Маълумоти охирин

СУРИЯ

syria

СУРИЯ, Республикаи Араби Сурия давлатест дар Осиёи Ғарбӣ. Аз ғарб бо баҳри Миёназамин иҳота аст. Масоҳаташ 185,2 ҳазор км2. Аҳолиаш 10,9 млн нафар (1984), асосан арабҳо (арабҳои Сурия). Забони расмӣ — арабӣ. Дини ҳукмрон — ислом. Пойтахташ шаҳри Димишқ. Сардори давлат — президент. Органи олии қонунбарор — Шӯрои халқӣ. Сатҳи мамлакат асосан ҳамвор. Ҳарорати миёнаи январ 4—120С, июл 26—330С. Боришоти солона 100—300 мдг, дар кӯҳҳо то 1500 мм. Дарёи калонаш Фурот. Ландшафташ асосан нимбиёбонию биёбонист.

Дар аввали ҳазораи 2-юм то мелод дар ҳудуди Сурия давлатҳои ибтидоии синфи вуҷуд доштанд. Аз миёнаи ҳазораи 2-юм пеш аз мелод то солҳои 30 асри 7-уми мелодӣ. Сурия паи ҳам ба ҳайати давлатҳои калони Шарқи Наздик (Мисри Қадим, подшоҳии Хетт, давлатҳои Митониён, Ошур, подшоҳии Бобулистони Нав, давлати Ҳахоманишиён) дохил мешуд. Минбаъд як қисми империяи Искандари Мақдунӣ, давлати Селевкиён ва империяҳои Риму Византия буд. Солҳои 30 асри 7 ба ҳайати Хилофати араб дохил шуд; солҳои 661—750 ба марказисиёсӣ ва мадании хилофати Умавиён табдил ёфт. Дар асри 10— ибтидои асри 16 ҳудуди Сурия дар тасарруфи ҳокимони араб, мисриён, турк ва салибдорон монд. Солҳои 1516—1918 дар ҳайати империяи Усмония буд. Солҳои 1920—43 тобеи Франция гардид. Баромадҳои озодиҳоҳӣ дар ибтидои солҳои 20 ба Шӯриши миллии Сурия (1925—37) табдил ёфт. Сурия 1924 партияи комунистии Сурия (ПКС) таъсис гардид. Аз декабри соли 1943 Сурия давлати мустақил аст. Солҳои 1958—61 дар ҳайати Республикаи Муттаҳидаи Араб. Аз марти 1963 дар сари ҳокимият Партияи таҷаддуди социалистии араб (ПТСА, ё Баъс), аз соли 1966 қаноти чапи ҳамин партия, ки баъди соли 1970 мавқеи худро мустаҳкам кард. Соли 1972 бо иштироки Партияи таҷаддуди социалистии араб, партияи комунистии Сурия ва дигар партияҳо Фронти миллии тараққипарвар таъсис ёфт, ки он роҳи дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодии прогресоивиро пеш гирифт; ба ин роҳ қувваҳои рост муқобилат нишон медиҳанд. Июни 1967 Исроил ба Сурия ҳуҷум карда, теппазори Ҷулонро забт намуд (як қисми теппазор октябри 1973 баъди амалиёти ҳарбӣ озод карда шуд). Соли 1980 Сурия бо СССР созишномаи дӯсти ва ҳамкорӣ баст. Сурия аз соли 1944 бо СССР алоқаи дипломатӣ дорад.

Сурия мамлакати аграрӣ буда, саноаташ торафт тараққӣ мекунад. Сектори давлатӣ беш аз 65% маҳсулоти миллии дохилиро медиҳад. СССР ва дигар мамлакатҳои сосиалистӣ ба Сурия ёрии иқтисодӣ ва техники мерасонанд. Заминҳои корам қариб 9 млн га. Асосан гандум, ҷав, зироати лӯбиёгӣ, пахта, тамоку мекоранд. Боғу тоқдорӣ низ ривоҷ ёфтааст. Гӯсфанд, буз, гов мепарваранд. Соҳаҳои саноаташ: бофандагӣ, хӯрокворӣ, масолеҳи бинокорӣ, истихроҷ ва коркарди нефт. Тӯли умумии роҳи оҳан 2,2 ҳазор км, раҳҳои автомобилгард—19,5 ҳазор км (1983). Тавассути қубурҳои нефтгузар, ки аз ҳудуди мамлакат мегузаранд (муҳимтаринашон: Баниес, Тартус, Латакия), нефти Ироқ ва Арабистони Саудиро то бандарҳои баҳри Миёназамин мебаранд. Ба хориҷа нефт, маҳсулоти нефт, пахта, пашм, тамоку мебарорад. Шарикони тиҷоратиаш: Ресспубликаи Фелеративии Германия, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Италия, Франция, СССР ва дигар мамлакатҳои социалистӣ. Воҳиди пул — фунти Сурия.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …