Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИСТЕМАИ ЭНЕРГЕТИКӢ

СИСТЕМАИ ЭНЕРГЕТИКӢ

sys-energetiki

СИСТЕМАИ ЭНЕРГЕТИКӢ, маҷмӯи стансияҳои электриеро гӯянд, ки байни якдигар ва истеъмолкунандагон тавассути хатҳои интиқоли электр (ХИЭ) пайваст шудаанд. Стансияҳои ҳароратӣ, атомӣ ва гидроэлектрӣ, ХИЭ, стансияҳои фаръии электрӣ, шабакаҳои ҳароратӣ ва электрӣ, қабулкунакҳои энергияи ҳароратӣ ва энергияи электрӣ Стстемат элнктрикиро ташкил медиҳанд. Дар масъалаи бо энергия таъмин намудани истеъмолкунандагон Системаи электрткӣ назар ба станстяҳои электрии алоҳида бартариҳои зиёде дорад: боэътимодии таъминоти энергия; ҳарчи беҳтар истифода намуданн захираҳои энергетикии (сӯзишворӣ ва энергияи об) минтақа паст шудани арзиши аслии энергияи электр аз ҳисоби байни стансияҳои электрӣ самаранок тақсим намудани истеъмолкунандагон; истифодабарии таҷҳизоти баландиқтидор ва ғайра. Асосан ду навъи Системаи элнктрӣ мавҷуд аст: 1) системаи ягонаи энергетикӣ (СЯЭ), ки системаҳои энергетикии тамоми мамлакат (ё худ як қисми он)-ро дар бар. мегирад; 2) системаи муттаҳидаи энергетикӣ (СМЭ), ки маҷмӯи системаҳои энергетикиро бо ХИЭ дар бар мегирад. Аз пункти ягонаи диспетчерӣ идора кардани СМЭ ба мунтазам ва мӯътадил кор кардани системаҳои энергетикӣ имконият медиҳад.

  Ду намуди асосии захираҳои энергетикиро аз ҳам фарқ мекуванд: захираҳои сӯвишворӣ — ангишт, нефт, гази табиӣ, торф, чӯб ва захираҳои ғяйри сӯзишворӣ — энергияи об, энергияи ядро ва энергияҳои шамол, мадди баҳр ва пури Офтоб. Инкишофи системаҳои калони энергетикӣ ва назарияи онҳо асосан аз нимаи дуюми асри 20 оғоз ёфт. Барои солҳои 60 асри 20 равияи нави инкишофи энергетикаи советӣ хос буд, ки он дар муттаҳид гардондани иқтидорҳои энергетикӣ, ташаккули системаҳои муттаҳидаи энергетикӣ, бунëди Системаи электрии «Мир» (маҷмӯи Системаи ягонаи энергетикии Қисми европоии Иттифоқи Советӣ ва системаҳои энергетикии мамлакатҳои аъзои СЭВ) зуҳур меёфт. Ҳоло дар СССР 11 системаи муттаҳидаи энергетикӣ ташкил шудааст. Нигаред низ Системаи энергетикии Осиёи Миёна.

                                                                        Д. Давлатшоев, Ф. Ҳ. Очилова.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …