти иқтисодии мамлакат тадриҷан тағйир ёфт. Дар Мозамбик зимни ва захираҳои минералӣ моликияти умумихалқӣ эълон карда шуд. Вазни қиёсии са­ноат дар маҳсулоти умумии мамлакат қариб 14% мебошад. Тақрибан 70% аҳолии қобили меҳнат дар хоҷагии қишлоқ кор мекунад. Қисми зиёди майдони кишт обёрӣ карда мешавад. Барои қонеъ гардонидани талаботи маҳаллӣ ҷуворимакка, маниок, шолӣ, чормағзи заминӣ (арахис) банан ва ғ. парвариш мекунанд: чормағзи кэшью, пахта, чӯбу тахта, спэаль, чой, копра, найшакар ба хориҷа фурӯхта мешавад, ки он 80% экспорти Мозамбикро ташкил мекунад. Ба инкишофи чорводорӣ пашшаи цеце монеъ мешавад. Соли 1979 дар мамлакат (ба ҳисоби ҳазор cap) 1282 гов, 402 бузу гӯсфанд, 57 хук буд. Моҳигирӣ низ инкишоф ёфтааст. Аз сарватҳои зеризаминӣ тантал, ниобий, бериллий, боксит истеҳсол мешавад. Соҳаҳои асосии са­ноат: истеҳсоли маҳсулоти нефт, коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ. Дар Мозамбик ин­чунин заводҳои равғани арахис, пахтатозакунӣ, пиво, фабрикаҳои тамоку, мебел, фанера, заводҳои цемент ва ғ. кор мекунанд.

Тӯли роҳи оҳан 3786 км, автомобилгард 39,2 ҳазор км. Харсангҳои марҷонии зериобӣ ва ҷайраҳои қумзор ба кори киштигардӣ халал мерасонанд. Бандарҳои асосӣ: Мапуту ва Бейра. Дар терр. Мозамбик тақрибан 300 аэродром ва майдончаҳои самолётнишии (аксаран ҳарбӣ) воқеъ гардидаанд. Мозамбик аз хориҷа хӯрокворӣ ва нӯшокӣ, маснуоти бофандагӣ, нефт, молҳои химиявӣ, металлҳои сиёҳ ва ранга, мошину таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт мехарад. Шарикони асосӣ дар тиҷорат: Португалия, Республикаи Африкаи Ҷанубӣ, Британияи Кабир, Франция, ШМА, Япония. Мозамбик баъди соҳиб шу­дан ба истиқлолият бо мамлакатҳои социалистӣ, аз он ҷумла бо СССР алоқаи тиҷоратӣ барқарор намуд.

Маориф. Соли 1975 85% аҳолии аз 15- сола калони мамлакат бесавод буд. Мӯҳлати таълим дар мактаби ибтидоӣ барои онҳое, ки таҳсилро дар мактаби миёна давом медиҳанд 4 сол ва барои онҳое, ки дар оянда таҳсилро давом намедиҳанд 5—6 сол муқаррар шудааст. Барои ҳамаи кӯдакони аз 6 то 14-сола таълим ҳатмист. Мӯҳлати таълим дар мактаби миёна 5 сол аст. Баъди ба даст даровардани истиқлолият дар саросари мамлакат ба ташкил кардани курсу мактабҳои маҳви бесаводӣ оғоз намуданд. Дар Мапуту университет ҳаст (аз соли 1962). Дар Мозамбик мактабҳо давлати шуданд. Соли 1976 дар Мапуту Ин-ститути кинои миллӣ таъсис ёфт. Китобхонаҳо: Китобхонаи миллии Ма­путу (1961), Китобхонаи муниципалии Мапуту, Китобхонаи университет, Музеи Алвару ди Кастру (1911).

Нигаҳдории тандурустӣ. Соли 1973 ба ҳар 1 ҳазор нафар аҳолиаш 28,1 нафар таваллуд ва 7,2 нафар фавт рост омад. Соли 1970 ба ҳар 1 ҳазор нафар кӯдаки навзод 92,5 нафар фавт рост меомад. Дарозии умр ба ҳисоби миёна 41 сол. Соли 1972 дар мамлакат 588 касалхонаи дорои 11 ҳазор кат (1,3 кат ба 1 ҳазор аҳолӣ) мавҷуд буд, ки дар онҳо 510 духтур (1 духтур ба 16,7 ҳазор аҳолӣ), 16 духтури дандон, 14 фармацевт, 884 ҳамшираи тиббӣ ва дигар коркунони соҳаи тиб хизмат мекарданд.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Дар Мозамбик ду намуди манаилсозӣ маъмул шудааст. Дар соҳилҳо хонаҳои росткунҷа аз чӯбу химча сохта шуда, деворҳояшон бо лой ловида меша­вад. Боми чунин хонаҳо дунишеба мебошад. Дар районҳои дохили мам­лакат хонаҳо мудаввари мобайнашон сутундори бомашон конусшакли хаспӯш. Дар Мозамбик асосан кандакории чӯб ва аз химча бофтани ашёҳои гуногун паҳн шудааст.

Адабиёт. Адабиёти Мозамбик асосан ба забони португалӣ инкишоф меёбад. Эҷодиёти даҳанакии халқҳои мамла­кат ба қадри кофӣ омӯхта нашудааст. Дар асри 19 ва аввали асри 20 журна­листика ташаккул ёфт. Журнали ҳарҳафтаинаи «Браду африкану» («О Brado Africano»), ки онро соли 1918 бародарон Жуан ва Жозе Албазинҳо таъсис намуда буданд, ба забонҳои португалӣ ва широнга нашр меша­вад. Ба он рӯҳияи зидди мустамликадорӣ хос аст. Асарҳои баъзе нависандагони аслан португалӣ бо ғояҳои мустамликадорӣ (Б. Камашу, Р. Жуниор) ё экзотизм фаро гирифта шудаанд. Адабиёти М баъди ба охир расидани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ пурсамартар инкишоф ёфт; дар он тамоюли реалистӣ қувват гирифт. Шоирон Ж. Краверинья (таваллуд 1922), Нозмии ди Соза (таваллуд 1927) дар асарҳои худ Африкаи сарбаланд ва тасдимнашавандаро тасвир карда, сиёсати мустамликадоронро ба зери тозиёнаи танқид мегиранд. Назми Мозамбик душ Сантуша (таваллуд 1929) аз рӯҳияи пуб­лицистӣ ва ҷӯшу хурӯши революционӣ саршор аст. Соли 1952 аввалин асари насрии Мозамбик маҷмӯаи ҳикояҳои Ж. Диаш (1926—49) «Годидо», соли 1964 маҷмӯаи Л. Бернарду Онван (таваллуд 1942) «Мо саги нобакорро мекушем» аз чоп баромад, ки дар онҳо муаллифон ҳақиқати ҳаётро ҳаққонӣ инъикос кардаанд. Шоирон Р. Ногар (таваллуд 1933), С. Виейра (таваллуд 1941) ва дигар дар мавзӯъҳои муҳими ҳаёти имрӯза асарҳо меофаранд. Ба дигар за­бонҳои халқҳои Мозамбик низ асарҳо эҷод мешаванд.

Матбуот, радио, телевизион. Соли 1976 дар мамлакат 10 номгӯи газетаю журнал нашр мешуд. Газетаҳои асо­сӣ: «Диариу» (ба забони португалӣ) «Нотисиаш», газетаи ҳукуматӣ, «Нотисиаш да Бейра» ва ғ. Агентии ахбороти ҳукумати (аз соли 1976), 9 ра­диостанция, маркази телевиаион (1974) кор мекунанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …