«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО» тазкираи дуюми Мирсиддиқи Ҳашмат, ки соли 1905 таълиф шудааст. Муаллиф ба тазкираҳои Возеҳ («Тӯҳфат-ул-аҳбоб») ва Афзалмахдуми Пирмастӣ «Афзал-ут-тазкор») такя кардааст. У инчунин зиндагӣ ва эҷодиёти шоиронро ба хубӣ омӯхтааст. Маълумотҳои овардаи «Тазкират-уш-шуаро» хеле саҳеҳу пухтаанд. Ба тазкира чанд нафар шоирони асри 18 ва шоироии асри 19 дохил шудаанд. Дар қисми намунаи осори шоирон ғазалҳое омадаанд, ки дар тазкираҳои Возеҳу Афзалмахдуми Пирмастӣ ҷой надоштанд. Дар «Тазкират-уш-шуаро» баробари маълумоти тарҷумаиҳолӣ, оид ба эҷодиёти шоирои мулоҳизаҳои танқидӣ баён шудаанд. Муаллиф гоҳо дар бораи эҷодиёти шоирони алоҳида бо Возеҳу Афзалтмахдум баҳс ороста, дурустии фикри худро собит кардааст. «Тазкират-уш-шуаро» дар Захираи дастнависҳои Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои РСС Узбакистон зери рақами 2729 маҳфуз аст.
М. Ҷалилова.
Tags тазкира
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …