Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО» – «Тазкираи Абдӣ»

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО» – «Тазкираи Абдӣ»

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО» «Тазкираи Абдӣ», «Тазкират-уш-шуарои мутааххирини Бухоро», тазкираест, ки Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ (1870—1922) соли 1904 таълиф кардааст. Аз муқаддима ва 28 мақсад (боб) иборат аст. Дар муқаддима Абдӣ доир ба мавзуъҳои «Фӣ таҳқиқи исми муфтӣ», «Фӣ таҳқиқи исми мӯҳтасиб», «Фӣ таҳқиқи исми олим» ва ғайра баҳс мекунад, ки ба мундариҷаи «Тазкират-уш-шуаро» алоқа надоранд. Илова бар муқаддима сарсухане низ оварда, дар ов шарҳи ҳоли худро дарҷ кардааст. Дар 28 мақсади «Тазкират-уш-шуаро» Абдӣ доир ба 118 нафар шоиру фозил, адиби Бухорою тавобеи он ва якчанд шоири Эрону Афғонистон маълумот дода, аз ашъорашон намунаҳо овардааст. Шарҳи ҳоли баъзе шоирони дар «Тазкират-уш-шуаро» омада дар тазкираҳои дигар вонамехӯрад.
А. Ҷонфидо.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …