Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ САИДРОҚИМӢ»

«ТАЪРИХИ САИДРОҚИМӢ»

«ТАЪРИХИ САИДРОҚИМӢ» асари муаррихи асри 17 Аълами Самарқандист. «Таърихи Саидроқимӣ» бо номи «Таърихи Мирсаидшарифи Роқим», «Таърихи роқимӣ», «Таърихномаи Роқим», «Таърихи касира», «Таърихномаи касира» ва ғайра низ маълум аст. «Таърихи Саидроқимӣ» соли 1680 ва нусхаи мухтасараш солҳои 1701—1702 мураттаб гаштааст. «Таърихи Саидроқимӣ» аз таърихи шоҳон, тарҷумаи ҳоли рӯҳониён, адибон ва дигар ки фаъолияташон солҳои 1336—1644/45 ва 1645—46 дар Осиёи Миёна ҷараён дошт, маълумот медиҳад. «Таърихи Саидроқимӣ» дар ҳошияи «Туҳфат-ул-аҳбоб фи тазкират ил- асҳбоб»-и Возеҳ с-ҳои 1913—1914 дар Тошкент бо номи «Таърихи касира» чоп гардид. «Таърихи Саидроқимӣ»-ро Муҳаммадюсуф ибни Қадӣ Хоҷамбердии Хоразмӣ (тахаллус Роҷӣ) асри 19 дар Хена таҳти унвони «Таворих ал-кабир» ба забони туркӣ тарҷума кард.
Бештар аз 40 нусхаи дастхати «Таърихи Саидроқимӣ» дар китобхонаи Институти шарқшиносии АФ РСС Ӯзбакистон маҳфуз аст.
А. Мухторов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …