Маълумоти охирин

ТАБАР

113754_1

ТАБАР, асбоби рӯзгор, олати филизиест барои буридани чӯбу дарахт, майда кардани ҳезум, гӯшт ва ғайра.Дараввалинеолитпайдошуд. Аввалҳоаз санг месохтанд. Табари сангӣ фонашакл буда, онро ба нӯги дастаи чӯбӣ мебастанд. Дар охири неолит Табариҳои сангин суфта маъмул гардиданд;
Дар асри биринҷӣ Табарҳои мисӣ ва биринҷии сӯрохдор пайдо шуданд. Дар асри оҳантабари оҳанаш сӯрохдор маъмӯл гардид. Бо мурури замон табартакмил ёфт ва дами онро баъзан аз пӯлод месохтагӣ шуданд. Аз асри 17 сохти Табари ҳозира маъмул шуд. Бозёфтҳои археологӣ бар он далолат мекунанд, ки дар Осиёи Миёна ҳам Табар аз қадим маълум буд. Табарякчанд хел мешавад. Табари калон (вазнаш то 3 кг, барои дарахтбурӣ ва кундакафонӣ), табари миёна (2,5 кг, барои ҳезумшиканӣ), табарча (то 1 кг, асосан барои гӯштқимакунӣ) ва табарзин (ОЛОТИҷангӣ). Ҳоло хелҳои гӯногуни табарро дар сехҳои рехтатарӣ ва заводҳои махсуси металлургӣ месозанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …